“Хона не, балки ҳамсоя хар”, “аз хеши дур ҳамсояи наздик беҳ”, “ҳамсоя аз ҳамсоя ранг мегирад” ва шояд даҳҳо масалу панде, ки дар зиндагӣ собит шудаву дуруст будани ин фармудаҳоро исбот кардаанд.

Дуруд Абдувоҳид!

Имрӯз мехоҳам дар бораи ҳамсоя ба Шумо ҳарф занам. Бале, каси дигаре не, балки ҳамсоя. Чун нақши ҳамсоя ва ҳамсоядорӣ дар зиндагӣ хеле муҳим аст. Ҳамсояро мисли волидайн наметавонед интихоб кунед, балки маҷбуред то бо ҳама хубу бадаш пазиред. Ана бубинед, миёни ҳамсоякишварҳои мо миллатҳое ҳастанд, ки ҳамеша чашми тамаъ ба сӯйи хоки мо доранд ва ҳамеша ба сӯйи фарзандони кишвари мо тир мекушоянд. Агар ба дасти мо мебуд, мо ҳаргиз намехостем чунин ҳамсоя дошта бошем. Вале чун худованд онҳоро ба сифати ҳамсояи мо халқ кардааст, маҷбурем тоқат намоему дар ҳамҷавории онҳо зиндагӣ кунем.

Аммо агар ҳамсояи Шумо шикамсер бошад, нияту ғарази баде ба Шумо ва дигарон надошта бошад, ҳирси молу манолу хоку сарзамини дигар надошта бошад, пас ҳазорон бор “аз хеши дур ин гуна ҳамсояи наздик беҳтар аст”.

Агар ҳамсояе бо пасттарин хислати инсонӣ бошад чӣ? Ҳамеша чашми ғаразу душманӣ ба сӯйи Шумо дошта бошад? Фикр кунад, ки Шумо ҷойи ӯро дар ин олам танг кардаед?

Дар ин ҳолат чӣ кор мекунед Абдувоҳид?

Роҳи гурез мекобед? Кӯшиши ӯро тарбия кардан мекунед? Бо шикоят дар ба дари мақомот мегардед?

Барои ман хеле аҷиб аст, ки дар ин ҳолу дар ин вазъият кадом роҳеро меҷӯед Абдувоҳид…

Шумо бовар доред, ки инсони барафтору бадгумону сияҳдилу якраву боғаразро устоде, раҳнамое, носеҳе метавонад аз роҳи бад гардонад, роҳ нишон диҳад?

Ман бовар надорам!

Беҳуда намегӯянд, ки “”кӯзапуштро танҳо гӯр метавонад рост кунад.”

Фикр мекунам ин бор бо ман ҳамфикру ҳамақида ҳастед Абдувоҳид…

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь