ин вожаро метавон ба маънои одами ҳамеша дар сафар ҳам фаҳмид
Дуруд Хуршедшоҳ!
Сафаре, ки якҷоя бо рафиқои журналистамон ба водии Зарафшон доштем, аз чанд ҷиҳат мақбулам буд.
- Ин сафар ногаҳонӣ буд.
Ҳар чизи ногаҳонӣ хубу хуш мегузарад. Ва сафари мо низ аз хушиҳо саршор буд. Суҳбати хушу гуворо бо дӯстон, роҳ ва нишастҳо дар мавзеъҳои сарироҳии барҳаво, субҳонаю хӯроки чошту хӯроки шом, қуруту ғӯлингу фатиру маскаю рӯғани зарду рӯғани дунба ва оши наҳор!
- Базми арӯсӣ дар се деҳа! Мо ба як тӯйи арӯсӣ даъватӣ будему дар се тӯй меҳмонони олиқадр. Базм, сурудхонӣ, рақс.
- Дидор бо собиқадорони соҳаи журналистика. Рашид Калимуллоев, Абдуқаюми Қаюмзод, Мирзобек Самадӣ, Шоҳин Облоқулзода.
- Зиёрати мақбараи Устод Рӯдакӣ, қадамҷойи Устод Лоиқ, зиёрати оромгоҳ, хона-музей ва муҷассамаи Нақибхон Туғрал. Зиёрати оромгоҳи деҳаи Дашти Қозӣ.
Ва хати сафарамон, ки аз Душанбе оғоз шуда дар Душанбе анҷом пазируфт, гӯё пешаки тарҳрезӣ шуда буд, аммо худо шоҳид аст, ки касе намедонист, ғайр аз як даъвати базми арӯсӣ, мо нияти дигаре надоштем.
Дар ин сафар ман чанд тан аз ҷавонжурналистонро аз наздик шинохтаму ҳарчи дар бораи эшон шунида будам, барбод шуд. Ба он маъно, ки “шунидан кай бувад монанди дидан”. Фикр мекардам, ки бештари ҷавонжурналистони мо камхондаю камҳавсалаю камандешу камкору танбалу нокора ҳастанд. Андешаи ман дар бораи ояндаи журналистика каме ғалат будааст. Ғайричашмдошти ман аз чор-панҷ нафари дар ин сафар иштирокдошта, ҳама ҷавонони саодатманд, хатмкардаи донишгоҳу донишкада, босавод, боҳуш, донишдор – ҳам дониши дунявию ҳам дониши динию мазҳабиашон ба дараҷаи зарурӣ. Ҳамин аст, ки ин ҷавононро касе аз роҳ зада наметавонад. Инҳо ба ақидаҳои бегона фирефта намешаванд. Инҳо идеологҳои зиндаи ҳукумату давлату халқу ватан ҳастанд. Ва бешубҳа хидмати Шумои азиз дар тарбияи инҳо хеле назаррас аст.
Ин сафар маро аз муҳити якнавохти шаҳр: кор-хона-кор берун кашид. Ин сафар маро бо одамони содаю озодаи деҳот қаринтар кард. Ҳавои тозаи деҳа хотирамро болида ва рӯҳамро сафо бахшид. Ин сафар бароям хотирмон ва фаромӯшношуданӣ буд.
Сипос аз Шумои арҷманд, ки ин сафарро роҳандозӣ кардед!
Бо эҳтиром: Абдувоҳид
Сафарбек боз дар сафар
Дуруд дӯстам!
Номаатонро ҳадаҳа хондам. Ба он хотир, ки таассуроти Шумо аз ин сафар бароям муҳим буд. Аниқтараш, бардошти шумо аз ҳамнишинӣ бо “насли нав”- и рӯзноманигорон. Сипос, барои қадрдонӣ.
Абдувоҳиди азиз!
Модари шодравонам ҳамеша маро мегуфт, ки “дар номгузории ту мо шитоб карда будаем. Падарат пойфишорӣ карданду Хуршед ном гузоштанд. Агар мо идомаи зиндагии туро медонистем, ҳатман Сафарбек ё Сафаралӣ мемондем”.
Воқеан, ман ба қавле ними дунёро гаштаам: Аз Амрикою Аврупо сар карда то Муғулистону Чин. Сафарро дӯст медорам ва новобаста аз вазъи саломатиам, мекӯшам то ширкат кунам. Андешаи сафар ба гӯшаю канори Ватан баъди аввалин сафарам ба кӯлҳои зебои Аловиддин оғоз шуд:
Он замон ман сархате дар нашрия навишта будам, бо номи “Ватанпарвар” ва сайру сайёҳату табобатро берун аз хоки Ватан маҳкум карда будам. Мо Ватани хешро надида, то кай ифтихор аз манораҳои Дубаю соҳили баҳр дар Майамию Вирҷиния мекунем?
Баъд оғоз шуд ин силсиласафарҳо.
Баъди он сафардидае, ки Шумо навиштеду ҳоло ман ба он ҷавоб менависам, ҳафтаи дигар боз як сафари дигар ба шаҳри Панҷекат доштам. Бо ташаббуси райиси шаҳр, ҷавонмарди хоксору фарҳангпарвар Абдухолиқ Холиқзода кохи фарҳанги шаҳр ба номи Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, шашмақомсаройи маҳбуб Олим Бобоев гузошта шуд. Перомуни зиндагиномаи Олим Бобоев ду асар нашр шудаю дар сари оромгоҳаш санги хотира гузоштаанд, нимпайкараашро гузоштаанд, манзили иқоматиашро тармим кардаанд, конфронси илмӣ-амалӣ доир кардаю меҳмононро аз пойтахту вилоят даъват кардаанд. Ва ин ҳама бо ташаббуси раиси вақти шаҳр Абдухолиқ Холиқзода.
Медонед, ман чӣ гуфтам?
Гуфтам, “кам мешавад, ки бо ташаббуси раиси вақт чорабиние доир шаваду дар он собиқ раисони шаҳр дар бари раиси имрӯзаи шаҳр истанду онро доир кунанд. Дар толор бошад, собиқ раисони шаҳр Ислом Зиёзода ва Хусрав Абдуназаров ҳам ширкат доранд, ки ин аз бузургию эътирофи Олим Бобоев гувоҳӣ медиҳад”.
Чун ҳамеша дар анҷом маросими бозхонии таронаҳои Олим Бобоев доир шуду бори дигар гувоҳи ҷовидонӣ мондани таронаҳои ин овозхони шӯридадил гардид.
Барои ман дидору сӯҳбат бо дӯсти солҳо боз дурафтодаам Сайиди Юнусиён, устод Қудратулло Яҳёев ва ҳамраҳонашон китоби дигари андешаҳоро бароям боз намуд, ки дар ин бора замоне хоҳам навишт.
Вале ҳодисаеро наметавонам ёдовар нашавам:
Пеш аз рафтанам ба Панҷекат, муйсафеди нуроние ба утоқи корам омаду гуфт, ки мухлиси номаҳои ману шумо будааст, вале аз баъзе мавқеъгирии мо нисбати ин ё он масъала норизо аст. Масалан, аз он ки мо дар бораи маю майпарастӣ ошкоро менависему мегӯем. -Пас, чӣ кор бояд кард?- як бало карда ба мӯйсафед, ки ношунаво будааст, саволамро фаҳмонидам.
-Бачаҷон, нӯшеду пинҳон нӯшед! Гуноҳ кардан дигар асту ин гуноҳро ошкор кардан дигар” – посух дод мӯйсафед….
Бо эҳтиром: Хуршед