Дуруд  ба Хуршеди гиромӣ!

Маълуми табъи латифатон бод, ки ман ҳар рӯз сад бор мемирам! Аммо ҳич не, ки Худо амонаташро бигирад. Хабари марги ман рӯзе фаро хоҳад расид, ки ин ҷисми абгор дигар дар саҳни ГЖК – бинои “Шарқи Озод” ба чашми баъзеҳо чун хори хала намехалад.  Яъне ҷисми ман солҳои тӯлонӣ дар ҳамин ГЖК мурда – мурда зистааст ва дигар ҷойи рафт ҳам надоштааст.

Дар ин зиндагии бемаънӣ, чун дигарон агар як бор мемурдам, шояд ҳич гапу кори ғайри муҷаррарие намебуд. Аммо ҳар рӯз сад раҳ мурдану аз нав зистанро ҳар кас фаҳм намекунад. Ман аз як ҳарфи ноҷо мемирам, аз як дашноми ноҷо мемирам, аз як рафтори ноҷо мемирам, аз ним нигоҳи олуси ноҷо мемирам, аз як хабари ноҷо мемирам, аз як номардӣ, аз як хабаркашӣ, аз як касфурӯшӣ, аз як нотавонбинӣ, аз як дуздӣ, аз як порахӯрӣ, аз як бешармӣ, аз як беҳаёйӣ, аз як аҳмақӣ, аз як аблаҳӣ, аз як… агар ҳамаашро раддачинӣ кунам аз 100 мегузарад, мемирам!

Гоҳе як воқеаи ночизеро, ки дигарон мебинанду мегузаранд, ман мебинаму дарун-дарун месӯзам. Гоҳе ҳам пеши худ фикр мекунам, чаро дар батни модари худ намурдам? Ё чаро чун ҳафт писари дигари модарам, ки баъд аз таваллуд вафот кардаанд, ман ҳам намурдам? Кош мемурдаму ин дунёи фитнаю фиребу найрангро намедидам! Ҳамин аст, ки ман аз марг наметарсам! Ман аз мурдан наметарсам, ман аз мурдор метарсам! (Мастон Шералӣ). Кудом вақте, ки Худованд амонаташро гирифтанӣ шавад бо хушнудӣ қабулаш дорам.

Ин хабару ин номаи Шумо бори дигар водорам кард, ки пас аз мурданам, ақаллан як нафаре , ки дар азои ман фиғон мекашад, менолад, марсия менависад, “хонаи нав муборак, шоир” мегӯяд ҳаст. Мутмаин шудам, ки беҳуда назистаам. Аммо, агар Шумои азиз, ки дар зиндагӣ хеле ташвишҳои зиёд дореду вақтатон барои дӯстони куҳан кам аст, ба ҷанозаи ман оед, васият мекунам, ки ду корро анҷом диҳед. Аввал дар сари хоки хоксоронаи ман шеър хонед, дуюм дар сари гӯрам як қаламу як шамшер гузоред. Қалам ба поси сухану шамшер рамзи мубориз будан дар ҳаёт!

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь