Омӯзгор машъали фурӯзонест, ки ба ботини одамон нур мебахшад. Омӯзгор мисли боғбонест, ки навниҳолакону наврустаҳои боғи зиндагиро бо меҳру муҳаббати беандоза мепарварад, то онҳо беосеб ба камол расанд ва меваҳои пурсамар ба бор оранд”.

Эмомалӣ РАҲМОН

Барҳақ, омӯзгор машъалафрӯзи ҷомеа дар ҳама давру замон маҳсуб меёфт ва меёбад. Ва ба зиммаи ӯ масъулияти басо бузургу пуршараф вогузошта шудааст – таълими насли наврас. Натанҳо таълим, ҳамчунин тарбияи эшон. Тарбия дар руҳияи содиқ будан ба анъанаҳои неки гузаштагони хеш, донистани таърихи пурғановати миллати худ, дар руҳияи ватандӯстию инсондӯстӣ. Имрӯз ва ояндаи ҳар як миллату давлат аз ҷавонон вобастагии калон дорад. Хусусан ҷавонони донишманду закӣ ва содиқу вафодор. Баҳри баланд бардоштани савияи дониши ҳар як ҷавони ватандӯст, соҳибмаърифат ва қавиирода саҳми омӯзгор бараъло намоён аст. Вазифаи пурмасъулияту заҳматталаб муаллимӣ аст.

Муаллим ақл, шарафу виҷдони ҷомеа ва симои асосии он мебошад. Вай донишу заковат, гармии худро бедареғ ба фарзандон медиҳад ва хешро хушбахт меҳисобад.

Албатта, хушбахтии омӯзгор дар дониши хуб, таълиму тарбияи баланд гирифтани толибилмонаш мебошад. Ҳар як хонанда баҳри омӯзгор ҳамчун фарзандаш азизу муътабар аст. Хонандагон, донишҷӯён на танҳо дар ҳудуди муассиса ва ё таълимгоҳ, балки берун аз он ҳам таҳти назорати омӯзгоранд. Ҳолатҳое мешавад, ки берун аз муассиса ва дар вақти берун аз дарс агар рафтори ноҷое аз тарафаи насли ояндасоз ба назар расад, аз тарафи омӯзгорон ислоҳ карда мешавад. Ин аз он дарак медиҳад, ки омӯзгорон нисбати насли наврас фориғболӣ накарда, бо масъулияти баланд дар таълиму тарбия самҳгузоранд.

Муаллим шахси барӯмандест, ки аз хурдӣ инсонро илму адаб омӯзонида, ӯро ба воя мерасонад. Ӯ бузургшахсест, ки дар баробари волидони мунису ғамхор касро олами маънӣ меомӯзонад. Тавре гуфтаанд:

Ҳаққи устод аз падар беш аст,

В-аз падар устод дар пеш аст.

Муаллимро оинаи халқ мегӯянд. Оинае, ки ба он нигариста, камбудиву нуқсонҳоро бартараф мекунанд. Яъне, омӯзгор ибратомӯзест, ки ҳар калому ҳар нигоҳу ҳар қадамаш саропо намунаи ибрати соҳибдилон аст. Бо боварӣ гуфтан метавон, ки маҳз ба рафтор ва кирдори омӯзгор нигоҳ карда, толибилмон ба касби пуршарафи омӯзгорӣ шавқу рағбати беандоза пайдо мекунанд. Аллбата, он касбест заҳматталаб ва омӯзгор бояд ҳамеша дар пайи илм омӯхтан бошад, то тавонад ба шогирдони худ баҳри пуртуғёни илму маърифатро боз намояд.

Дар ёд дорам, вақте хурд будам, модарам, ки омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик ҳастанд, шабҳо китоб мутолиа карда, ҷойҳои асосии мавзуро рӯйи коғаз дарҷ менамуданд, то ба хонандагон маълумоти пурра ва лозима пешниҳод созанд.

Чуноне, ки медонем, ҳар як омӯзгор ба ғайр аз омӯзгор будан инчунин дар оила падар ва ё модар аст. Рӯзгоре пурмашаққат дорад. Вале, сарфи назар аз ин, чун ба саҳни муассисаи таълимӣ ворид мешавад, ташвиш ва мушкилоти хонаводагиро фаромӯш сохта, ба таълиму тарбияи насли наврас машғул мегардад. Ҳамаи ин шаҳодат аз содиқ будан ба касби интихобкард мебошад.

Муаллим роҳбари илми замон бошад,

Муаллим рӯҳбахши одамон бошад.

Кунад равшан ба мо имрӯзу фардоро,

Хабардор ӯ зи асрори ниҳон бошад.

Беҳуда нест, ки муаллимро роҳбари илми замон, руҳбахши одамон ва равшанкунандаи имрӯз ва фардо гуфтаанд. Маҳз заҳматҳои омӯзгор аст, ки ба мо имкон додааст, то дар ин ва ё он самтҳои фаъолияти корӣ муваффақ бошем. Вақте омӯзгор шогирди ба ҷон парваридаи худро дар соҳаи муҳими ҷомеа муваффақ мебинад, хурсандиаш ҳадду канор надорад. Дар ҳаёти ҳар як шахси барӯманд ва пешрафта, соҳибмаърифат ва донишманд саҳми омӯзгор назаррас аст.

Ташаккур бар ту бодо, устодам,

Ман аз ғамхориат бисёр шодам.

Шаҳло СОДИҚЗОДА

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь