Дуруд ба Хуршедшоҳи арҷманд!
Умедворам дар ин хунукиҳо хонаатон ва хонаи дилатон гарм бошад!
Ин шанбею якшанбе аз тарси хунукӣ аз хона ҳам набаромадам. Шукр, ки системаи гармидиҳӣ ҳасту хонаҳо гарм буд, вагарна аз омадурафти барқ ҳоламон табоҳ мешуд. Калонсолон як бало карда тоқат мекунанд, аммо вой бар ҳоли оилаҳои кӯдаки майдадор ва пирони барҷомонда. Таги кӯрпа фақат ба гузаштаҳо ва рӯзҳои хушу хуби офтобӣ фикр кардам.
Оҳ! Чӣ рӯзҳое буд!…
Дар ин ду рӯз ҳатто як калима нанавиштам. Мавзӯъ бисёр буду хуши навиштан надоштам. “Блогер”-и Шуморо хондам. Мавзӯъ рӯзмарра, бандубаст олиҷаноб, қаҳрамонҳо шинос..Насиб, як вақт муфассалтар фикру андешаҳоямро менависам, аммо ҳаминро бояд бигӯям, ки Шумо дар детективнависӣ усто шудаед)).
Хаёлам маро ба гузаштаҳо бурд. Аслан дар бораи рӯзҳои гарму офтобӣ фикр кардам. Омадани баҳор, гули сияҳгӯшу бойчечаку дегшиканак, Наврӯз, замбӯруғу чукрии таксангию торону якгӯшаю хуйрок, хулоса ҳар чизе, ки инсонро барои зиндагӣ кардан таҳрик медиҳад.
Тобистону оббозию варзобравию искандаркӯлравию ҳафткӯлравию кӯликалонравию кӯҳбуроию шикор ва аз гармии зиёд соякобию оби сарди чашмаҳои кӯҳӣ, рӯдакҳои пуртуғёни кӯҳию бурсҳои серсояи уд, одамони соддаю покниҳоди деҳотию чӯпонҳои ҳофизу бедилхон, рамаҳои бузу гӯсфанду сагҳои бовафои чӯпонӣ .. –ро ёдоварӣ намудаму рӯзҳои сарди истироҳатиро бо хушбиниҳо паси сар намудам. Ин ҳам як таҷрибаи хушгузаронии зиндагии нобасомон аст дӯстам.
Каме ба гузаштаҳои дуртар низ таваҷҷуҳ кардам.
Давраҳои донишҷӯйӣ, аскарӣ ва нав ба кор омаданҳо ҳам ёдам омад. Аввалин шеър, аввалин китоби чопкарда, аввалин шиносоӣ бо духтарон, аваллин давиданҳои беҳосил.. ҳатто аввалин бӯса)).
Ёру дӯстон, ҳамкорон, ҳамнишинон, ҳамсабақу ҳамтабақҳо, ҳамсафару ҳамқадаму ҳамқадаҳҳо ҳам аз навори хотирам убур карданд. Бояд бигӯям, ки ба ҷуз ду-се саргузашту баргузашти нохушоянд дигар ҳама хубиву хушиву хушҳолиҳо ёдам омад. Аз он ҳамдилони огоҳ касе дар Аврупову касе дар Амрико, касе дар деҳаю касе дар шаҳр зиндагӣ доранду касе ҳам ин дунёро падруд кардаасту ҷонашро ба ҷонон бурдааст..
Оҳ! Чӣ қадар об аз сар гузаштаасту чӣ қадар бод ба рӯ вазидаасту чӣ қадар хок ба чашмонамон хӯрдааст! Чӣ қадар ғамҳоро бо шароб хӯрдаему чӣ қадарашро бо ашки чашм фурӯ бурдаем! Чӣ қадар шодиҳо ҳамроҳамон будаанду чӣ қадар хурсандиҳо ҳамшафатамон!
Хулоса, ин рӯзҳои истироҳат, фақат ёди рӯзҳои гузашта афтодам. “Гуфтаи мардак” насталҷӣ буд, насталҷӣ!)) ва андеша кардам, ки беҳуда назистаем.
Бо эҳтиром Абдувоҳид
Армон ё ҳасрат?
Аввалин суоле, ки мехостам диҳам, сарлавҳаи ин нома буд. Воқеан хонанда дарк намекунад, ки шумо армони рӯзҳои гузашта доред ё ҳасрати умри гузашта?
Дуруд дӯсти шоирам!
Аввалин суоле, ки мехостам диҳам, сарлавҳаи ин нома буд. Воқеан хонанда дарк намекунад, ки шумо армони рӯзҳои гузашта доред ё ҳасрати умри гузашта?
Абдувоҳид, ин номаи шуморо хондаму кадом як таронаи маъруфи кадом ҳунарманди иронитабор ба ёдам омад:
Гузаштаҳо гузаште, ба фикри оянда бош!….
Аз ин ҳунарманд беҳтару зеботар гуфта наметавонам ва ин ҳам маслиҳату ҳам насиҳати ман аст. Зеро ин таассуроте, ки аз рӯзҳои гузашта навиштед, дар сари Шумо ҳангоми танҳо будану танҳо андешидан дар як рӯзи сарди зимистонӣ пайдо шудааст.
Медонед чӣ? Ба фикрам дидгоҳи маро сари вожаҳое чун танҳоию хилвату гӯшанишинӣ хуб медонед. Ман баръакси ҷомеа, онро падидаи мусбат меҳисобам ва ҳамеша аз он лаззат мебараму роҳат мекунам. Боре ба фикрам дар китобаки “Санге ба гӯри Лайлӣ” чунин навишта будам:
“Ман намедонам, чаро мардум вожаҳоеро чун танҳоӣ, хилват, гӯшанишинӣ ба маънои манфӣ ба кор мебаранд. Ин амали шахсоне аст, ки муроди эшон аз зиндагӣ, ҷуз аз бо мардум будану ғуссаи хешро ба сари эшон бор кардан, дигар чизе нест.
Дар пайраҳаи рӯзгор ин тойифа мардум ҳамеша кӯлборашонро ба китфи ҳамсафари хеш дода, лаққида-лаққида аз паҳлӯи ин «хари борбардор» қадам мебардоранд ва аз танҳоиву хилват мисли бало метарсанд, зеро танҳо рафтану барои хеш ранҷ кашидан, пешаи мардони раҳ будааст на пешаи ҳар тарсуву буздил.
Аммо, мардуми ситоишгари хилвату танҳоӣ бо дарки воқеии зиндагӣ, ҳамеша бори хешро ба дӯши хеш доштаанд ва ҳарчӣ дар тараннум гуфтаанд барои худ ва дили худ гуфтаанду ҳаргиз аз табақаи нотавонону оҷизон набудаанд. Мафҳуми «нотавону оҷиз»-ро ба гардани эшон ҳамон хостгорони рӯзгори пурмағали тарсон аз танҳоӣ бор кардаанд”.
Ба ин андешаи ман розӣ ҳастед? Масалан, хонаи ман гарм нест, шабҳо аз сардӣ меларзам, вале ба дари кадом ширкате рафтаю зораю тавалло намекунам, ки ба ман оби гарм диҳед, зеро ин рисолати эшон аст ва дар ҳоле ба рисолати худ туф кардаанд, ба гиряю зораю таваллои ман намешавад. Ин аст, ки се моҳи зимистон ҳамеша бемораму рӯзона бо азобе ҷисмамро гарм мекунам. Фақат бо тамасхур ба худ мегӯям, ки шукрона бояд кунам, ки ақалан барқ дорам. Чун ҳарчанд дар шабакаҳои иҷтимоӣ зиёд меноланд, ман ин зимистон аз чӣ бошад барои ҳамешагӣ барқ дорам. Дидед, як дари баста шавад, дари дигар кушода аст.
Як маслиҳати дигар: Мисли баъзе дӯстони ман ба хотири кадом шахси алоҳидае дар андешаи буридани кадом лаҳзаҳои мондагори зиндагиатон нашавед, зеро он лаҳза, он рӯзгор порае аз зиндагии Шумо аст на аз каси дигар.
То номаи дигар дӯсти азиз!
Бо эҳтиром: Хуршед