Ин ҳафта пурбаҳстарин матлаб дар шабакаҳои иҷтимоӣ чидани пахта аз ҷониби раиси вилояти Халон Қурбон Ҳакимзода буд. Ва онро аксарият рекордӣ унвон карданд, зеро ба иттилои маркази матбуотии вилоят, раис аз субҳ то шом 50 кг пахта чидааст, ки бовар нокарданист.
Роҳбари дастгоҳи раиси вилоят ҳатто гуфтааст, ки раис аз саҳар то шаб ҳатто 1 истакон об нанӯшидаасту ягон чӣ «нахӯрдааст», то шом гушна будааст. Ва мисли баъзе раисҳои навоҳӣ мизу курсӣ намонда, ҳамчун назораткунанда дар таги дарахти сояафкан то бегоҳ истироҳат накардааст.
Мардум ин иқдоми раисро ҳар хел шарҳ медоданд:
– Рекламная пауза, пахтачинии раис бо як гуруҳи журналистон ва камера.
– Замони шӯравӣ пахта ба истилоҳ «маҳсулоти стратегӣ» буд ва Тоҷикистон нақша дошт, ки ҳамасола бояд ҳамон миқдор тонна пахта ҷамъоварӣ кунад. Ҳоло пахта дигар дар ихтиёри хоҷагиҳои деҳқонист ва тиҷорати онҳо маҳсуб меёбад. Барои Ҳукумат онҳо низ ҷуз андозсупоранда авлавияте надоранд. Хоҷагиҳои деҳқонӣ бояд худашон тасмим бигиранд, ки имсол бояд чӣ кошт ва соли баъдӣ чӣ. Вазорати кишоварзӣ ва Ҳукумати кишвар фақат шароит барояшон бояд фароҳам оваранду халос. Пас, ҳашар чӣ маъно дорад?
– Деҳқонон дар коштан озод нестанд. Балки коридани 1 миқдор пахта ҳатмист. Вагарна замини деҳқонӣ аз онҳо бозпас гирифта мешавад. Мардум аз тарс пахта мекоранд, бар замми ин, ҳуқуқ надоранд дар хориҷ аз кишвар онро фурӯшанд. Зеро дарҳол посбонҳои сари роҳ пахтаро мусодира мекунанд ва деҳқон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.
– Замони мо, ба қавли коммунистон, барои пахтачинҳо на шароит буду на обу хӯрок ва ҳатто ҳоҷатхона набуд. Касе аз рӯйи нормаи муайяншуда кам чинад, қарздор мешуд ва гушна мемонд. Барои ҳамин маҷбурӣ ҳолу тавонро нигоҳ накарда мечиданд. Аммо раиси вилоят агар рафта бошад, кори хуб кардааст. Мардумро ба кор дилгарм мекунанд. Ба Худо, хуб нест таънаву маломат мекунед, рафт, бигузор равад. Аҳсанаш бод!
– Раис пахта чид, шумо чӣ зарар дидед?
– Зарарашро ку надидем. Аммо манфиаташро намебинем.
– Мардум мехоҳанд мақомдорон ҳамеша дар паҳлуяшон бошанд, вале намебинанд. Инҳо фақат журналистҳоро «нағз» мебинанд.
– Раис барои ҳавои тоза ва табиати зебо рафтааст, на барои мушкилоти мардумро фаҳмидан. Ва барои ҳалли онҳо тадбир дид ё не, гапи дигар. Магар пахтачинии раис вазъиятро дар умум тағйир медиҳад? Агар ӯ 64 кг пахта чид, баъд чӣ? Баъди вай 2 дег оша заданд, рафтанд, вассалом!
– Ош аз ҳисоби кӣ буд?
– Мардум, барои чӣ ин қадар бахилед, тавба. Шумо ба ҷойи ғайбат мерафтед дар бари раис пахта мечидед, як фоида мешуд. Деҳқон як чӣ дам мегирфт.
– Раис чандин сол роҳбари соҳаи кишоварзии вилояти Суғд буд ва баъдан раиси ноҳияҳо шуданд. Деҳқониро дӯст медоранд.
– Ба ҷойи худнамоӣ, Қурбон Ҳакимзода ба деҳқони бечора барои пахта бозор биёбад. Шароити мусоид барои истеҳсолот ва воридоти нуриҳои минералӣ фароҳам биёранд. Нархи пахта чунон паст аст, ки тамоми деҳқонон гиря мекунанду бас.
– Ана 1 моҳи дароз дар телевизиони вилоятӣ худнамоии раиси вилоятро реклама мекунанд. Эфир пур, вале ҳақиқат ин аст. На Ҳакимзода ва на дигар раисон ҳеҷ гоҳ ба қадри заҳмати деҳқонон дар офтоби дараҷаи 50 ва 55 намерасанд.
– Деҳқонон фақат барои селфӣ ва рӯзи мабодояшон лозим.
– Як иқдоми хому хатала! Чаро бояд раис пахтачинӣ равад? Дар ҳоле, ки замин соҳибмулк дорад ва пахтаи он ҳам аз ӯст. Замони шӯравӣ ин ҷоиз буд, чаро ки ҳамаи он ба буҷаи давлат мерафт, ҳоло ба кисаи як кас. Пас, чунин хулоса кардан зарур аст, ки соҳибмулки ин замин ё худи раис аст ва ё ягон хешу табораш. Раис ҳамон бозори занони мардикорро аз байн мебурд дар вилоят, савоби 2 дунёро мегирифт. Нафъ бештар буд ва мардум баъди сабукдӯш карданаш ақаллан аз ӯ ба некӣ ёд мекарданд. Рекламаашро ҳеҷ кас хуб қабул намекунад ва ба касе даркор ҳам нест.
– Спортивкаша бинед, красовкиву кепкаш ҳамааш фирменный-бренд, худша ба 1000 доллар фасон кардаасту омадаст пахтачинӣ. Як либоси ба сатҳи деҳқон намепушӣ? Аз заифии мардум истифода мекунанд, ин калонҳо. Давлатшо Гулмаҳмадзода, собиқ раиси вилоят ҳичӣ ҳам не, ақаллан 1 мӯза мепӯшид.
Ҷамила МИРБОЗХОНОВА