Дурудҳо ба Хуршеди гиромӣ!
Тандурустии Шумо орзӯи ҳамешагии мост!
Як каме беморчоп шудам. Ду шабу се рӯз миёнам азоби ҷонкоҳ дод. Вақте ки Шумо занг задеду барои тарҷумаи маводе маслиҳат пурсидед, машаққати ҷонкоҳи миёндардро мекашидам. Агар ба саволҳоятон таваҷҷуҳи зарурӣ накардам, узру маънӣ.
Имрӯз 14.01. 25 худамро пуштора карда кашолу молон кор омадам. Инак пушти роёна нишастааму дарди миён ҳам кам- кам дорад аз худ дарак медиҳад, аммо як масъалаи бисёр муҳими ҷамъиятӣ имрӯз чанд вақт аст дар сарам чарх мезанаду нанавишта наметавонам.
Дар як маҳфили дӯстон, ки дар ин ҳалқа бузургону фарҳехтагон аз ҳар табақаи ҷамъият бо ҳузури хеш чароғи маҳфил буданд, сухан аз Модар ва бузургдошти ӯ дар зиндагӣ рафт. Аз суханони пайғамбар дар бораи Модар “биҳишт дар зери пойи модарон аст”сар карда, то Модар-Ватан ва шеъру суруду достону модарномаҳоро як-як мисол оварданду беҳтарин хислатҳои модаронро баршумориданд. Касе машаққатҳои кашидаи модарашро баъд аз сари падараш нақл карду касе сахтгириҳои модарашро, касе ҳам меҳрубониҳои модарашро нақл карду касе ҳам “фаришта буд, аммо болу пар надошт” гуфт. Хулоса, нақши модарро дар тарбияи ҷамъият носутурданӣ тасвир карданду аз буду вуҷуди Падар як нукта ҳам ёдрас нашуданд!
Хуршедшоҳ!
Бовар мекунед? Худамро дар миёни ин фарҳехтагон як хонандаи мактаб ҳис кардам. Хостам даст боло кунаму иҷозат пурсаму бигӯям, ки:
Бузургҷонҳо! Маъзарат мехоҳам. Шумо, ки баргузидагони соҳаҳои ҳаёти имрӯз ҳастед, пеш аз он ки бузургҷон бошед, ҳар яке аз Шумо Падар аст! Агар шумо намебудед, фарзандакони нури чашмонатон бе падар ба воя мерасиданд охир! Ҳамин ҳақире, ки наздатон дар пойгоҳи дар нишастааст ғайрат карда “Падарнома” навишт. Аммо ба кӣ мегӯӣ?
Ҷомеаи имрӯзаи мо набудани сояи падарро сахт эҳсос мекунад. Барои дидани ин камбудии рӯзгор Энштейн будан шарт нест. Боре, агар гузаратон ба дилхоҳ деҳаи дурдасте афтад, мебинед, ки мардинаҳои қариб ҳар як оила ба муҳоҷират рафтаанд ё ба пешае даст задаанд, ки дур аз аҳли аёл ҳастанд. Ва аҳли аёлашон низ дар сар сатҳу дар дил шарт доранд, ки фарзандонашонро бе падар бузург кунанд.
Дигарҳоро намедонам, аммо дар оилаи мо Падар эҳтироми хосе доштанд. Як нигоҳи ғазаболуди Падар басанда буд, ки фарзанд ё зан аз кори кардааш пушаймон гардад ё як тараҳҳуми Падар басанда буд, ки барои кори хубӣ карда як умр хуш бимонӣ. Агар Падар дар як рӯз сад маротиба аз ҷой баланд мешуданд, аҳли оила барои эҳтиромашон ба пой мехестем. Ҳатто дар ғайбашон ҳама бо эҳтиром “Шумо” мегуфтем.
Хуршедшоҳ!
Агар малоли табъи латифатон набошад, марҳамат карда бигӯед, ки мо ба куҷо меравем? Ҷомеаи имрӯзи мо рӯйи мубораки худро ба кадом қибла гардонидааст? Модарсолорӣ?!
Бо эҳтиром: АБДУВОҲИД
МОДАР СОЛОР
Дуруд дӯст ва бародари шоирам!
Аз хабари бемориатон як каме озурдадил шудам, ки хабар надодед. Ман фикр дорам, ки бемор ҳамеша ниёз ба ҳамнишин дорад ва зиёрати бемор ҳамеша ғаму ғуссаашро камтар мекунад. Боз Шумо медонед, вале бо он ки баргаштеду як номаи ҷонона навиштед, хурсанд шудам.
Абдувоҳид!
Дӯстам, шумо мушкилро сарсарӣ дидаед ва умқи онро наҷӯстаед. Мушкили аслӣ сари он аст ки падарони шодравони ману Шумо ба қавле қариб аз чаҳор гӯшаи деҳаю хидмати сарбозӣ дар кадом гӯшаи дурдасти шӯравӣ, ҷойи дигар нарафтаанду мулки дигарро Ватан ихтиёр накардаанд. Вале дӯстам, ин дирӯз буд. Ҳоло чӣ? Имрӯз аз омӯзгору мулло то авбошу майхораи деҳаҳои ману Шумо, ихтиёри Ватани бегона кардаасту нони фарзандонаш аз ҳисоби муҳоҷират аст.
Ана мушкил инҷост! Мардон бо ихтиёри хеш каланди дасту сарварии хонаводаро ба занон супоридаанд ва табиист барои кӯдакони баъди ману Шумо таваллуд шудаю падарро ба муддати як то се моҳ дар хонаводаашон медида, модар барояшон ҳама чиз аст. Дар ин маврид Озарахш ҳам чӣ зебо гуфта:
Мардони Ватан ба мардикорӣ рафтанд,
Бар кишвари ғайр нонбиёрӣ рафтанд.
Занҳои Ватан каланди мардон сари китф,
Бар гӯши замона пунбакорӣ рафтанд.
Боре ҳанӯз замони наврасӣ ин саволи ба истилоҳ классикии Шуморо ман ҳам дода будам. Агар хато накунам, ҳанӯз дар китоби аввалинам, дар “ Зиндони зиндагӣ” гуфта будам:
“Модар абри гирён асту падар кӯҳи азим ва мо дарахти сабз. Абри гирёнро дӯст медорем, зеро таровату мадор мебахшад, вале фаромӯш мекунем, ки реша дар синаи кӯҳ дорем. Бубахш, падар, зеро одат гашта, ки сипос бар модар гузоранду туро ба гӯшаи фаромӯшӣ супоранд. Зеро шӯълаи шамъро дӯст дорему шамъро не, оташро бубинему хокистарро нодида бигирем”.
Магар ҳақ нагуфта будам? Магар тарбиятгари асосии ману шумо химчаи модару танбеҳи падар буд, вале кӯдаки имрӯза метавонад бо оби чашмаш дили модарро хунчаккон созад?
Ба болои ҳамаи ин, даҳҳою садҳо “мардбезорон”, “феминистика”– ҳои имрӯза бо баҳонаи “баробарҳуқуқии зану мард” оилаи тинҷи тоҷикро ноором намесозанд?
Вале муҳим он аст, ки маҳз дасти дуои падар ману шуморо аз ҳар балои заминию осмонӣ эмин нигоҳ медошту медорад. Инро ҳам шахсан эҳсос кардаю боре куҷое навишта будам:
“Ба ҳар балое печидам, ба ҳар доме афтидам, кафи дуои падарам болои ҷойнамоз паноҳам шуд. Охир, ман орзуҳои сабзнашудаи вай ҳастам. Вале, имрӯз дасти дуои падарам аз фарти пирӣ ларзон шудааст.
Худоё, ба ин дастон нерӯ бубахш!
Охир, ӯ намедонад, намедонад, ки ҷуз ин кафи дуо маро пуштибони дигаре нест ва пойин шудани ин дастон марги яқини орзуҳояш аст”.
Равони падарони ману шумо шод бошад!
Бо дуо: ХУРШЕД