Танҳо модаронро бояд табрик кард?!
Рӯзи байналмилалии занон дар таърих ҳамчун рӯзи ҳамрайъии занон дар бештари мамлакатҳои дунё дар мубориза барои барорбарҳуқуқӣ ва эмансипатсия пайдо гаштааст. Аз моҳи марти соли 1975 Рӯзи байналмилалии занон дар СММ ҷашн гирифта мешавад.
28-уми феврали соли 1908 бо даъвати ташкилоти занонаи сотсиал-демократии Ню-йоркӣ ҷамъомад бо шиорҳо дар бораи бароробарҳуқуқии занон баргузор гардид. Дар ин рӯз беш аз 15 000 зан роҳпаймоӣ карда, кӯтоҳ кардани рӯзи корӣ ва бо мардон баробар намудани шароити музди меҳнатро талаб намуданд. Аз он ҷумла, масъалаи ба занон додани ҳукуқи интихоб карданро пеш гузоштанд.
Соли 1909 Ҳизби сотсиалистии ИМА Рӯзи миллии занонро эълон кард, ки он то соли 1913 дар охирин рӯзи якшанбеи моҳи феврал қайд карда мешуд. Баъдан, соли 1910 ҳайати вакилзанон аз ИМА ба Копенгаген, барои иштирок дар Конфронси дуюми байналмилалии занони сотсиалистӣ омаданд ва инҷо бо коммунистзани номӣ – Клара Сеткин вохӯрданд. Клара Сеткин 27-уми августи ҳамин сол дар ҳамин конфронс, ки дар Копенгаген дар доираи конгресси 8-уми Интернатсионали дуюм баргузор мегардид, барпо кардани Рӯзи байналмилалии занонро пешниҳод кард.
19-уми марти соли 1911 аввалин Рӯзи байналмилалии занон дар Олмон, Австрия, Дания ва Швейтсария бо пешниҳоди узви Комитети марказии Ҳизби сотсиал-демократи Олмон Елена Гринберг қайд гардид. Пас аз як сол ин рӯз дар ҳамон давлатҳо, вале аллакай 12-уми май қайд карда мешуд. 2-юми марти соли 1913 бори аввал занон дар Фаронса ва Русия ба митинг баромаданд. Намоиши оммавӣ инчунин дар Австрия, Чехия, Венгрия, Швейтсария, Голландия санаи 9-уми март ва дар Олмон 12-уми март баргузор гардид. Соли 1914 Рӯзи занон дар рӯзи якшанбе, 8-уми март якбора дар 8 давлат – ИМА, Британияи Кабир, Австрия, Дания, Олмон, Нидерландия, Россия ва Швейтсария қайд карда шуд.
То соли 1917 ҳуқуқ ба овозро пурра ва ё қисман занони Зеландияи Нав, Австралия, Финландия, Норвегия, Дания ва Исландия гирифтанд.
Аз соли 1966, дар мувофиқа бо Фармони Президиуми Шӯрои Олии СССР аз 8-уми майи соли 1965, Рӯзи байналмилалии занон на танҳо ҳамчун рӯзи ид, балки рӯзи истироҳатӣ низ қабул карда шуд. Оҳиста-оҳиста ин ид ранги феминистии худро гум кард. Чаро? Чунки рӯзи занон, духтарон ва ҳатто духтарчаҳо дар байни оила, корхона ва хонандагон гардид.
Имрӯз ин идро дар давлатҳои собиқ шӯравӣ ҳамчун Рӯзи байналмилалии занон таҷлил мекунанд. Дар Тоҷикистон бошад, аз соли 2009 Рӯзи Модар ном гирифтааст. Пас, танҳо модаронро бояд табрик кард?!
Месазад, ки ба хотири муборизаҳои занҳои қаҳрамони тоҷик ва талоши онҳо барои зиндагии сазовор рӯзи 8-уми мартро ҳамчун Рӯзи Зан-Модар бо шукуҳу шаҳомат таҷлил намоем ва аз занони қаҳрамон ёдовар шавем:
– Мастура Авезова, аввалин зане, ки бо фаранҷипӯшии занон мубориза бурдааст;
– Паттӣ Азизова, аввалин милисаи зан дар Тоҷикистон;
– Зебӣ Муқобилова, дар 14-солагӣ роҳбарии ду синфи иборат аз 98 шогирдро ба уҳда дошт;
– Уғулой Шамсутдинова, аввалин комиссари халқӣ ё вазири беҳдошти Тоҷикистони Шӯравӣ;
– Ҳамро Алиева, аввалин бонуе, ки бо орденҳои давлатӣ қадрдонӣ шудааст;
– Иқбол Нормуродова, аввалин дӯзандазан, ки дар фабрикаи дӯзандагӣ кор кардааст;
– Шарипова Гулчеҳра, аввалин зане, ки генерал шудааст;
– Ойгул Мамадҷонова, аввалин лочинзан.
Бибиҷон АШӮРОВА