Кай ин вабои лаънатӣ барои ҳамеша сарзамини моро тарк мекунад?

Ин саволе буд, ки пирамарде дар дохили нақлиёт аз ҳамсуҳбати хеш пурсиду таваҷҷуҳи маро он ҷалб кард. Онҳо бо ҳасрат дар ин бора ҳарф мезаданду сукут миёни мову ман ҳукрмон шуд. Шояд дар дохили нақлиёт ҳамаи мо ба ин савол ҷавоб меҷустем…

Медонед, аксарияти мо фақат бо чунин саволҳои беҷавоб вақти хешро ройгон сипарӣ карда, забони шиква во мекунему ҳамеша дигареро гунаҳгор месозем… Биёед мардона иқрор шавем, ки мо ҳамоне ҳастем, ки бо бепарвоиву риоя накардани одитарин тавсияҳои духтурон сабабгори паҳншавии ин беморӣ шудем.

Аммо ҳанӯз ҳам дарк накардаем, ки бе ниқоб гаштугузор кардану фосилаи байни ҳамро риоя накардан сабаб мешавад, то ин вабо дубора авҷ гирад…

Ҳанӯз ҳам нақлиёти мусофибар бо шиорҳои ҳамешагии “а бача биё, холиай”, “ака боло гузар, ҷо ҳастай” ва монанди инҳо одамонро то дами дар савор карда, ҷони худу даҳҳо нафари дигарро дар хатар мегузоранд…

Ҳанӯз ҳам дар кӯчаҳои шаҳр қисме аз мардум бе ниқобҳои тиббӣ мегарданду бо сатри “коронавирус нест шуд” худро “тасалло” дода, аз оқибатҳои ногувори ин амали ношоистаашон фикр ҳам намекунанд. Ҳанӯз ҳам дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва бозору хиёбонҳои шаҳр фосилаи муайяшуда байни сокинон риоя намегардад. Дар хусуси ноҳия, шаҳр ва деҳаҳои дур аз пойтахт ку ҷои гап не, зеро мушоҳидаҳо бозгӯи онанд, ки қариб одитарин талаботро сокинон риоя намекунанд.

Акнун бигӯед, бо ин ҳама бемасъулиятонаву хунукназарона рафтор кардани мо чӣ гуна ин вабо сарзаминамонро ба зудӣ тарк гӯяд? Ин саволро забон не, танҳо амали мо ва замон посух хоҳад гуфт.

Ба андешаи ман, ҷинояткор танҳо нафароне нестанд, ки ба Ватан, миллат ва дӯстӣ хиёнат карда, даст ба куштору бераҳмӣ мезананд. Дар баробари онҳо, афроде, ки бо бемасъулиятиву амалҳои ношоистаи хеш сабабгори паҳн гардидани ин беморӣ мешаванд, ҷинояткоранд. Зеро, рафтори чунин нафарон сабаби марги инсоне гардида, оилае бесаробон, фарзандоне бепадар ва зане ҳамсафари зиндагияшро гум мекунад. Хонандаи ин сатрҳо, акнун ту бигӯ, магар ин ҷиноят нест? 100% ҷиноят аст. Ҷинояти нобахшиданӣ. На танҳо ҷиноят, балки хиёнате, ки ислоҳи он ғайриимкон аст…

Ҳамарӯза дар шабакаҳои телевизионӣ, сомонаҳои интернетӣ ва дигар расонаҳои иттилоотӣ оид ба пешгирии коронавирус ҳарф мезананду таъкид мекунанд, ки гигиенаи шахсиро риоя карда, одамон бояд ба андозаи 2 метр аз ҳам масофа гиранд. Афсӯс, ҳамоно вазъ бетағйир боқӣ мондаву назар ба рӯзҳои қабл мардум бепарвотар шудаанд…

Эй ҳамватани сарбаландам, танҳо иттифоқиву якдилона амал кардани мо метавонад зиндагиро дубора ба маҷрои куҳан бозгардонад. Пас, хоҳиши ман ҳамчун як фарзанди ин диёр ин аст, ки бо ҳарф на, бо амал худ ва азизонатро эҳтиёт кун!

Эй масъулине, ки оид ба ин вазъ масъулъиятҳоеро ба зимма доред, даст ба кор шавед (медонам, ҳамарӯза вазифаҳои хешро иҷро карда истодаед, аммо ҳанӯз ҳам кофӣ нест), то вазъи кишвар рӯз то рӯз боз ҳам рӯ ба беҳбудӣ орад.

Ба гуфти ҳазрати Лоиқ: “Шумо эй соҳибони вақт, Биштобед! Биштобед!”, ки фардо дер хоҳад шуд…

Доро СУҲРОБӢ, рӯзноманигор

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь