Чаро ҷиноятҳои вобаста ба ҳаёти маҳрамонаро бо ҳукми қатл баробар медонанд?

Дастдарозии мардони солхӯрда ва пирони «по ба лаби гӯр» ба духтарони ноболиғ яке аз мавзуҳои муҳимест, ки падару модаронро ба ташвиш андохтааст. Аз баҳсҳои шабакаҳои иҷтимоӣ низ пай бурдан мумкин аст, ки мардум агар ба чунин «касалиҳо» рӯ ба рӯ шаванд, гунаҳгорро дар мазҳари ом сангсор хоҳанд кард. Ҳатто пешниҳодҳое аз ҷониби ҷомеаи шаҳрвандӣ садо медиҳанд, ки барои чунин ҷиноят ҷазо бояд сангинтар шавад. Мардум ҳама чизро мебахшанд, вале чунин гуноҳ агар собит шавад, ба қавле “дар ду дунё шарманда шудан” дигар аз имкон дур нест. Дигар на зару зевар, на тиллову қаср ва на пулҳои офшор кӯмак нахоҳанд кард. Воқеан, харобкории чунин таҷриба дар зеҳни як кӯдак ҷуброннопазир аст!

Ин ҳафта хабари «бӯсу канор» ва «табрик»-и як омӯзгори литсейи «Нурбахш» дар вилояти Хатлон ва ба 17,5 сол зиндони шудани ӯ (пас аз ғолиб омадани хонандаи ҳамин мактаб) баҳсҳои мухталиферо дар шабакаҳои иҷтимоӣ барангехт. Гарчанде баҳсҳо мухталиф буданд ва қисме аз мардум барои чунин ҷазо чандон розӣ набуданд. Мардум мегуфтанд, ки чаро педофилия дар кишвар рӯ ба афзоиш аст ва хабарҳоро низ дар ин бора зиёд мешунавему мехонем?

Як гуруҳи хонандагон ҷазои эҳтимолӣ барои чунин равандро ба ҳукми қатл баробар медонанд. Қисми дигар инро як интиқоме беш намеҳисобанд. Саввумӣ василаи бадном кардани шахсияте онро медонанд, ки мехоҳанд ба ин восита мансаб ва курсии ӯро соҳиб шаванд. Гуруҳе ба ин назаранд, ки аз чунин усул аксарият аз фоҳишаҳо истифода мекунанд. Мардуми оддӣ онро аз нигоҳи ахлоқӣ як чизи бисёр бад мепиндоранд. Ба чунин «балои охирзамон» ҳар кас, аз ҷумла рӯзноманигорон низ гирифтор шуданашон аз эҳтимол дур нест. Ёдатон ҳаст, ки чунин кӯшишҳо низ буданд?

Таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки ба чунин раванди аз нигоҳи ахлоқӣ хеле бад одатан рӯзноманигорон, котибаҳо, фаъолони шаҳрвандӣ, сарватмандон ва ҳатто сиёсатмадорони сатҳи баланд метавонанд рӯ ба рӯ шаванд. Ҳатто гуфтан мумкин аст, ки ҳоло тақрибан ҳеҷ кас аз ин ҳолат эмин нест. Камераи телефон, интернет ва тамом…

Аммо ин тамоил пештар аз интернет ҳам вуҷуд дошт. Дар мисоли таҷрибаомӯзи Кохи Сафед Моника Ливински мо шоҳид гардида будем, ки чи гуна карераи сиёсии Бил Клинтон шикаста шуд. Аммо «обрӯи» Моника афзуд. Гарчанде ӯро то он дам касе намешинохт, вале ба зудӣ машҳури ҷаҳон гашт ва моликияти зиёд ҳам ба даст овард. Нашри китобҳои паёпаяш ӯро ба як шахси сарватманд табдил дод.

Ин ҳамаро барои чӣ дар баробари расонаӣ шудан маҳкум гардидани як муаллим барои «бӯсаи падарона»-и ӯ, ҳамон тавре фарзандонаш мегӯянду исрор меварзанд, ба хотир меорам? Агар «бӯсаи падарона» набуд, пас, ах – туф!

Албатта, «ҷиноят»-и маҳрамона як масъалаи ахлоқист. Вале дар ҳақиқат имрӯз дар тамоми дунё аз як ҷиҳат «рушд» ёбад, аз ҷониби дигар ба василаи қасосу интиқом ва абзори муборизаи сиёсӣ табдил ёфтааст.

Онро ҳатто ба ҳукми қатли одамон аз ҷониби судя монанд мекунанд. Ҳамон тавре, ки агар судя ин ҳукмро кард, риштаи умри ин ё он нафар канда мешавад. Судшаванда мегӯяд, ки «кош ҳукми қатл медоданд, беҳтар мебуд, дар зиндон азоб кашида мемурам». Шояд баъдан маълум шавад, ки ин ҳукм нодуруст будааст. Мисли ҳамин, агар одам бо гуноҳи таҷовуз, хоса бо кӯдакон маҳкум шавад, ҳарчанд баъдан маълум гардад, ки ин туҳмат аст, аммо дигар як умр сари худро пеши ҳамсояву пайвандон бардошта наметавонад ва мардум ӯро «педофил» ном мебаранд.

Одатан дар мо чунин муҳокимаҳои судӣ паси дарҳои баста сурат мегиранд. Зеро паҳлуҳое доранд, ки хеле маҳрамонаанд.

Дар ҳамин ҳол, ҳоло тамоми дунё талош дорад, ки ҳукми қатлро барҳам занад. Чунки метавонад одами бегуноҳ ҳам қурбони дасисаву буҳтон гардад.

Пас, фикр мекунам, дар ҷиноятҳои вобаста ба ҳаёти маҳрамона низ набояд шитоб кард ва якбора ҳукм намуд. Кӣ медонад дар ин байн чӣ буда?

Ё шумо фикри дигар доред?

Ҷамила МИРБОЗХОНОВА

Блоки рекламавӣ

1 бинависед

  1. Одами бегунох, дар ч,омеаи мо чандон бегунох, нет, чунки парварда ва пуштибони арзишх,ои х,амин ч,омеа х,аст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь