Ҳамсояи дасти ростам панҷ фарзанд дорад ва бо маоши журналистӣ рӯзгорашро базӯр пеш мебарад. Ҳамсояи дасти чапам бошад, зиндагии шоҳона дорад, вале фарзанд намеёбад.

Ҳамсояи дасти ростам танҳо даҳ рӯзи аввали моҳ хӯроки гӯштдор мехӯрад ва кӯдаконаш ду даҳаи дигар интизори маоши падар меистанд. Ҳамсояи дасти чапам бошад, аз зиёд хӯрдани хӯроки гӯштӣ безор шудааст ва дар ҳасрати эътирози кӯдаке ба хӯроки бегӯшт ё хурсандии ӯ ба хӯроки гӯштӣ аст.

Ҳамсояи дасти ростам доимо шикоят мекунад, ки кӯдакон барои кори эҷодӣ карданаш халал мерасонанд. Ҳамсояи дасти чапам бошад, аз YouTube дар телевизори ба девори хонааш якто садои хандаву гиряи кӯдаконро мешунавад.

Ҳамсояи дасти ростам мегӯяд барои он ки ба кӯдаконаш сару либоси мавсимӣ харидорӣ кунад, бояд чанд моҳ пайи ҳам аз нӯги маошаш як миқдор пулашро ҷамъ кунад ва он ҳам либоси ба дили онҳоро гирифта наметавонад. Ҳамсояи дасти чапам бошад, омода аст, ки барои кӯдакаш ҳар рӯз либоси нав бихарад, аммо надорад.

Ҳамсояи дасти чапам ба аксар саволҳои фарзандонаш ҷавоб намедиҳад, зеро сабаб пеш меорад, ки серкор аст ва барои пешбурди рӯзгор бояд зиёд кор кунад. Ҳамсояи дасти ростам бошад, ҳар рӯз Худоро илтиҷо мекунад, ки ба ӯ фарзанд диҳад, то ки ба дилхоҳ саволу дархосташ лаббай гӯяд.

Ҳамсояи дасти ростам ҳар субҳ барои боғчаву мактаб бурдани фарзандонаш бо ҳамсараш ғур – ғур мекунад. Ҳамсояи дасти чапам бошад, ҳар саҳар бо табъи гирифта, сагашро ба ҳавои тоза мебарорад.

Ҳамсояи дасти ростам имкон надорад, ки пули боғчаи ду фарзанд ва барои харҷу дахли мактаб ба се фарзанди дигараш сари вақт пул диҳад. Ҳамсояи дасти чапам бошад, омодааст, ки дар сурати фарзандор шудан, ӯро дар беҳтарин ва гаронтарин боғча ва мактабу донишгоҳи кишвар монад.

Ҳамсояи дасти чапам ҳамсарашро мегӯяд, ки аз кор як соат пеш гурехта фарзандонашро аз боғча гирад. Ҳамсояи дасти ростам бошад, рӯз дар миён ҳамсарашро барои гапҳои пасту баланди ҳамкоронаш, ки декрет намебарояд ва фарзандор намешавад, ором мекунад.

Ҳамсояи дасти ростам дуҳуҷрагӣ дорад ва панҷ фарзанди синну солашон гуногун дар як ҳуҷраи хурд мехобанд. Ҳамсояи дасти чапам бошад, чорҳуҷрагӣ дорад ва сетоаш холӣ аст.

Ҳамсояи дасти ростам барои фарзанди 13 – солааш, ки ҳар рӯзи чоршанбе муаллими тарбияи ҷисмонӣ аз дарс пешаш мекунад, пойафзоли варзишӣ харида наметавонад. Ҳамсояи дасти чапам бошад, як ҳафта пеш аз афтидани фарзанди 13 ҳафтаинааш аз батни ҳамсараш, барои ӯ 13 попӯши рангоранг харида буд.

Ҳамсояи дасти ростам панҷ фарзанд дорад ва барои ҳеҷ кадоми онҳо дираме пасандоз накардааст. Ҳамсояи дасти чапам бошад, барои фарзанди набуда аллакай наздики миллион сомонӣ пасандоз дорад.

Бад наандешем, Худо доност, ки дар фарзандории ҳамсояи дасти ростам неъмату дар бефарзандии ҳамсояи дасти чапам ҳикмате ниҳон аст.

Ҳафизуллоҳ Тоҳирӣ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь