Монолог

Ҷаноби Тоҳирӣ, фикр мекунам, дигар мисли пештара барои ба ту дер мактуб навишт сарзанишам намекунӣ, зеро одат кардӣ ба беҳавсалагии ман. Аз ҷониби дигар, чаро бояд ман ба ту мактуб нависам, дар ҳоле ки аз дастат чизе намеояд, ба мушкилоти гуфтаам механдӣ, парвои ҳал шудан ё нашуданашонро надорӣ, ҳадди ақал барои таскини дили ман ҳам коре намекунӣ...

Бо вуҷуди ин, ба ту менависам, ба умеде, ки шояд рӯзе аз дастат коре ояд.

Ҷаноби Тоҳирӣ, дирӯз дар троллейбус садои ғур-ғури чанд марду зани тақрибан аз 50-сола боло ба гӯшам расид. Сабаб он буд, ки ду хонандаи мактаб ба онҳо ҷойи нишаст надоданд. Пасон, аз партаи пеш ду донишҷӯ ҷояшонро барои баромадкунандагони даруни троллейбус холӣ карданд. Калонсолон хонандагони мактабро бори дигар каҷ нигариста, рафта дар ҷойи холикардаи ҷавонон нишастанд. Нишастанд ва ба мисле, ки дар ҷойи худ бошанду то ин дам донишҷӯён аз онҳо кироя гирифта буданд, на раҳмат буд, на нигоҳи раҳматолуд.

Ҷаноби Тоҳирӣ, дар дохили нақлиёти ҷамъиятӣ бархе калонсолони мо гурӯҳӣ шуда, насли навро барои ҷойи нишаст надодан, танқид мекунанд, ки аслан ҳақ надоранд, вале вақте ки бо муборизаҳои зиёд каси дигар лутф карда, онҳоро дар ҷояш шинонад, ҳатто сипосаш намегӯянд. Яъне, бояд насли нав аз насли калонсол ҳамин гуна муносибатро омӯзад? Яъне, раҳмат гуфтан то ҳамин ҳад душвор аст?

Яъне, кибри мо то ҳамин андоза зиёд аст? Яъне, фикр мекунем, ки дилхоҳ наврасу ҷавон дар назди дилхоҳ калонсол умрбод қарздор аст? Яъне, мехоҳем насли ҷавон чунин тарбия гирад? Ва  чанд яънеи дигар ҳам ҳаст, аммо намегӯям.

Ҷаноби Тоҳирӣ, ман ба ҳеҷ ваҷҳ зидди он нестам, ки ҷавонон ба калонсолон дар нақлиёти ҷамъиятӣ ҷой диҳанд, балки ҳамеша талқин мекунам ва кӯшиш мекунам худам низ дар ҳама ҳолат истисно набошам, вале бо роҳи дурушт, ки бархеҳо ба ҷойи роҳнамоӣ ба танқид мегузаранд ва чойи як нафарро зӯран гирифтанӣ мешаванд, ҳамеша зидам. Бо роҳи зӯрӣ ҳеҷ кор ҳал нашудааст, ба ҷуз забткорӣ.

Ҷаноби Тоҳирӣ, дар умум як бор аз дур истода ба муносибати ду насл, калонсолону ҷавонон аҳамият деҳ. Дар миёни намояндагони ин наслҳо баъзан шоҳиди рақобати рӯирост мешавем. Ҳатто дар як корхона калонсолон ҷавононро бо он муттаҳам мекунанд, ки фалон китобҳои соҳавиро нахондаанду ҷавонон калонсолонро барои надонистану нафаҳмидани майдонҳои нав, техникаи нав, талаботи нав ва ғайраҳо. Яқинан, агар калонсолон худро ҳамчун оина ба ҷавонон муаррифӣ карда, роҳнамои онҳо шаванд, дилхоҳ ҷавони ноаҳл ҳам нисбат ба онҳо меҳрубон, боэҳтиром ва ҷӯянда мешавад. Бисёр бад аст, вақте ки бо писарону духтарони худ рақобат мекунем, онҳоро ба ҷойи роҳнамоӣ ба роҳгумӣ мебарем, нокасу нотавон меҳисобем. Хуб мешавад ба чунин рақобатҳои нолозим нуқта монем.

Ва охир, ҷаноби Тоҳирӣ, медонӣ кай кулли ҷавонон ба ҷо овардани ҳурмати калонсолонро меомӯзанд?

Ҳамон вақте ки кулли калонсолон раҳмат гуфтанро омӯзанд!

Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь