Ҳафтае, ки гузашт, бароям мисли ҳафтаҳои дигар буд. Як ҳафтаи пучу бемаънию якранг. Ба дӯсте ҳафтаи чорум мешавад, ки ваъда медиҳам ба аёдаташ меравам, аммо ҳавсала намекунам. Ҳа, ҳавсала намекунам, ки аз шаҳр қадаме берун бигзорам.

Замоне буд, ки дар як ҳафта ба дуртарин гӯшаю канори кишвар мерафтаму бо инсонҳои одию заминӣ менишастаму мегуфтам. Ҳоло фақат беҳавсала ҳастам. Оре, моро беҳавсалагӣ мекушад!

Абдувоҳид, воқеан ба ман фаҳмонед, ки беҳавсалагӣ маънои бе ишқу муҳаббат зистанро надорад? Чунки агар кореро мехоҳӣ анҷом диҳӣ, ҷиддӣ аз паси он мешавӣ, аммо вақте ҳавсала надорӣ, шарораи меҳр дар қалбат нест, ба ҷавле поят намекашад то он нақшаро амалӣ кунӣ.

Не-не, ман ду ҳодисаеро, ки ҳафтаи гузашта рух дод, зикр карданиам, зеро агар дар номаҳоям аз он ҳодисаҳо нагӯям, фаромӯш мешавад ба коми бетаги хотираҳо меравад. Аввалӣ занги тилфонии як нафаре буд аз маҳбас. Ӯро Шумо ҳам мешиносед, о ваҳ хуб мешиносед! Он дӯст аввал ҳол пурсиду баъд аз Шумо пурсид, ки чи ҳол доред. Баъдан гуфт, ки “Ба Абдувоҳид расонед, ки ман ҷуз номаҳои Шумо қариб дар нашрияе чизе ки аз дил бархезаду ба дил нишинад, намеёбам. Илтимос кунед, ки нависанд ва боз нависанд!”. Ва дар хотимаи сӯҳбат ба таври қотеъ талаб кард, ки худро эҳтиёт кунам, шуморо эҳтиёт кунам. Намедонам он дӯст чӣ хоби баде дида буд, ки пайваста ин хоҳишашро такрор мекард. Намедонам, вале саломи вайро ба Шумо расонидаму хоҳишашро ҳам. Дигар дар ин боб шумо донед!

Сӯҳбати дигарамон ба боғбоне дар боғ (дача) сари мафҳуми ғуломӣ буд. Вай пайваста мегуфт, ки вай ғулом аст ва амру хоҳиши ҳар касеро, ки зарур медонад, иҷро мекунад. Вале ман қатъан бо ин андешаи вай муқобил мебаромадаму мегуфтам, ки “ғуломӣ пеши касе даст пеши бар гирифта, эҳтиром ба ҷой овардан нест, ғуломӣ дастнигару мӯҳтоҷи поранони касе будан нест, ғуломӣ хидмати касеро анҷом додану ҳаққи заҳмат гирифтан нест, ғуломӣ- нафрат доштану онро баён карда натавонистан, санг ба сар хӯрдану лол мондан дар ивази таҳқиру тамасхур, мушту лагад ва бо табассуми сохта «ташаккур» баён кардан аст!

Акнун намедонам, ки ба ин боғбон дигар чӣ гӯям, зеро то ҳол намедонам то куҷо андешаҳои маро қабул кард.

Воқеан ба назари Шумо ғуломӣ чист Абдувоҳид?

Хуршед Атовулло

 ШУКРИ БУДАНАМ…

Дурудҳо ба Хуршеди арҷманд!

Шанбею якшанбеҳои ман, (баъзан рӯзи ҷумъа баъд аз кор оғоз мешавад) дар домани дашту даман ё кӯҳу пуштаҳои гӯшаҳои гуногуни Ватани азиз, ҳамроҳи гулу гиёҳу буттаву ниҳолу дарахту ҷӯй, чашмаю шаршараю рӯду .. ва аз ҳама аҷибаш, ҳайвоноту паррандагону даррандагон сипарӣ мешавад. Панҷоҳу анд сол бо одамон сипарӣ шуду акнун дилам мехоҳад аз ҳамаи гиру дори зиндагӣ дуртар бошам. Намедонам.

Шояд “камҳавсалагӣ” ё “беҳавсалагӣ”-яш ҳамин бошад?

Ҳафтае, ки гузашт аз ҳафтаҳои дигари зиндагии рӯзмарра ҳеҷ тафовуте надошт. Аз шаҳр як қадам берун нарафтам. Ҳаминаш ёдам ҳаст, ки камтар нотоб шудам. Ду рӯз дар хона табобат гирифтам. Тани гарм бе дард намешавад. Як гриппи лаънатӣ буду гузашт.

Умедворам, ки Шумои азиз хубу хуш бошед.

Дар номаатон гуфтаед, ки “як дӯсти муштаракамон аз маҳбас салом гуфт”.

Ҳар кӣ моро ёд кард, эзид мар ӯро ёд бод! Шумо медонед, ки ман дӯстонро арҷ мегузорам. Аз оне, ки аз “беҳавсалагӣ” ба аёдати касе намеравам ё дар базму сур ё тӯю маъракаи касе иштирок карда наметавонам, хеле хиҷолатзада ҳастам. Рӯзгори каме пештар, ин тур набудам. Шояд пир шудаам? Хеле пир. Чанд соли охир ба миқдори як қарн бори пирӣ мекашам.

На дӯсте, ки ҳамроҳаш қаҳва бинӯшӣ, на ҳамдиле, ки барояш шеър бихонӣ, на ҳамқадаҳе, ки коняку шоколаде ба хотираш бихарӣ, на ҳамдиле, ки дарди дил бикунӣ, на дасти навозише, на пои рафте, на хотири хуше, на ҳамкитфу ҳампаҳлӯю ҳамроҳе..

Ману танҳоиву роҳ аз хона то корхона ва баръакс.

Аммо шукр мекунам. Шукри буданам.

Сари вожаи “ғуломӣ”, ки ёдовар шудед, метавон соатҳо лексия хонд, аммо биёед аз он худдорӣ кунем, чун дар давоми таърих ғулому ғуломдорӣ вуҷуд доштаасту хонандаи боҳуш худаш беҳтар медонад, ки ба чӣ гунаю тарз будааст ва формати нома ҳам ба ин имконият намедиҳад. Фақат ҳаминро мегӯям, ки чанд сол пештар ман ҳам як гӯшаи ноободро гирифтаму обод кардам. Об баровардам. Боғ бунёд кардам, зиёда аз 500 (панҷсад!) ниҳол шинондам. Ниҳолҳо дарахт шуд, бар дод. Як боғбон ва нигаҳбон мондам. Маош таъйин кардам. Аммо ин боғбони ғуломтинат  худашро хоҷа гумошт. Бо ҳамин аз баҳри боғ ҳам гузаштаму боғбон ҳам. Ва инак, чанд сол мешавад, ки гӯшу асабам ором))

Воқеан, аз он сафаре, ки ҳафтаи гузашта ваъда карда будед, дилам хунук шуд. Шояд хунукии ҳаво низ таъсир расонда бошад?!

Абдувоҳид

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь