Монолог

Агар нишастҳо барои хатбарии ҳисоботе, барои гирифтани конверте, барои нӯшидани қаҳвае, барои таърифи касе, барои пасту баланд нишон додани нафаре, барои қасд гирифтан аз масъуле ва ғайраҳо бошанд, пас хуб мешавад, ки набошанд.

Ҷаноби Тоҳирӣ, нишастҳои матбуотии вазорату кумитаҳо, хадамоту идораҳо дар кишвар оғоз шуданд. Барои ҳамин ба ту, ки дӯсти ман ҳастӣ, чанд ҷумлаи пароканда мегӯям, ки ҳоло аз фазову муҳити нишастҳои хабарӣ ошно мегардӣ.

Ҷаноби Тоҳирӣ, медонам, ҳоло ба маоши журналистӣ (мансабдорӣ не) дар Душанбе танҳо иҷорапулӣ додан имкон дорад ва ин ҳам на ҳама ва на ба ҳама иҷораҳо. Вале ҳоло бадбахтона, сафи онҳое, ки касби маро таги хок карда истодаанду тамоми ҳамкасбонро тамаъҷӯ нишон медиҳанд, зиёд шуда истодааст. Ҳатто барои 50-100 сомонии идорае (ҳамонҳое, ки даҳонҳоро бастанӣ мешаванд) аз идораи дигаре чанд нафар ошкорову пинҳонӣ ҳозир мешаванд. Аз коргари одии он корхона то роҳбар яқин медонанд, ки ин қишр барои ахбореро ба мардум расонидан не, балки барои чизи дигар омадаанд.

Ҷаноби Тоҳирӣ, ман намедонам ин дарди бедаво, ки табиб надорад аз кай бархеҳоро ҳамроҳ шудааст, вале ин ҷо суханони устодонам Ҷовид Муқим ва Қироншоҳ Шарифзода, ки ҳамеша кӣ будани журналистро мегӯянд, ба ёдам меояду афсус мехӯрам, ки дар он ҷойҳо чунин одам нест. Афсус, ба дилхоҳ нафаре, ки аз пешамон мебарояд шаҳодатномаи журналистӣ медиҳем ва ӯ аз Facebook сар карда, то дилхоҳ вазорат худро журналист муаррифӣ мекунад. Дар натиҷа,  номи ин касбро барои як сигор мефурӯшад.

Бадбахтона, ниҳоди масъуле нест, ки ин соҳаро пурра назорат кунад, тавсия диҳад, ба неожурналистон имкон надиҳад, ки номи касби пуршарафро ба хок яксон кунанд, ба роҳбарони редаксияҳо доир ба нишастҳои хабарӣ мубодилаи афкор кунад ва ғайраҳо. Агар чунин ниҳоде мебуд, имрӯз то ин андоза таҳқир намешудем.

Ҳоло як гурӯҳи журналистон барои чашидани қурутобе ҳатто дастгоҳҳои наворбардориву аккосиашонро ба заминҳои холии ниҳоде ҷӯр карда, “маҳсули эҷод” омода мекунанд. Ҳоло як гурӯҳе барои ба чашми масъулон хуб намудан дар нишастҳо корҳое мекунанд, ки дараҷаи олитарини лаганбардорист. Ҳоло то ҷое расидем, ки ба баъзе нишастҳои хабарӣ шарм медорӣ равӣ, зеро агар надонӣ ҳам он ҷо фикр мекунанд тамаъҷӯе беш нестӣ ва барои тамаъ омадаӣ.

Ҷаноби Тоҳирӣ, дар баробари худамон худамонро паст кардан, боз масъулоне ҳам ҳастанд, ки дар нишастҳо ба мо варақаи иттилоотиро медиҳанд ва мегӯянд, ки хат баред. Аз 15 дақиқа то 40 дақиқа кори 20-30 журналист, ки шояд дар миёнашон нафароне бошанд, ки 20-30 сол таҷрибаи кор доранд, хат мебарем. Нисфи нишаст хат мебарем, нисфи дигараш саволҳои болохонадорро гӯш мекунанд ва аз забони ҳамкасби худамон, ки ба қавле вазифаи ҷониаш миёнаравӣ миёни мо ва ҷои кораш аст, мешунавем: “вақти ҷудошуда тамом шуд”.

Ҷаноби Тоҳирӣ, ҳоло бархе масъулон мефаҳманд, ки кадом рӯзноманигор мушкили шахсии худро ҳал карданист ё аз ҷомеаро ва онҳо вазъро ба назар гирифта, рафторашонро тағйир медиҳанд. Онҳо фаҳманд, ки журналист барои кори худаш чизе гуфтанӣ ҳаст, ҷавобашонро бо киноя баён менамоянд. Ва бисёр кори хуб ҳам мекунанд, зеро бархе аз мо мехоҳем пушти дарвозаамонро масъуле омада рӯбад.

Худо кунад, ки вазъ беҳ гардад.

Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь