Дуруд ба Хуршедшоҳи арҷманд!
Чандест, ки дар сар андешаи дар бораи номаҳоямон ва ҳосили ин пайванди дарахти пуршохубарги жанри номанависӣ, ба Шумо мактуб навиштан дорам. Вале сари номгузорияш, яъне сарлавҳа дудилаам.
Гап сари он, ки мехоҳам номи номаро “Резонанс” гузорам, аммо боз дилам мекашад, ки як вожаи зебои соф тоҷикӣ биёбам. Ҳиҷ муваффақ нашудам. Ва гуфтам: “бо ҳамин ном қабулаш кунед Бобо!” Чунки, агар “Бозтоб”-аш мемондам мувофиқ намеомад.
Аз навиштани номаи аввал ба номи Шумо, ки аслан аз як шӯхӣ сар шуда буд, то мактуби охироне, ки ба номатон ирсол шуд, намедонам чӣ қадар вақт гузашту чӣ қадар об аз сарамон, аммо ҳосили ин мукотибот нав пазидан дорад.
Аз таваҷҷуҳи Устодон Ҳошим Гадою Қироншоҳ Шарифзодаю Ҳафиз Раҳмон то рӯзноманигорону хонандагони газетаю фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ ва ёру рафиқону хешу ақрабо гоҳ шод шудему гоҳи дигар ҳам руҳафтода. Аммо бояд шод шуд, ки тавонистем як жанри бетаваҷҷуҳмондаро эҳё намоем.
Ёдатон бошад дар бораи китоб ва китобхонӣ баҳси кӯчаке анҷом пазируфта буд, ки ман ҷиянчаҳоямро мазаммат карда будам. Ҳамин баҳс дар доираи васеъи деҳаи мо сару садоҳои зиёдеро ба бор овард.
Аз муаллимон сар карда то мардуми оммӣ маро намакношинос хонданд. Аммо як нафар ҳам занг зада нагуфт, ки “ фаҳмидам, ки дилат барои ояндаи фарзандони мо сӯхт”.
Шогирдонатон баъд аз нашри як нома, бисёр бо хашму ғазаб дар комментҳояшон ба сари ман санги маломат зада буданд, ки чиҳо мегӯйӣ!? Мо устодамонро фаромӯш накардаем ва нахоҳем кард!
Ман мегӯям: Шогирдҷонҳо! Кошки чунин будӣ!
Номаи дигаре, ки дар бораи боғу боғдорӣ ва замину заминдорӣ буд нофаҳмие байни ману як дӯсти бисёр азизу арҷмандам ба вуҷуд овард, ки ин намуд бозтоб шудани мавзӯъро чашмдор набудам.
Ман дар заминам ду боғбон доштам. Боғбони аввал Маҳмуд ном дошт, ки ҳама суханони ман вобастаи бемасъулиятии эшон буд. Боғбони дуюм Ёқубҷон як бачаи бисёр чашми кордон ва бомасъулияти баланд буд, ки мутаасифона, боғ аз дасти мо рафту Ёқубҷон ҳам бекор монд..
Хуршедшоҳ!
Агар тафсилоти бозтоби ҳар як номаро бозгӯ намоям вақти зиёд лозим мешавад, ки ман онро надораму қолаби нома ҳам иҷозат намедиҳад. Барои ҳамин ҳам тафсилотро боз ҳам дар суҳбатҳои рӯ ба рӯ ё дар сафарҳои ба нақша гирифта, нақл хоҳам кард.
Бо эҳтиром: Абдувоҳид
Вокуниш
Дуруд дӯсти шоирам!
Медонед, ба ман вожаи “бозтоб” не, балки калимаи “вокуниш (аксуламал, акси амал) – амале, ки дар ҷавоби коре карда шавад”, маъқул аст.Ман вожаи “бозтоб” – ро ҳамчун “бозгашт ба мавзӯъ” мефаҳмам, аммо “вокуниш” бароям посух ба андешаҳою гуфтаҳою далелу арқоми пешниҳодшудаи хонанда мебошад.
Бовар дорам, рӯзе забондонон вақт пайдо карда шакли дурусти ин калимаро бароямон манзур мегардонанд. Чун ёд дорам, замоне чун номи нашрияро “Фараж” интихоб карда будам, аксари дӯстони қаламкашам зид баромаданд. Ҳарчанд мегуфтам, ки Фараж вожаи сирф тоҷикӣ аст ва маънои “гиёҳи талх барои дарди шикам дорад”-у ҷомеаи бист сол пеш маҳз ба давои ин дард ниёз дошту ҳоло ҳам дорад, мегуфтам, ки маро барои интихоби ин вожа як ҷумлаи устоди шодравон Муҳаммадзамони Солеҳ “шикам таҷассумгури ин сон шудааст” водор кард. Ва ҳамин тавр, то замоне “ Фараж” соҳибном нашуд, касе андешаи маро пазируфтан намехост.
Хуллас, аз ин мавзӯъ бигзарем беҳтар. Биёед ба баҳси “вокуниш” – и ману “ резонанс” – и Шумо баргардем.
Дӯсти шоирам!
Шумо боре андешидаед, ки барои чӣ ману шумо баҳс мекунем? Чаро ҳар бор мавзӯи зебое барои навиштан пайдо мекунем? Агар Шумо наандешида бошед, ман сари ин масъала андеша кардаам. Нигоҳи ману шумо, орзуҳои ману шумо, ҳатто таманнои ману шумо дар зиндагӣ фарқ доранд.
Ёдатон бошад, рӯзноманигори хушқалам Одили Нозир ҳамин ду рӯз пеш, ҳангоме аз сафари диёри Рӯдакӣ бармегаштем, аешорӯйи шумо, дар бораатон чӣ гуфт? Гуфт, ки “ аристократи воқеӣ ин шумоед, ки зебо мепӯшед, олуфта мегардед ва ҳатто хоби шумо орому осуда аст”. Аммо, гуфт Одил “ ман шиму костюму куртаи сафед пӯшам, ҳатман ба куртаам чизеро мерезонам, мечакконам, дар хоб хӯррок мекашам”.
Ва дар ҳоле ки дар тамоми Тоҷикистон ҳатто таманноҳо, орзуҳо, таъзияҳо якрангу якнавохт ҳастанд, ду андешаи муқобил дар навиштаҳои ману Шумо ҷомеаи хонандаро водор мекунад то ба он таваҷҷуҳ кунад. Билло бахудо, чизи дигаре нест! Ҳамон тавре ки баъди чанд соли рисолаи номзадӣ навиштану онро дар кафедра муҳокима кардану чанд тақриз чоп кардан, ман аз баҳри он осону бедард гузаштам, ба худ қавл додам, ки алайҳи бюрократияю коғазбозӣ, ҳамшаҳрбозию маҳалгароӣ рӯзе дар даромадгоҳи донишгоҳи рӯзноманигорӣ онро ба коми оташ мепартоям. Росташ, метарсам, ки рӯзе мерасаду ин номаҳои ба сад хуни дил ба шумо навиштаамро ҳам ба коми оташ мепартоям. Ва бовар мекунед аз ин амали ба чашми ҷомеа аблаҳию нодонӣ ҳай кайф мекунам. Кайф аз он ки чӣ гуна хуни дили ман даста-даста сӯхтаю хокистар мешаванд ва мани як велгарди танҳо арзишҳои барои худ муайянкардаи ҷомеаи имрӯзро қади пашизе ҳам намегирам.
Талх гуфтаму рост гуфтам дӯсти шоирам?
Бо эҳтиром: Хуршед