Ба мансабдорони бетаваҷҷуҳ ба шикояти мардум бархӯрд чӣ гуна мешавад?

Як журналисти номдорамон боре навишт, ки “Мактуб ба президент” ба жанри хоси нашрияҳо табдил меёбад. Яъне тақрибан шуморае нест, ки дар онҳо ин ё он нафар ба Пешвои миллат бо ин маъно муроҷиат накарда бошад: “Ҷаноби Олӣ, умедамон танҳо ба Шумост”.

Мутаассифона, воқеият ҳамин аст. Мардум ва шикояти онҳо дар сатҳи мақомоти маҳаллӣ ва вазорату идораҳои дахлдор ё ҷиддӣ муҳокима намешаванд, ё ҳақро ба ҳақдор намерасонанд. Қабули шаҳрвандон дар рӯзҳои шанбе низ ин масъаларо ҳал карда натавонист. Дар ин ҳолат илоҷи ягонаи мардум навиштан аз тариқи нашрияҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ хоҳад буд.

Албатта, ҳисоби дақиқи шикоятномаҳои мардум дар Тоҷикистонро надорем. Тахмин кардан мумкин, ки он аз даҳҳо ҳазор кам нест. Масъулин ҳам иқрор мешаванд, ки ба онҳо миқдори шикояту аризаҳо хеле зиёд аст. Як замон мегуфтанд, ки агар таносуби арзу шикоятҳо ба Маҷлиси намояндагон ва Дастгоҳи иҷроияи Президентро муқоиса намоем, бешак миқдори аризаҳои воридшуда ба дуввумиро бештар пайдо мекунем. Ҳарчанд вакилони парлумон аз рӯи рисолати худ бояд ба мардум наздиктар бошанд ва ягон аризаву муроҷиатро бе муҳокима ва пайгирӣ намонанд.

Раиси Маҷлиси намояндагон Зокирзода дар иҷлосияи ҷамъбастии пеш аз таътил ба хотири ҳамкасбонаш овард, ки “яке аз самтҳои асосии фаъолияти вакилон – ин баррасии муроҷиати шаҳрвандон ба ҳисоб меравад”. Аммо ӯ гуфт, ки дар ин 4 моҳи фаъолияташон ба онҳо 66 муроҷиати хаттии шаҳрвандон ворид гардидааст. Агар ба ҳисоб гирем, ки қабати поёнии парлумон 63 вакил дорад, ҳисобе ҳосил мешавад, ки тақрибан ба ҳар вакил як мактуб мерасад. Дар 4 моҳ! Бештар аз ин, аз гуфтаи спикери парлумон маълум шуд, ки баъзан ҳолатҳои такроран воридшавии муроҷиатҳо ба назар мерасад. Яъне аз ин 66 мактуб, агар даҳтояш такрор бошад, пас вакилоне ҳам дорем, ки минтақаи онҳоро вакилкарда “тееенҷ” аст. Вале як бор ба саҳифаи нашрияҳо ва интернету шабакаҳои иҷтимоӣ рӯ биёрем чӣ?

Мо тақрибан шаҳр, ноҳия, деҳаву ҷамоату кӯчае надорем, ки мардум шикояте надошта бошанд, бовар кунед! Пас чаро мардум ба “вакилони мардумӣ” муроҷиат намекунанд? Бовар надоранд? Онҳоро намешиносанд? Ё навиштанду мушкилашон ҳал нашуд?

Воқеан, дар Дастгоҳи иҷроияи Президент, ҳукуматҳои маҳаллӣ, парлумон шуъбаи мактубҳо ҳаст. Оё боре шунидаед, ки ягон мақомот ин арзу шикоятҳоро мониторинг карда бошад ва маълум намуда, ки бештар мардум бо кадом масъалаҳо ба мансабдорон муроҷиат мекунанд? Як нигоҳи сарсарӣ ба муҳтавои мактубҳои нашршуда дар матбуот ба Президенти давлатамон кифоя аст, ки маълум шавад одамон бо кадом масоил бештар муроҷиат мекунанд: тақсими нодурусти замин, норозигӣ аз ҳалномаву ҳукмҳои судӣ, бархӯрди аз қонун беруни мақомоти интизомӣ, вазнинии фоизҳои бонкӣ ва дар пайи онҳо бехонумон шудани одамон, дастгирӣ барои табобат ва “пулканӣ” дар беморхонаҳо ва мисли ин…

Ба фикри ман, агар дар назди Дастгоҳи иҷроияи Президент сохтори мустақиле аз ҳисоби мақомоти давлатӣ ва намояндаҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ таъсис меёфту моҳияти мактубҳои шикоятиро баррасӣ намуда, дар заминаи он ба ҳукумат роҳҳои ҳалли масъалаҳо ва тартиб додани дурнаморо таҳия мекард, бисёре аз масъалаҳо ҳалли худро пайдо мекарданд.

Ҳамин шабу рӯзҳо, ки нишастҳои матбуотии вазорату идораҳои давлатӣ сар шуд, инҷониб маҳз ба арзу шикоятҳои ба ин ниҳодҳо воридшуда таваҷҷуҳи бештар намудам. Прокуратураи генералӣ маълумот дод, ки дар 6 моҳи имсол 19454 муроҷиатҳо ворид гардида, аз ин 5928 адад муроҷиат баррасӣ карда шудааст. Тақрибан 20 000 муроҷиат дар шаш моҳ! Ин гапи андак нест.

Аммо дар Хадамоти алоқаи Тоҷикистон мегӯянд, ки дар ин муддат ба онҳо як шикояти расмӣ ҳам ворид нашудааст. Тасаввур мекунед? Акнун ин даъворо бо шикояти мардум тариқи матбуот ва шабакаҳои иҷтимоӣ муқоиса намоед. Оё рӯзе ҳаст, ки аз сифати пасти интернет ва нархи гарони онҳо, “фиребу найранги” ширкатҳои мобилӣ шикояте нашр нашуда бошад?

Акнун дар бораи шикояти кормандон, ки бештар шикояти даҳонӣ мекунанд. Оё бовар мекунед, ки одамон ба воситаи матбуот ва интернет дар ин бора гӯянду аммо ба роҳбарияти худ шикоят накарда бошанд? Чаро набояд санҷид, ки дар ин мақомоти давлатӣ Иттифоқи касаба ҳаст ё не?

Муовини сардори Хадамот Илҳомҷон Атоев дар суҳбат бо инҷониб иқрор кард, ки баъзе шикоятҳои воридшуда ба онҳоро ба ниҳодҳои марбута фиристодаанд. Вале тақдири онҳо чӣ шуд, номаълум!

Мутмаин бошед, ки номаълум намемонад. Агар масъалаи мардумро ҳал накардед, онҳо ба Президент менависанд, ё аз болоятон тариқи расонаҳо ва интернет шикоят хоҳанд бурд. Асри 21 аст дигар, оё медонед?

Вазири адлияи кишвар Музаффар Ашуриён дар посух ба суоли мо гуфт, ки дар 6 моҳи соли равон ба унвонии онҳо 2 ҳазору 733 арзу шикоят дохил шудааст. Ҳамзамон тавассути хати телефонии ройгони 30-40-и назди Вазорати адлия 381 (соли 2019-ум 403 нафар) шаҳрвандон фақат оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ муроҷиат намудаанд. Бовар дорам, ки агар ба ин ниҳод боварӣ бештар мешуд, шикоятҳо ҳам меафзуд. Як масъалаи хонавайронии оилаҳои ҷавон ва мушкилоти пас аз он, ё шикоятҳо аз болои кори нотариусҳо садҳо баҳсу шикоят дорад.

Ба назар мерасад, ки дар масъалаи шунидани арзи мардум шаҳрдории Душанбе нисбат ба ҳама пешсаф аст. Теъдоди арзҳои воридшуда ба онҳо гувоҳи ҳол аст. Дар шаҳрдорӣ “шарм” намекунанд, ки мардум бо шикояти бисёр ба онҳо муроҷиат мекунанд. Бубинед, дар як соли ахир ба онҳо 52 ҳазору 600 нафар муроҷиат кардаву вобаста ба ин ё он масъала  шикоят намудаанд. Ин бар иловаи шикоятҳо аз тариқи интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ, ки шаҳрдорӣ ба онҳо зуд вокуниш мекунад. Аҳсан!

Мардум вақте мебинанд, ки гӯши ҳарфшунав доранд, муроҷиат мекунанд. Аммо дар дигар ниҳодҳо вокуниш ба муроҷиати шаҳрвандон шояд аз рӯи масали “Хоҷа боғ дорӣ? Дорам!” аст. Яъне, ин барои мабодо аст, ки ягон рӯз аз онҳо пурсанд, ки чӣ қадар муроҷиати шаҳрвандон доред, онҳо ягон рақамро пешниҳод кунанд. Расмиёт, на самимият!

Барои ҳалли мусбати ин ҳолат як пешниҳод дорам. Бигузор шуъбаи мактубҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон бо нашрия ва расонаҳои хабарӣ ҳамкорӣ намояд. Яъне шаҳру ноҳия ва идорае, ки аз онҳо мактубҳои шикоятӣ бештар ворид мешаванд, ин аризаҳоро ба ихтиёри журналистон бигузоранд ва ҳамкасбони мо онҳоро холисона санҷанд. Дар натиҷаи ин тадқиқот мешавад роҳбари ин шаҳру ноҳия ё идора, ки арзу доди мардумро нодида гирифтааст, аз мансаб барканор шавад. Дар он сурат ҳам журналистон мавқеи дигарро соҳиб мешаванд, ҳам масъулин бештар масъулият ҳис мекунанд. Мардум ҳам ба хулосае меоянд, ки ҳукумат дар ҳақиқат ба дарди онҳо гӯш меандозад, на ин ки аз ин даргоҳ ба идораи дигар онҳоро “футбол” мекунад. Мардум бошад, бо гирифтани ҷавоб аз як идора ва равон карданашон ба пеши “хоҷаи” дигар, мегӯянд, ки “моро бадтар аз футбол мекунанд”. Яъне касе намехоҳад мушкилро ҳал кунад, фақат аз як ҷо ба ҷойи дигар мефиристанд.

Баъзе мансабдорон мардуми одиро ҳатто писанд намекунанд ва мисли суруди овозхони тоҷик Фирӯза Ҳафизова ба онҳо мегӯянд: “ФУ”.

Вале то ба кай?

Ҷамила МИРБОЗХОНОВА

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь