Пас аз чор давраи баргузории қабули ҳуҷҷатҳои довталабон ба Маркази миллии тестӣ, нақшаи қабули донишҷӯён барои соли таҳсили 2024-2025 дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 92 дарсад иҷро гардидааст. Масъулини ДМТ сабаби зиёд шудани нишондиҳандаи мазкурро дар бештар намудани тарғибу ташвиқи ихтисосҳои амалкунандаи Донишгоҳ миёни хатмкунандагони муассисаҳои таълимии кишвар арзёбӣ мекунанд.

Сардори Раёсати таълими Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Исмоил Шарифзода зимни нишасти матбуотии ДМТ гуфт, ҷиҳати иҷрои нақшаи қабули донишҷӯён, аз ҷониби Раёсати Донишгоҳ чанд тадбири саривақтӣ андешида шудааст.

– Аз ҷониби Раёсати Донишгоҳ қабл аз бақайдгирии муҳассилини макотиби миёнаи умумӣ ба Маркази миллии тестӣ бо қарори Шӯрои олимон ва фармоиши ректори Донишгоҳ аз ҷониби устодони таҷрибадор, барои ташвиқи ихтисосҳои амалкунандаи Донишгоҳ, гуруҳи корӣ ташкил гардида, ба муддати се ҳафта ба 57 шаҳру навоҳии кишвар сафарбар карда шуд. Ҳамзамон, тариқи сомонаи расмии Донишгоҳ ва ВАО-и ҷумҳурӣ дар бораи ихтисосҳои амалкунанда ва шароитҳои беҳтарини фарогирии толибилмон ба таҳсилот дар ДМТ ташвиқот бурда шуд, ки фикр мекунам, муаррифии Донишгоҳ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ яке аз сабабҳои зиёд гардидани таваҷҷуҳи довталабон ба ДМТ гардид, – иброз дошт сардори Раёсати таълими ДМТ Шарифзода Исмоил.

Ёдовар мешавем, ки Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маркази бузурги таълимию илмӣ ва фарҳангии кишвар ба ҳисоб рафта, дар рушду такомули соҳаи илму маориф ва тарбияи кадрҳои баландихтисос мақому манзалати хос дорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь