Дуруд Абдувоҳид!

Ҳафтае бо зарурате ба деҳа рафтам. Фикр мекунам, ки набудани маро эҳсос кардед ва аз ин сабаб бароям нома нанавиштед. Ё шояд фаҳмидед, ки дар деҳа рӯзона барқ нест ва номаи Шумо ба ман дастрас намешавад? Ё шояд донистед, ки бобои Даврони хаткашон пир шудаанд ва бо хари сиёҳи хеш бо хурҷини пурбор барои мардум нашрияҳои тозаро намеоранд? Намедонам, ҳарчанд ҳарду далел ҳам асос дорад. Дар деҳаҳо барқ нест!

Албатта, бо фарқ аз солҳои пешин, шабона ба мардум барқ медиҳанд, вале мардум дигар ба барқ, ки дар солҳои охир одат кардаанд, бо эътирози хомӯшона ин амали масъулини барқдиҳии ноҳияро таҳаммул мекунанд. Аммо, муҳим, ки барқ шабона ҳаст ва ба китобхонии дигарону аммаи ягонаю дӯстдоштаи ман Султонбибӣ, ки дар вақти беморӣ ҳам даҳҳо китобро хондаанду ҳамеша аз ман китоби нав мепурсанд, халал намерасад.

Медонед чӣ? Ман ба як чиз ҳайронам, ҷомеаи мо ба зиндагии пурфараҳ тез одат мекунад ва тоқати бозгашту таҳаммули рӯзҳои пешинро надорад. Албатта, ман ҷонибдори он нестам, ки ба эшон аз минбарҳои баланд дигар ваъда диҳанду масъулин аз тарс бе ягон далелу бурҳон барқи онҳоро хомӯш кунанд. Не, ба мардум бояд гӯянд, ки бо фалон сабабу бо фалон далел вақти ба истилоҳ лимити барқ идома меёбад. Ҷомеа инро бо хуб эҳсос мекунад, фақат бо мардум бояд кор кунанд, то дар рӯзҳои сангину душвор дар бари онҳо бошанд.

Медонед, чаро Горкию Айнӣ дар рӯшании шамъ китоб хондаю эҷод карда метавонистанд, вале адибу зиёию омӯзгори имрӯза бе “чароғи иличӣ” ҳатто базӯр то ба ҳоҷатхона меравад? Чаро онҳо тавонистанд садҳо асар нависанд, вале имрӯзиён наметавонанд? Ман торафт ба ин боварам, ки гуфтаи шодравон, нависандаи маҳбуб Муҳаммадзамони Солеҳ ҳақ аст. Ҳамеша ба ман мегуфтанд, ки “Хуршед, ҳанӯз, ки шикамат гурусна аст, китоб хон. Шикамат, ки сер шуд, дигар ҳавсалаи хондан ҳам гум мешавад.”

Рост мегуфтаанд! Ана, солҳои зиёд шуд, ки ман ҷуз детективҳои пурмоҷарои ба русӣ тарҷума шуда, аз нависандаҳои имрӯз чизе нахондаам. Ҳавсала надорам, хобам мебарад. Ба ҷуз аз романи “Шоҳаншоҳ” – и Баҳманёр, ки чеҳраи аслии зиёиён ва зиндагии пурҳаводиси эшонро ба таври зебою хонданӣ рӯйи коғаз овардааст. Ҳа, руст намекунам, ман дар баъзе ҷойи асар чеҳраи худро ҳам дидам, хешро шинохтам. Шояд ба ин сабаб ин асарро дар як шаб, дам нагирифта хондам.

Баргардем сари мавзӯъ. Ба қавли як дӯстам ба сари бузғолаю гӯсфандҳои хеш. Гоҳо талу теппаҳои аз беобӣ хушкидаю аз надидани каланди тези кишоварз кафида-кафида рафтаро мебинаму солҳои нооромию қаҳтӣ пеши назарам меояд. Он солҳо ҳар як каф замин сабз буду мардумро дар саҳро медидӣ. Ҳозир касе намехоҳад дар замин кор кунад. Ҳамин ки синфи ёздаҳро хатм карданд, мегурезанд ба сӯйи сохтмонҳои Русия. Агар ҳаваси пули зиёду телефонҳои қимату машинаҳои гаронбаҳо як сӯ бошад, ҳаваси оғӯши Наташаю Вераю Таня аз сӯйи дигар. Дигар фарзанд фаромӯш мешавад ва ҳамон шеъри таърихии Шумо, ҳасрати кӯдаке, ки падараш дар Русия мардикорӣ ба ному пеши Наташаҷон дар асл рафтааст, ба ёд меояд.

Хуллас, ман ҷонибдори он ҳастам, ки шикамро бо баҳонаи бебарқӣ дам накунонему мисли бобою бибиҳо ранҷ кашему ганҷ ба даст орем. Чӣ гуфтед?

Чароғи маърифат

Саломе чу бӯйи хуши ошнойӣ!

Як ҳафта надидаматон Хуршед! Умедворам, ки ҳолатон хуб аст.

Саҳар, чун одат ба қаҳвахона сар задам. (Шумо баъди медиамагнат шуданатон, чун бисёре аз журналистони вазифадор, аз ун ҷо ор мекунед ба фикрам). Пешхизмат қаҳваро наоварда Нурулло занг зад. Гуфт: “Зиндаӣ?” Гуфтам: “Зинда барин, боз Худо медонад!”

Хабар дод, ки Баҳманёр ҳам рафт! Дигар дунё дар назарам торик шуд, ба болои ин ҳама бечароғии иҷтимоию сиёсӣ боз чароғи маърифатамон низ, дорад оҳиста-оҳиста хомӯш мешавад.

Чароғ, нур, зиё, рӯшанӣ ё равшанӣ ин вожаҳоро вақтҳои охир кам истифода мебаранд. Агар истифода баранд ҳам дар бораи адами онҳо сухан меравад. Яъне аз набуданашон ё аз кам буданашон дар рӯзгорамон ёдовар мешавем.

Ёдам ҳаст солҳои аввали Истиқлолият дар расонаҳои дохилию хориҷӣ бештар дар бораи сохтмони бемайлони нерӯгоҳҳои хурд дар деҳот сухан мерафт. Телевизион ҳар бегоҳ дар барномаи “Ахбор” аз гӯшаю канори мамлакат дар бораи нерӯгоҳҳои хурду бузург наворҳо ба намоиш мегузошт. Мардум бо ҳаяҷон суханронӣ мекарданд. Некӯаҳволии халқ боиси болидарӯҳии ман мегашт. Аммо… чӣ мегӯед, ки солҳои зиёде нагузашта, акнун дар шабакаҳои иҷтимоӣ мардум аз бебарқӣ меноланд. Намедонам ун қадар маблағе, ки барои сохтмони нерӯгоҳҳои хурд дар деҳот сарф шуд, барои чӣ буд? Барои худнамоишдиҳӣ?

Ёдам ҳаст ҳамон солҳо дар як деҳаи дурдаст як соҳибкор як нерӯгоҳ сохту дар бало дар монд. Як миллиону шашсад ҳазор доллар қарздор баромаду як солу чанд моҳ ҳабс шуду базӯр халос шуду акнун аз барқ қимоб аст дигар.

Ҳоло ҳамон нирӯгоҳ аз кор мондааст. Ҳолдонҳо мегӯянд, ки як асбоби гаронқимматаш аз кор баромадаасту касе нест, ки онро таъмир намояд. Фикр мекунам аксари нерӯгоҳҳои хурди дар деҳот буда ҳамин ҳолро доранд, агар не чаро мардум аз бебарқӣ шиква мекунанд?!

Ана, Баҳманёрро ҳам гусел кардем. Дар Лучоб барояш ҷой пайдо нашуд. Мувофиқи васияташ ба Панҷекат бурданд. Ба Сармаддеҳи орзӯҳояш. Ба Сармаддеҳи ормонияш. Ба Ғазза. Худо раҳматаш кунад! Ҷояш абадуддаҳр холист.

Чароғи маърифат гуфтанам ҳамин буд.

Бо эҳтиром Абдувоҳид

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь