Имрӯз мутахассисони ватанӣ омилҳои асосии пошхӯрии оилаҳои ҷавонро асосан дар паст будани маърифати оиладорӣ, никоҳи бармаҳал, тоқатнопазир будан ба душвориҳои рӯзгор, тангдастии ҷавоншавҳарон, муноқишаҳои оилавӣ, муҳоҷирати шавҳарон ва соҳибмаълумот набудани ҷонибҳо медонанд.

Рӯз то рӯз зиёдшавии теъдоди бекоркунии ақди никоҳ дар ҷумҳурӣ боиси нигаронӣ гардидааст, ки аксаран оқибат ба худкушӣ, бероҳагӣ, талбандагӣ, бепарастормонӣ ва норӯшан боқӣ мондани ҳаёти садҳо кӯдакон мегардад. Вобаста ба роҳҳои пешгирии оилавайроншавӣ бошад, алҳол дар кишвар аксари шахсон китобҳо нашр ва рисолаҳои илмӣ дифоъ кардаанд. Рӯз дар миён тариқи радио, телевизион ва матбуот мардумро гӯшрас мекунанд, ки дар пешгирии пошхӯрии оилаҳо бетараф набошанд, аммо омори ҷудошавӣ байни навхонадорон палаи тарозуро мешиканад. Яъне, ҳадафнокӣ ва нишонрасии гуфтор ва фаҳмондадиҳиҳои мутахассисон ва масъулини бахши оиладорӣ дар кишвар бесамар анҷом меёбад.

Аз мушоҳидаҳо ва таҷрибаҳо бармеояд, ки имрӯз аксарияти оилавайроншавиҳо аз оддитарин ҷанҷоли ночиз оғоз шуда, то ба ибораи “се …” рафта мерасад. Алҳол аксарияти ҷавоншавҳарон сӯйистифода аз фармудаҳои Худо ва паёмбар (с) ва таълимоти дини ислом карда, худро дар хона “шоҳу таъбашонро вазирона” мекунанд. Ҳар мушкилоте, ки дар муҳити оиладорӣ ба вуҷуд меояд, ба сари наварӯс бор мекунанд ва ӯро барои итоаткор будан ба шавҳар ҳар шабу рӯз мавъиза мехонанд. Аммо ҳайҳот, бо ин донишҳои маҳдуди динӣ оиладории ин қабил навшавҳарон дер идома намекунад ва рӯзе бо баҳонаи “ту гапи шавҳаратро нагирифтӣ” “се …” мегӯянд. Ҳодисае аз ҳаёт: “Домоду арӯси навхонадор ҳамроҳи аҳли оила дар саҳро машғули алафдаравӣ мебошанд. Дар ин миён чӣ гапе аз гап мебарояду арӯс шӯхиомез ва ё аз қаҳр домодро “номард” мегӯяд ва дар ҷавоб “нархи пиёзро напурсида” мард “се …” мегӯяд ва бо ҳамин ба зиндагии чандинрӯзинаашон нуқта мегузорад.

Магар ин аст гуфтаи Худову расул (с) дар оини оиладорӣ, ки дар одитарин лаҳзаи душворӣ аз шавҳар будан сӯйистифода карда, ҳамсарро бо “се …” раҳо намоӣ? Оё ин гуруҳи навшавҳарон аз ҳадиси Муҳаммад (с) хабар надоранд, ки мефармоянд: “Беҳтарини шумо, эй мардҳо, оне аст, ки бо ҳамсараш беҳтарини зиндагиро дошта бошад”? Пас, имрӯз мо чӣ кор карда истодаем, худ андаке ба андеша равед.

Муаллиме нақл кард, ки “дӯстам дар мактаби миёна ба ҳайси муовини директор иҷрои вазифа мекунад. Ӯ бо духтаре аз ноҳияи дурдасти кишвар оила барпо мекунад ва бинобар маълумоти олӣ надоштани наварӯс шуғле аз шуғлҳояш дар хона тамошои силсилафилмҳои туркиву ҳиндӣ будааст. Рӯзе вақте шавҳараш ба хона аз кор бармегардад ва ҳамсарашро барои оростани дастархон ва чойдамкунӣ фармон медиҳад, дар ҷавоб зан мегӯяд, ки “ана, фалон филмро дида истодаам, дар он мардҳо вақте аз кор омаданд, худ дастархон меороянду чою хӯрокашонро оварда мехӯранд…”. Ана акнун ёбеду гиред, ки гиреҳи ин тақлиди кӯркӯрона ва дур аз фарҳанг ва маърифати оиладории тоҷикро кӣ меёбад!?

Сабабгори оилавайроншавиҳо на фақат мардон, балки занон низ мегарданд. Алалхусус ҳуҷуми вайронкоронаи равонии филмҳои хориҷӣ, ки аксарияташон аз ҷониби коргардонҳои тоҷик таҳия, тарҷума ва таблиғ мешаванд, омили асосии вайроншавии зиндагии навоиладорон гардидааст. Арӯсакон фирефтаи гуфтаҳову амалкардҳои қаҳрамонҳои филми дӯстдоштаашон мегарданду мехоҳанд онро дар зиндагии худ таҷриба кунанд. Пас куҷо монад эҳтиром гузоштан ба шавҳару иҷроиши фармонҳои ӯ аз ҷониби наварӯсон, ки онҳо ба кардаҳои ҳунармандони хориҷӣ фирефта шудаанд!? Ё арӯсакон низ аз ин ҳадиси паёмбар (с) бехабаранд, ки мегӯянд: “Беҳтарини ҳамсар онест, ки вақте шавҳар ба ҷамоли ӯ нигоҳ мекунад, аз табассум, аз муомилаи хуб, чашмони пур аз меҳр ва муҳаббати ӯ хушҳол мешавад”?

Огаҳӣ доред, маҳз ин филмҳо сабаб гардиданд, ки ҳоло наварӯсон мехоҳанд дар хонаҳои танҳои бемодарарӯсу бешавҳарарӯс зиндагӣ кунанд. Оё нашунидаед, ки фалон писар барои занаш шуда, модарашро ба хонаи пиронсолон бурда монд!? Чашматонро калонтар кушоед, ҳама бало аз тамошои ҳамин филмҳои туркӣ ва ҳиндӣ, ки қариб ҳамаашон тарғибгари хушунат ва ҷудоиандозӣ дар ҳаёти оиладорӣ аст, сар мезанад. Бояд пеши роҳи ин омилро гирифт, вагарна дар чанд соли минбаъда вазъияти ҷудошавии оилаҳо аз ин дида бадтар мешавад.

Нуралӣ КАРИМ

Блоки рекламавӣ

2 ШАРҲҲОИ

  1. Аз ҳама асос саводи дини доштани тарафайн аст. Худованд ва Расулаш Муҳаммад (с) бар зарари нагуфтаанд. Мо бояд чӣ гуна зиндагӣ намоем, Худованд (ҷ) ва Расулаш (с) барои мо бисёр таъкидҳо кардаанд. Чун саводи динӣ набошад ҳайҳот дипломи Кембриҷро гирӣ ҳам бефоида.

  2. Чавондухтарон низ сахле не, аз худ рафтаги, ба онхо якбора шавхари бою бадавлат ва бепадару бемодар лозим то ки аз паси хамёни шавхар зиндаги баранду ягон хешу табори уро набинанд

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь