Салом Абдувоҳид!
Сабаби он, ки кайҳо боз номаатон нанавиштаму Шумо ба ин ишора кардед лаънатии вабои охирзамон,- коронавирус буд. Ин вабо он қадар тарсро дар вуҷуди мардум ҷой кард, ки дигар аз салом кардан, оғӯш кушодан, якҷоя намоз гузоштан, бозор рафтану дақиқаҳо бо фурӯшанда савдо кардан даст кашиданд. Ҳатто дигар нақлиёт аз мусофир, бозор аз харидор, масҷид аз намозгузор, мактаб аз муҳассил, донишгоҳ аз донишҷӯ холӣ шуд.
Шояд Шумо ҳам аз тарс ба бозор барои сигор ва қаҳваи дӯстдоштаатон намеравед. Чун одат ҳар намози ҷумъа сӯйи масҷид намешитобед. Барои дидор бо донишҷӯён соатҳо тайёрӣ намебинед. Ҳамин тавр нест?
Абдувоҳид!
Медонед чӣ? Дар паёмади гирифторӣ ба ин вабо, ки бо марг дар аксар ҳолат меанҷомад, як чиро мушоҳида кардам: Мардум дигар аз марг намеҳаросанд, онро чун як амри табиӣ пазируфтаанд.
Инро эҳсос мекунед?
Баъзе ҳолат инро мебинаму маро даҳшат фаро мегирад. То ба ин дам гоҳе қассоби бевиҷдон, ордфурӯши беинсоф, дузди кисабур, қотили бераҳм, тоҷири худобехабар, мансабдори бе хун ақаллан ҳаросе аз марг доштанд.
Боре шоҳиди он шудам, ки мурдаеро ба қабр мегузоштанд, як мансабдоре ба ҳаромхӯрӣ ном бароварда, ба хеш меларзид. Чеҳраашро арақи сард пахш мекард. Яқин вай ҷойи ин мурда худро тасаввур мекард ва аз ин рӯ, ба чунин ҳолат афтода буд.
Имрӯз чӣ? Ҳатто хабари марги наздиктарин шахс, ҷавонтарин нафаре, ки аз сад гулаш як гулаш нашукуфта, фақат як посух дорад: “Равонаш шод бод, омин!”.
Боре ин мушоҳидаамро ба як дӯсти соҳибандеша баён кардам. Вай чунин посух дод:
“Як сол қабл агар хабари марги касеро мешунидам, ба худ мегуфтам, ки “эй вооой, ҳайф шуд!” Ҳоло бошад бо шунидани хабари марги нафаре мегӯям: “Ҷонашро халос кард!”
Ба назари ман чунин менамояд, ки коронавирус маргро ба қатори ҳодисаҳои табиӣ, ба як ҳарфи хушку холие чун дидору ҷудоӣ, ранҷидану бахшидан дохил кард. Вале намедонам Шумо инро эҳсос кардаед ё не.
Агар эҳсос карда бошед, хоҳиш мекунам дар номаи оянда, ба ман дар ин бора нависед.
Интизори номаи Шумо!