Мо насле ҳастем, ки аз чор то шаш сол дар мактаби олӣ таҳсил мекунем, вале бо касбе рӯзгорамонро пеш мебарем, ки онро дар 1-3 моҳ аз интернет меомӯзем.

Ҷаноби Тоҳирӣ, мутаассифона чунин аст ва ҳоло ба ту сабабҳояшро мегӯям.

Сабаби якум: касбҳои нолозим

Ту ҳоло медонӣ, ки макотиби олии касбии мо аз рӯи чанд ихтисос мутахассис омода мекунанд? Бале, дуруст тахмин кардӣ, шумораи ихтисосҳо, ки ба қавле барои тайёр кардани мутахассиси ин ё он соҳа пешбинӣ шудаанд, дар кишвари мо зиёда аз 800 мебошад.

Ҷаноби Тоҳирӣ, ман ихтисосу кафедраву факултету донишгоҳеро танқид намекунам, танҳо як маротиба ба “Роҳнамои довталаб” муроҷиат кун ва рӯйхати ихтисосҳоро аз назар гузарон. Ба ту қавл медиҳам, ки пас аз шинос шудан, механдӣ ва ҳайфи умри ҷавонон гуфта, мегузарӣ.

Бо рӯйхати ихтисосҳо шинос шав, осонакак мефаҳмӣ, ки чаро бачаҳо соҳибкасб намешаванд ва чаро дилхунук ҳастанд, ки дар оянда аз рӯи ихтисосси хондааашон кор намеёбанд.

Ҳамчунин, боварӣ дорем, ки масъулин ҳам ихтисосҳои дар асри XXI нодаркорро аз рӯйхат мегиранд ва касбҳои замонавиву бозоргирро ворид мекунанд.

Сабаби дуюм: тасадуфиҳо

Ҷаноби Тоҳирӣ, Маркази миллии тестӣ, ки ҳоло ягона роҳи донишҷӯ шудан бавоситаи ин марказ ба роҳ монда мешавад, ба довталабон имкон медиҳад, ки 12 ихтисос қабул кунанд. Ин имкон агар аз як ҷиҳат хуб бошад, ки бачаҳо ҳадди ақал дар яке аз ихтисосҳо ҳаққи таҳсил пайдо мекунанд, аз ҷониби дигар сафи тасодуфиҳоро дар бисёр ихтисосҳо меафзояд.

Барои мисол, як журналистшаванда дар вақти бақайдгирӣ 12 ихтисос интихоб мекунад. Дар макотиби олии мо 7-8 ихтисоси рӯзноманигорӣ аст, пас бе шак ӯ барои пур шудани рӯйхат ихтисосҳои дигарро, аз ҷумла филология, тарҷумонӣ ва ғайраҳоро интихоб мекунад, ки агар холи бадастовардааш ба факултаву бахшҳои рӯзноманигорӣ нарасад, ҳатман тасодуфан ба дигар касбу ихтисос меравад.

Ҷаноби Тоҳирӣ, мо намегӯем, ки имкони интихоби ихтисосҳоро кам кунед, балки мехоҳем масъулин ва волидону довлатабон роҳҳое пешниҳод кунанд, ки бачаҳо 4 сол дар соҳаи нахостаи худ таҳсил накунанд, зеро аксарият дар ин ҳолат мутахассис намешаванд.

Сабаби сеюм: фанҳои мактабӣ

Ҷаноби Тоҳирӣ, медонам, донистан хуб аст, вале ба ҷойи баъзе такрорҳо, ки дар оянда лозим намешаванд, хубтар мешавад болои онҳо фикр кунем.

Бале, омоӯзиши фанҳои мактаби миёнаро дар мактаби олӣ дар назар дорам. Донишҷӯён медонанд, ки соли аввали хонишро ба такрори фанҳои мактабӣ мегузаронанд, ки мувофиқи мақсад нест.

Мо ба ҳеҷ ваҷҳ намегӯем, ки фанҳои экология, консепсияи табиатшиносӣ, география ва ғайраҳо ба журналистони оянда зарур нестанд, вале хуб мешавад, агар бачаҳо ба ҷойи ин фанҳо дар донишгоҳ бештар ба фанҳои тахассусӣ ҷалб мешуданд.

Сабаби чорум: адабиёту формати асри гузашта

Ҷаноби Тоҳирӣ, ба устодони муҳтарам, ки мо аз онҳо бисёр омӯхтаем, сахт нарасад, вале аксарият ба фикре ҳастанд, ки дар соли 2021 метавонанд бо адабиёту формати дарсгузарии солҳои 60, 70 ва 80-ум ба бачаҳо фоидаовар бошанд.

Мо ба адабиёти тахассусии гузашта арз мегузорем ва ҳоло ҳам ба онҳо муроҷиат мекунем, вале набояд фаромӯш кард, ки дар баробари онҳо устодони қадрдони мо бояд аз адабиёти таҳиянамудаи олимони дохилу хориҷ истфода намоянд, зеро вақте ки бачаҳо баъди хатми мактаби олӣ ба кор раванд ҷумлаи “он чизе, ки дар донишгоҳ омӯхтед дар ин ҷо лозим намешавад” нашунаванд, балки ба онҳо дар корхонаҳо ҳамчунин мутахассиси нав ва донандаи форматҳои нави таҳсил муносибат кунанд.

Ҷаноби Тоҳирӣ, форматҳои нав гуфтам ба хотирам омад. Агар масъулин ба усули дарсгузарӣ, ки форматҳои ҳоло дар “тренд” бударо меомӯзонанд, аҳамият диҳанд, бисёр хуб мешавад, зеро ҳоло вақте нест, ки устод лексия хонад ва донишҷӯ ӯро пурра нависаду азбар кунад.

Парадокс

Дар баробари ин ҳама, ҳоло дар бозори меҳнат насли мо бо шарофати касбҳое рӯзгорашонро пеш мебаранд, ки онҳоро аз интернет ва дар аксар ҳолат ройгон метавон дар муддати кутоҳ (1-3 моҳ) омӯхт.

Ҷаноби Тоҳирӣ, чун гапи ту ба масъулин мегузарад, биё ҳамин масъаларо ба миён гузор: ихтисосҳои нолозимро ихтисор кунанд, ба тасодуфан донишҷӯ шудани насли мо роҳ надиҳанд, фанҳои тахассусиро зиёд кунанд, фанҳои лозимӣ ва бозоргирро дар рӯйхат ҷой диҳанд, форматҳои навро омӯзонанд ва мавқеи мактаби олиро дар кишвар боло бардоранд.

Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ

P.S. Мо муаллимони хуб дорем, ки то андозаи тавоноӣ кадр омода мекунанд.

Блоки рекламавӣ

1 бинависед

  1. Фанхои “нолозим” -ро аз берун ё раёсатхои донишгоху донишкадахо бор мекунанд. Намояндаи кадом сохае ки дар вазорат ё раёсат бошад, фанашон илова ё соатхояш зиёд карда мешавад. Мудирон ва деканхо ба гапи боло гуш мекунанд ва стандартхои давлатиро дуруст тартиб намедиханд ва гайриихтисосхо барои ихтисоси дигар стандарт омода мекунанд, вале пешниходхои мутахассисон ба эътибор гирифта намешавад. Проректорхо иваз шаванд, ё ректор иваз гардад, накшахо чаппа роста мегардад, то фанхои вазифадорон дар тамоми ихтисосхо чойгир шавад. Вазъият то он дарача аст, ки дар чараёни тахсил ногахон ягон фан аз чадвали дарсхо гирифта мешавад ва ба чояш фани нав меояд ва баъзан дарсе ба ивазаш гузошта намешавад (зеро дар нимсолаи баъди фани “зарури” соатхои фани азбайнрафтаро сохиби мекунад).
    Тохири мавзуи мухимро навишти. Акнун аз накшаву стандарти давлати бохабар шуда, ягон маколае навис ки вазъият бехтар шавад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь