Мо аз ахбори вақтӣ ҳадди ақал дар як соат як ҳодисаи маргборро ба чашми худ мебинему мешунавем ва ангушти ҳайрат газида, шукр мегӯем, ки «дар ин задухӯрд, дар ин тирпарронӣ ва ё дар ин таркиш ман набудам». Алҳазар аз ин хел ҷангу ҷидолҳо, аммо ҷанги имрӯзаи байни мо ба куҷо мерасонида бошад?…
Ҳайрон машав, хонанда, ман хитоб ба ҷангу ҷидолу муноқишаву дастбагиребон шудани ҷавонону ашхоси алоҳидаи ҷомеаи кунунӣ карданиам, ки корашон аз ҳамин иборат аст. Бовар мекунед, рӯзе нест, ки худи шумо шоҳиди ягон муноқиша нашуда бошед. Албатта, бовар мекунед, зеро дидаед ва мебинед ва дар оянда низ хоҳед дид. Аммо ин ҷангҳо то кай идома меёбанд, мисли муаммост. Дар ҳамон ҳолате, ки ду дӯст, ду ҳамсинф ва ё ду ҳамдеҳа бо ҳам дастбагиребон мешаванду аз очаву апа сар карда, то хурду калони аъзои хонаводаашон ҳақорату дашномро оғоз карда, оқибаташон ба хун кардану кабуду сурх кардани аъзояшон ба охир мерасад, ягон душман ба Ватан ҳамла кунад, боварии комил дорам, ки ҷумла ҳарду мегурезанд. “Гурбаи хонашин, шери кӯча шуд” гуфтагӣ барин, зӯрии ҷавонмардони мо низ дар ҳамин роҳҳо сарф мешавад. Аммо боз афсус мехӯрему ба рӯйи якдигар менигарему ангушти ҳайрат газида, “айби ту шуд” гӯён, шахси муқобил будаамонро гунаҳкор мекунем, ки аз ин аблаҳиву номардии зиёд дигар дар ҳеҷ ҷой дида намешавад.
Имрӯз анъана шудааст байни хонандагони мактабҳо, донишҷӯёни донишгоҳҳо, бачаҳои маҳаллаҳову кӯчаҳо ва сокинони минтақаи кишвар бо минтақаи дигар ҷанг кардан. Мегӯед, ки надидаам? Албатта дидаед, пӯшида нест.
Дар ёд дорам, боре дар минтақаи наздик ба зодгоҳам муноқишаи байни мардуми ду ҳамсоядеҳамон дар рӯзи чоршанбе – бозор ба вуқуъ пайваста буд. Даҳҳо нафар маҷруҳ шуданду даҳҳо каси дигар ба ҷавобгарӣ кашида шуданду даҳҳо автомобили мавзеи задухӯрд харобу қисми зиёдашон корношоям. Сабаби ин муноқиша маросими ба истилоҳи мардуми маҳал “арӯсбиёрон” буд, ки ба гуфти сокинони ин деҳа, набояд аз байни қишлоқашон домоду арӯсро карнаю дойразанон гузаронанд. Оқибаташро ҳам дидем…
Аммо ба назар чунин менамояд, ки эътирофкунандагону тарафдорони ин гуна муноқишаву задудухӯрдҳо зиёданд. Ҳақиқати ҳол, “кӯшиш кун дар ҷанг якум шуда мушт зан, ки дуюмаш бефоида аст” гуфтани дӯстон ва наздиконамро беҳисоб шунидаам. Яъне, ин ҷангҳо барои баъзе ҷавонони як-ду рӯз дар “фитнес-клубҳо” машқ кардаву бо қувваи “протаин” соҳиби мушту бозуи боқуввати муфт шуда мӯд шудааст. Аммо ин ҳама аз аблаҳиву нодонии шахс дигар чизи беш нест, зеро ҷавонмард қувваашро на барои худнишондиҳӣ, балки барои муҳофизати модар-Ватан истифода мебарад. Боз дар байни мо гуруҳи ба истилоҳи худашон “проблемасоздаваткунҳо” зиёд шудаанд, ки эшон барои бозуи худро санҷидан як бечораи “лоғари заиф”-ро аз роҳ қапида, бо ягон баҳонае “ҷанг мехарад” ва оқибат ӯро ҳамроҳи “табоқлесонаш” латукӯб карда, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезананд. Ё ин ки ин қабилҳо дар назди маъшуқаашон худро “гарени” гирифта, як нафари дигарро бар ивази як муаммои ночиз зада сару рӯяшро захмӣ мекунанд. Дӯстон, боз аз ин дида аблаҳиву ноҷавонмардии беш мешавад? Не албатта, намешавад. Пас бояд чӣ кор кард, то пеши роҳи ин гуруҳро гирифт?
Як пешниҳоди олиҷаноб (ба фикри худам) дорам: “Як гуруҳи ин қабилҳоро дастгир карда, ҷумла ҳамаро ба мошин бор карда, ба “чӯли Дилварзин” бурда партоед. Як-ду-се рӯз аз дур истода, ба чӣ ҳол гирифтор шуданашонро наворбардорӣ карда, пасон ба шабакаи Интернет пахш кунед. Ана баъд минбаъд мисли “муши мурда” мешаванд”.
Мумкин ин маслиҳати “пучу лоқ” бошад, аммо гумонам хато набарояд, албатта натиҷаи дилхоҳ медиҳад.
Нуралӣ КАРИМ,
Мактаби рӯзноманигории назди МТЖТ