Оид ба натиҷа ва фаъолияти Нозироти андоз дар шаҳри Ваҳдат хабарнигори МТЖТ бо муовини  сардори ин ниҳод Қудратзода Хуршед Қаҳрамон  суҳбат анҷом дод. Дар оғози суҳбат муовини сардори Нозироти андоз  изҳор дошт: «Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади коҳиш додани хароҷотҳои субъектони хоҷагидор ва аз байн бурдани таъсири омилҳои инсонӣ аз соли 2018 оғоз намуда, аз ҷониби Кумитаи андоз шакли нави хизматрасонии электронӣ – Тартиби бо реҷаи электронӣ пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳо барои бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ мавриди истифода қарор дода шудааст. Ҷорӣ намудани тартиби мазкур шароит фароҳам овардааст, ки шаҳрвандон ва андозсупорандагон бо истифода аз “Утоқи шахсии андозсупоранда” ҳуҷҷатҳои заруриро барои бақайдгирии давлатӣ ба барнома дохил карда, ҳуҷҷати тасдиқкунандаи фаъолияти соҳибкории худро дастрас намоянд».

Муовини сардори Нозироти андоз қайд кард, ки кормандони Нозироти андоз дар шаҳри Ваҳдат дар асоси дастуру супоришҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон талаботҳои қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои Кумитаи Андоз, Мақомоти ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат ва муқарароти Стандартҳои ягонаи давлатии хизматрасонӣ ба андозсупорандагон фаъолият намуда, кӯшиш намуданд, ки вазифаи хизматии худро баҳри иҷроиши нишондиҳандаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024” иҷро намуда, ҷиҳати вусъат бахшидаи ба корҳои фаҳмондадиҳӣ ва дар маҷмӯъ мусоидат намудан ба рушди соҳибкорӣ чораҳои иловагӣ андешанд.

Иҷроиши нақша

Дар дувоздаҳ моҳи соли 2024 нақшаи тасдиқшудаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ бо назардошти андози иҷтимои ғайрибуҷетӣ дар шаҳри Ваҳдат ба андозаи 107,7 % таъмин карда шуд, ба ҷоӣи 350,7 млн сомонии дар нақшаи пешбинишуда, ба буҷет 377,7 млн, сомонӣ ворид карда шуд, ки он  он нисбат ба нишондиҳандаҳои нақшавӣ 26,9 млн, сомонӣ зиёд ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 59,1 млн, зиёд мебошад.

Аз ин ҳисоб нақшаи  андозҳо ва дигар пардохтҳо ба андозаи 109,6 % таъмин гардид, ба ҷоӣи 292,7 млн сомонии пешбинигардида 320,9 млн, сомонӣ ворид карда шуд, ки он нисбат ба нишондиҳандаҳои нақшавӣ 28,2 млн, сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи  соли гузашта 52, 7 млн, сомонӣ зиёд мебошад.

Дар давраи ҳисоботи нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ бо назардошти андози иҷтимои ғаӣрибуҷетӣ, ки дар ҷамъоварии он ба зиммаи нозироти андоз гузошта шудаст, ба андозаи 110,3 % таъмин гардида,ба ҷоӣи 213,7 млн, сомонии пешбинишуда, ба буҷет 235,7 млн, сомонӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба маблағҳои ҷамъоваригардидаи ҳамин давраи соли гузашта 27, 1 млн, сомонӣ зиёд ворид карда шудааст.

Аз ҳисоб нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳо бо андозаи 106,4 % таъмин гардида, ба ҷойи 177,7 млн, сомонӣ пешбинигардида, ба ба буҷет 189,1 млн, сомонӣ ворид карда шуд, ки  аз нисбат ба нақша ба андозаи 11,4 млн сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11,4млн сомонӣ зиёд мебошад.

Иҷроиши нақшаи андози ғайрибуҷетӣ

Нақшаи андози иҷтимои ғаӣрибуҷетӣ бошад дар нозироти андоз ба андозаи 129,5% таъмин гардида ба ҷоӣи 36,0 млн сомонӣ дар нақша пешбинишуда ба фонди ҳивзи иҷтимои аҳолӣ 46,6 млн сомонӣ ворид кардашуд, ки нисбат ба нақша 10,6 млн сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 21,6 млн.сомонӣ зиёд мебошад.

Иҷрои сифатнокии нақшаи андоз

Вобаста ба иҷрои сифатнокии нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ бояд қайд намуд, ки дар дувоздаҳ моҳи соли 2024 дар шаҳри Ваҳдат нақшаи андоз аз даромади шахсони воқеӣ ба 111,1%, андоз аз даромади шахсони ҳуқуқӣ 103,1 %, андозҳо барои захираҳои табии 100,6 % андозҳо аз молу мулк 125,7 %, андоз аз арзиши иловашуда 109,7 % низомҳои махсусан андозбандӣ 111,3 % аксизҳо 213,3 % пардохтҳои дигар ба буҷети маҳаллӣ 195,3 % ва боҷи давлатӣ 186,5 % иҷро карда шуд.

Семинармашварат

Қудратзода Хуршед қайд намуд, ки дар давраи ҳисоботӣ тибқи талаботи сархати 20 қисми 1 моддаи 90 – и Кодекси андоз ва талаботҳои Стандарти ягонаи хизматрасонӣ ба андозсупорандагон, аз тарафи кормандони масъули Нозироти андоз дар байни андозсупорандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда шуда, бо ҷалби зиёди соҳибкорону шахсони масъули муассисаву корхонаҳои шаҳр, дар мавзуҳои гуногун, аз қабили тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, тартиби нави пешниҳоди эъломияи андоз аз фоида, тартиби ҳисоби пешниҳоди суди саҳмияҳо ва дигар масъалаҳои ҳалталаб, 41 маротиба семинарҳои омӯзишӣ гузаронида шуд. Оиди Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.03.2022 №151, оиди ба имтиёзҳои андоз, инчунин пурра ба тариқи электрони пешниҳод гардидани ҳисоботҳо ба мақомоти андоз ва дигар масъалаҳо гузаронида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5 адад зиёд мебошад.

Мурочиати соҳибкорон

Бояд қайд намуд, ки муроҷиатҳои ба суроғаи Нозирот воридгардида, дар доираи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” ба расмият дароварда шуда, инчунин мавриди баррасӣ қарор дода шуда, тибқи муҳлатҳои муқаррарнамудаи ҳамин қонун ба муроҷиаткунандагон ҷавобҳои мушаххас гардонида шудааст. Кормандони Нозироти андоз дар шаҳри Ваҳдат, минбаъд низ ҷиҳати беҳтар намудани маъмурикунонии андоз ва сатҳи хизматрасонӣ ба андозсупорандагон, бештар намудани корҳои тавзеҳотию фаҳмондадиҳӣ, кам намудани бақияи қарзи андозҳо, беҳтар намудани сифати корҳои назоратӣ тамоми донишу малакаи худро истифода намуда, бо мақсади таъмини иҷроиши нақшаи пешбинишудаи воридоти андозҳо чораҳои таъхирнопазир андешида, иҷроиши нишондиҳандаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025» -ро пурра таъмин менамояд.

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь