4 ҳизб барои интихобот номзад пешниҳод карданд, аммо мардум ҳоло ҳам номзади асосиро интизоранд.

Ин ҳафта якбораву пайиҳам 3 ҳизб анҷуман баргузор намудаву барои сабқати президентӣ номзад пешниҳод карданд: Абдуҳалим Ғаффоров аз Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон, Саидҷаъфар Усмонзода аз Ҳизби демократи Тоҷикистон ва Рустам Раҳматзода (Қудратов) аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон.

Дар маъракаҳои интихоботии президентӣ як номзади “пуртаҷриба” дорем: Абдуҳалим Ғаффорови 69-сола, ки маротибаи сеюм аст дар интихобот ширкат мекунад, вале ҳар дафъа раъйи хеле кам ба даст овардааст. Новобаста аз ин, шояд аз ин гуна маъракаҳо ягон фоида ба даст меорад, ки боз ҳам номзадии худро пешниҳод кард.

Бояд гуфт, дар баробари раҳбари ҲСТ, инчунин номзадии Маъруфҷон Юсупов, Зариф Наимов ва Давлатхотун Саидошорова пешбарӣ шуданд ва ин ҳизб мисли аграриҳо дар анҷуман номзади беалтернативро қабул накард, аммо маълум буд, ки ахиран вакилон Абдуҳалим Ғаффоровро пешниҳод хоҳанд кард. Ин номзад, ки бо ваъдаҳое чун “дар Душанбе метро месозам” ва “воридшавӣ ба пойтахтро пулакӣ мекунам” “қаҳрамон”-и шабакаҳои иҷтимоист, мегӯяд дар барномааш мавзуҳои ҷиддӣ ҳам дорад: мубориза бо терроризму ҳифзи сарҳадот, баланд кардани маош, дастгирии соҳаи маориф, беҳтар намудани сифати зиндагии нафақагирон ва ҳатто бартараф намудани одамрабоӣ дар Тоҷикистон. Аммо аз худи барнома ва суҳбатҳое, ки дар анҷуманашон анҷом дод, фаҳмидан мумкин нест, ки ин корҳоро чӣ гуна амалӣ карданист.

Ҳизби сотсиалистиро дар Тоҷикистон ҳамчун ҳизби “кисагӣ” ном мебаранд. Вале раиси ин ҳизб ин иддаоро доим рад мекунаду худро мустақил меҳисобад ва далел меорад, ки агар онҳо “кисагӣ” мебуданд, магар 21 ҳазор узв дар қаламравӣ ҷумҳурӣ медоштанд? Ман бовар намекунам. Шумо чӣ?

Вале мунаққидон даъво доранд, ки ҲСТ дар маъракаҳои пешазинтихоботӣ ягон барнома ва таблиғоти ҷиддиеро пайгирӣ намекунад ва худи номзад низ нафари ҷиддӣ нест.

Ҳизби демократи Тоҷикистон номзадии Саидҷаъфар Усмонзодаро пешниҳод кард. Раиси демократҳо дуюм бор аст, ки номзад мешавад. Дар баробари ӯ номи Муҳаммадҷони Авлиё аз Кӯлоб, ки дар минбар шояд худро гум карда, узви ҲХДТ гуфт ва Таваралӣ Зиёзода, муовини аввали раиси ҳизб низ пешниҳод шуд. Муҳаммадҷони Авлиё номзадии худро пас гирифт, Таваралӣ Зиёзода раъйи камтар ба даст овард.

Усмонзода ба вакилони анҷуман ваъда дод, ки дар сурати пазируфтани номзадиаш аз ҷониби КМИР дар фикри “беҳтар кардани зиндагии мардум, хубтар кардани шароити кори соҳибкорон ва кумак ба камбизоатон, ташкили харитаи ҷойгиршавии корхонаҳои саноатӣ ва конҳои табиӣ” мебошад. Ҳарчанд Усмонзода яке аз вакилони фаъол дар Маҷлиси намояндагон аст, аммо дар интихобот ӯро низ мисли дигар номзадҳо рақиби ҷиддӣ барои номзади асосӣ намедонанд.

Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон номзадии роҳбари ҳизб Рустам Раҳматзода (Қудратов)-ро ба мақоми президентӣ пешниҳод кард. Ӯ дар интихоботи президентӣ бори аввал аст, ки иштирок мекунад. Гарчанде дар парлумон ду дафъа вакил буд, вале фаъол нест аслан, ба қатори вакилони “хомӯш” дохил мешавад. На дар баҳсҳои дохилипарлумонӣ ва на расонаҳои хабарии кишварамон овозаш шунида намешавад. Масъалаи дигари аҷиб ҳам ҳаст, ки номбурда иқтисоддон аст, вале узви кумитаи тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амнияти парлумон мебошад. Замоне Амирқул Азимов раиси ин Кумита буд ва дар масъалаҳои баҳсӣ бо расонаҳои давлативу хусусӣ хеле ошкоро ибрози назар мекард. Барои ҳамин, маъракаи интихоботи президентиро Раҳматзода танҳо бо як ният метавонад истифода намояд. Яъне муаррифии худаш.

Бояд гуфт, дар интихоботи президентии солҳои 2006 ва 2013 раҳбари пешини ин ҳизб Олимҷон Бобоев иштирок карда буд, ки ҷомеа ӯро то ҷое мешинохт. Ба ҳар ҳол, собиқ вазири нақлиёт буд ва баъзан суҳбатҳои матбуотии то ҷое боҷуръатона анҷом медод. Аммо чизе шуд, ки пеш аз интихоботи парлумонии соли равон якбора “масъалаи ивазшавии ӯ пеш омад”.

Хотиррасон мешавем, ки интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон рӯзи 11-уми октябр баргузор хоҳад шуд. Танҳо Ҳизби коммунист ва Ҳизби сотсиал-демократу ҲХДТ боқӣ мондаанд, ки анҷуманҳои худро баргузор накардаву номзад пешниҳод нанамудаанд ҳоло.

Раҳматилло Зойиров – раиси ҲСДТ чанд рӯз пеш дар “Фейсбук” навишт, ки дар ин маърака номзад намешавад ва шояд ҳизбашон интихоботро бойкот эълон кунад.

Коммунистҳо номзад пешниҳод мекунанд, ё не, номаълум.

Аммо номзади асосиро аз ҲХДТ ҳамагон интизоранд.

Ҷамила МИРБОЗХОНОВА

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь