Чанде пештар бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат” мақоми Муассисаи таълимии байналмиллалӣ дода шуда, Муассисаи давлатии “Донишгоҳи байналмиллалии сайёҳи ва соҳибкории Тоҷикистон” номгузорӣ карда шуд. Ба ин муносибат  хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон бо ректори муассисаи мазкур  доктори илмҳои иқтисодӣ Асрорзода Убайдулло Саттор оид ба натиҷаҳои фаъолияти ин муассиса дар соли сипаригардида суҳбати ихтисосӣ анҷом дод.

 – Устоди арҷманд, нахуст мақоми байналмилалӣ гирифтани донишгоҳ ба Шумо, ҳайати устодон ва донишҷӯёни муассиса муборак бошад!

-Ташаккур! Боиси фараҳмандӣ ва ифтихори бузурги ҳайати профессорӣ-омӯзгории донишгоҳ ва кулли шаҳрвандони кишвар аст, ки бо розигии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати табдил додани мақоми Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон аз 11-уми сентябри соли 2021, №26/10-12 дода шуд. Сипас, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 январи соли 2022, таҳти рақами 17 ба донишкада мақоми муассисаи таълимии байналмилалӣ дода шуда, Муассисаи давлатии “Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон” номгузорӣ гардид.

-Ин мақоми баланд аз роҳбарият ва коллективи меҳнатии муассиса масъулияти беш аз пешро тақозо мекунад. Ҳадафҳои минбаъда чигунаанд?

-Албатта. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии кишвар таъкид карданд, ки “Дар даврони соҳибистиқлолӣ мо бунёди маорифи миллӣ ва ворид гардидан ба фазои таҳсилоти байналмилалиро ҳадафи муҳимтарин ва самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор додем. Зеро мо чунин мешуморем, ки бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф – сармоягузорӣ барои рушди нерӯи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад”. Аз ин рӯ, мо – масъулон ва корманони соҳаро зарур аст, ки дар партави дастуру супоришҳои Пешвои миллат рисолати худро содиқонаву софдилона иҷро кунем, то дар рушди соҳа ва дар заминаи он ба рушди неруи инсонӣ ва ободии кишварамон саҳмгузор бошем.

Раёсат ва ҳайати коллективи меҳнатии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Қарор, Фармоиш ва дастурҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии дахлдор ба роҳ монда, омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнатро ҳадафи асосии худ қарор додаанд.

– Мехостем доир ба муҳимтарин дастовардҳо дар соли сипаригашта, ки донишгоҳ ба онҳо муяссар гардид, ибрози назар менамудед…

-Боиси хушнудӣ ва ифтихори кулли омӯзгорону кормандон аст, ки санаи 1-уми сентябри соли 2021 ташрифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба донишгоҳ сурат гирифта, 2 бинои нави таълимӣ мавриди истифода қарор дода шуд ва санги асос ба биноҳои дигари маҷмааи таълимӣ гузошта шуд. Ифтитоҳи биноҳои наву замонавӣ боис шуд, ки дар донишгоҳ 9 лабораторияи таълимӣ, китобхонаи илмӣ-электронии муосир, толори маҷлисгоҳ барои 600 нафар, инчунин 37 синфхона ва 22 утоқи корӣ ташкил гардад. Дар натиҷа, шумораи ҷойҳои нишаст дар донишгоҳ ба 7557 адад расонида шуд, ки нисбат ба соли гузашта 3061 адад зиёд мебошад.

Ҳамзамон, боиси сарфарозист, ки бо мақсади омодасозии кадрҳои баландихтисос барои соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ бо дарназардошти иқтидор ва рушди минтақаҳои мамлакат бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июли соли 2021, №301 филиалҳои Донишгоҳ дар вилоятҳои Хатлон ва Суғд таъсис дода шуданд.

Яке аз дастовардҳои муҳиме, ки дар ин давра ба даст омад, дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъсиси факултети муштарак миёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии сайёҳӣ ва хизмати Россия мебошад. Лозим ба ёдоварист, ки аллакай дар соли таҳсили 2021-2022 қабули довталабон ба факултети муштарак ба роҳ монда шуд. Тибқи созишнома муҳассилин ду сол дар Тоҷикистон ва ду сол дар Федератсияи Россия таҳсил менамоянд.

Ҳамзамон, илова ба муваффақиятҳои зикршуда, розигии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъсиси кафедраи ҳарбӣ дар донишгоҳ дода шудааст, ки дар назди ҳайати коллективи меҳнатӣ масъулияти баланд ва иҷрои вазифаҳои нав ба навро ба миён мегузорад. Дар ин самт, бо корбарии пайваста ва ирсоли мактубҳои содиротии донишгоҳ ба ниҳодҳои давлатӣ хулосаи мусбӣ гирифта шуд ва маблағгузории таъсис ва фаъолияти кафедраи ҳарбӣ дар соли таҳсили 2022-2023 шурӯъ мегардад. Аз ин лиҳоз, масъулин баҳри фароҳам сохтани пойгоҳи моддӣ-техникӣ, таълимӣ-методӣ, ворид сохтани тағйиру иловаҳо ба ҷадвали басти вазифаҳо, инчунин таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ корбарӣ намуда истодаанд.

– Устоди муҳтарам, роҷеъ ба муроҷиату дархостҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба донишгоҳ иттилоъ медодед…

-Дар ин давра дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ”, ки аз  23 июни соли 2016 тасдиқ гардидааст, ба раёсати донишгоҳ тавассути шуъбаи умумӣ ва назорат 1325 мактуби воридотӣ ва 1054 мактуби содиротӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мактубҳои воридотӣ 12,6% ва мактубҳои содиротӣ 9% зиёд мебошанд.

Ҳамчунин, дар соли 2021 ба шуъбаи умумӣ ва назорат 4008 адад ҳуҷҷатҳои мухталиф ворид гардиданд. Аз ҷумла, аризаҳои донишҷӯёну кормандон, гузоришҳо, пешниҳодҳо, муроҷиати шаҳрвандон ва дархостҳо ба теъдоди болозикр ба шуъба ворид гардид, ки ҳамаи онҳо барои баррасӣ, фармоиш, иҷро, маълумот ва назорат ба шахсони масъули сохторҳои таркибии донишгоҳ бо имзои шахси қабулкунанда расонида шудаанд.

-Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ аз 26 январи соли 2021 қайд намуда буданд, ки “Мо барои беҳтар кардани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бояд тамоми шароити заруриро муҳайё карда, дар ин раванд масъулияти падару модар, аҳли ҷомеа ва омӯзгоронро боз ҳам баланд бардорем”. Дар ин замина чӣ корҳо ба анҷом расонида шуд?

-Раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо мақсади дастгирии ҳамешагии сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, саривақт иҷро намудани дастуру супоришҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, рушди робитаҳои байналмилалӣ, инчунин фаъолияти инноватсионӣ дар соли 2021 ба як қатор дастовардҳо ноил гардид. Аз ҷумла, болоравии сатҳу сифати таълим ва корҳои илмию таҳқиқотӣ таъмин гардида, густариши робитаҳои берунӣ ва байналмилалӣ, инчунин фаъолияти инноватсионӣ рӯ ба беҳбудӣ ниҳод.

Соли 2021 шумораи кафедраҳо аз 14 адади соли 2020 ба 18 адад расонида шуда, баҳри  иҷрои дастури Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сохтории идоракунии донишгоҳ тағйирот ворид карда шуда, дар заминаи факултетҳои мавҷуда факултети нави технологияҳои рақамӣ ва менеҷмент ташкил карда шуд.

Пешвои муаззами миллат дар Паёми хеш роҷеъ ба масъалаҳои рақамикунонии таҳсилот, зеҳни сунъӣ, касбомӯзӣ, таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва азхуд кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русиву англисӣ дастурҳои мушаххас доданд.

Вобаста ба ин, аз ҷониби қисми таълим ба  ҳамаи кафедраҳои Донишгоҳ дастур дода шудааст, ки ҷиҳати баланд бардоштани сифати таълим ва сатҳи дониши воқеии донишҷӯён аз фанҳои тадрисшаванда чораҳои таъхирнопазир андешанд.

Хотирнишон бояд сохт, ки вобаста ба сохтмони бинои нави таълимӣ масоҳати таълимии донишгоҳ ба маротиб васеъ карда шуда, шумораи ҷойҳои нишаст ба 7557 адад расонида шуд.

Қайд кардан бамаврид аст, ки аз ибтидои соли 2021 ҷараёни баргузории дарсҳои кушода, иштирок ба дарсҳои ҳамдигарӣ аз ҷониби бахши идоракунии сифати таҳсилот ва коршиносони он зери назорати қатъӣ қарор дода шуд. Тибқи маълумоти қисми таълими донишгоҳ дар ин давра 141 маротиба дарсҳои кушода гузаронида шуда, омӯзгорони кафедраҳо 1160  маротиба ба дарсҳои ҳамдигар даромаданд, ки ба ҳар як омӯзгор 5,8 маротиба рост меояд.

Инчунин, аз оғози соли таҳсили  2021-2022 аз тарафи комиссияи озмунӣ, ки дар қисми таълим таъсис дода шудааст, бо омӯзгорони бори аввал ба кор қабулшаванда суҳбатҳо доир карда шуда, ҳангоми қабул ба кор ба нерӯи илмӣ, таҷрибаи педагогӣ, масъулиятнокӣ, тахассуснокӣ, хоҳиши ба кори илмӣ машғул шудан аҳамияти ҷиддӣ дода шуд.

Дар соли таҳсили 2021-2022 дар баробари гуруҳҳои таҳсилаш бо забони анлисӣ аз рӯи ихтисоси “Иқтисодиёти ҷаҳон” як гуруҳи дигар низ аз рӯйи ихтисоси “Менеҷмент дар соҳаи сайёҳии байналмилалӣ” ташкил карда шуд.

Вобаста ба соҳиб гардидани мақоми муассисаи таълимии байналмилалӣ ҳар як кафедраи донишгоҳ ва масъулин дар соли таҳсили 2022-2023 аз рӯйи ҳар як ихтисоси дар донишгоҳ амалкунанда гуруҳҳои таҳсилашон бо забонҳои хориҷиро ба роҳ мемонанд.

Аттестатсияи хатм яке аз нишондиҳандаҳои муҳими маҳсули фаъолияти муассисаи таълимӣ тӯли таҳсили шогирдон буда, сатҳу сифат ва натиҷаҳои он аз фаъолияти ҳар як кафедра ва омӯзгорони он дарак медиҳад. Соли 2021 донишгоҳ 808 нафар хатм намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 228 нафар зиёд мебошад.

-Рушд ва ташаккули соҳаи сайёҳӣ, хусусан соҳаи соҳибкорӣ дар шароити саноатикунонии босуръати кишвар мавриди таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Ҳайати илмии донишгоҳ дар ин самт чӣ дастовардҳо доранд?

– Соли 2021 фаъолияти илмӣ-таҳқиқотии ҳайати илмӣ-педагогии донишгоҳ дар доираи равияи ягонаи илмӣ-назариявии донишгоҳ аз рӯи мавзӯи «Рушди сайёҳӣ ва соҳибкорӣ дар шароити саноатикунонии босуръати Ҷумҳуриии Тоҷикистон» ба роҳ монда шуд. Бояд гуфт, ки дар доираи мавзӯи зикргардида мавзӯи равияи корҳои илмӣ-таҳқиқотии факултетҳо ва кафедраҳои донишгоҳ муайян шудааст, ки вобаста ба он як қатор муваффақиятҳо ба даст омаданд . Дар соли 2021 қариб дар ҳама самтҳои фаъолият, аз ҷумла таҳқиқоти илмӣ, таҳияи китобҳои дарсию методӣ, тайёр намудани кадрҳои илмию педагогӣ, татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ, нашри мақолаҳои илмӣ ва илмӣ-оммавӣ пешравиҳо мушоҳида мегарданд. Аз ҷумла, дар соли 2021 вобаста ба фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ ва инноватсионӣ чунин натиҷаҳо ба даст омаданд:

Бори аввал рӯзҳои 23-24 апрели соли 2021 бо ташаббуси раёсати донишгоҳ озмуни ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти “Ҷоми Раёсат” дар доираи эълон гардидани солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф, бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва баргузор гардид. Хушбахтона, дар озмуни мазкур як нафар донишҷӯи донишгоҳ аз равияи “Технологияҳои иттилоотӣ” соҳиби Дипломи дараҷаи 1 ва “Ҷоми Раёсат” ва 1 нафар донишҷӯи дигари донишгоҳ аз рӯйи равияи “Математика” сазовори ҷои сеюм гардид.

Дар ин давра 26 монографияи илмӣ, 11 китоби дарсӣ, 33 васоити таълимӣ, 31 дастури методӣ, 8 рисолаи илмӣ, аз ҷумла 1 рисолаи докторӣ, 876 мақолаҳои илмӣ, аз ҷумла 152  мақолаи илмии дар маҷаллаҳои илмии аз ҷониби КОА-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тақризшаванда, 127 мақолаи илмӣ дар маводи конфронсҳои байналмилалӣ, 527 мақолаи илмии дар маводи конфронсҳои ҷумҳуриявӣ ва илова бар ин 93 мақолаи илмӣ-оммавӣ ва 70 мақолаҳои илмӣ аз ҷониби донишҷӯён нашр гардид.

Дар ин давра вобаста ба натиҷаҳои фаъолият донишгоҳ тибқи арзёбӣ аз рӯйи меъёрҳои қоидаҳои муайянсозии рейтинги МТОК-и ҶТ аз ҷониби Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шомили даҳгонаи беҳтарини муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ эътироф гардид.

Омодасозии кадрҳои баландихтисоси дорои дараҷа ва унвони илмӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти донишгоҳ ба ҳисоб меравад, ки дар ин давра, 8 нафар устодон рисолаҳои номзадӣ ва 1 нафар рисолаи докторӣ ҳимоя намуданд. Инчунин, ба 1 нафар барои ҳимояи рисолаи докторӣ аз ҷониби шӯрои диссертатсионӣ иҷозат дода шудааст. Дар ин давра 1 нафар устоди донишгоҳ унвони илмии дотсенти кафедраро соҳиб гардида, аз тарафи 4 нафар устодони донишгоҳ ҳуҷҷатҳо барои баррасӣ ва сазовор гардидан ба унвони илмии дотсенти кафедра ва 1 нафар профессори кафедра ба КОА-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шудаанд.

Бо мақсади иҷрои нақшаи дурнамои аз курсҳои такмили ихтисос гузаронидани устодони донишгоҳ, дар давраи ҳисоботӣ 67 нафар устодон ба ин гуна курсҳо сафарбар карда шуда, соҳиби шаҳодатнома гардиданд.

Дар ин баробар, бо дарназардошти саҳми беназири соҳаи саноат дар рушди иҷтимоӣ-иқтисодии мамлакат, инчунин таъмин намудани иҷрои ҳадафҳои стратегии миллӣ аз ҷониби Пешвои миллат эълон гардидани солҳои 2022-2026 «Солҳои рушди саноат» олимони ҷавон ва муҳаққиқони донишгоҳ вазифадор гардидаанд, ки таҳқиқоти бунёдии масоили мубрами соҳаҳои саноатро анҷом дода, тавсияву пешниҳодоти мушаххасро ба ниҳодҳои давлатӣ манзур намояд.

-Албатта, мо ба воситаи ВАО хабардор мегардем, ки толибилмони муассисаҳои ибтидоиву олии кишвар дар олимпиадаҳои дохиливу хориҷӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида истодаанд. Лутфан мегуфтед, ки донишҷӯёни донишгоҳ дар олимпиадаҳо чӣ дастовардҳо доранд?

Дар олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ки дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, санаҳои 28-29 майи соли 2021 доир гардид, 1 нафар соҳиби ҷойи 2-юм аз фанни “Географияи иқтисодии Тоҷикистон бо асосҳои демография” ва 2 нафар соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.

Дар зимн ёдовар бояд шуд, ки дар ин давра дар доираи Нақшаи чорабиниҳо бо ибтикори роҳбарияти донишгоҳ дар ҳамкорӣ бо мақомотҳои гуногуни давлатӣ ва кафедраҳои мутасаддӣ 2 конфронси байналмилалӣ, 12 конфронси ҷумҳуриявӣ, 6 ҳамоиши илмӣ, 89 семинари илмӣ-назариявӣ, 18 мизи мудаввар ва 17 чорабиниҳои гуногуншакли илмӣ баргузор гардид, ки оид ба натиҷаи ҷамъбасти онҳо бо хулосаю таклифот ба мақомоти дахлдор маълумотнома фиристода шуд.

-Барои баланд бардоштани маънавиёт ва ҷаҳонбинии донишҷӯён чӣ тадбирҳо андешида шуданд?

-Тарбияи маънавии донишҷӯён яке аз самтҳои фаъолият дар донишгоҳ аст. Дар ҳамкории муштарак бо намояндагони васоити ахбори омма  мунтазам донишҷӯён ба барномаҳои ахлоқию тарбиявӣ ва чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ ҷалб карда мешаванд. Омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ бо барномаҳои Шабакаи аввали телевизиони “Тоҷикистон”, Муассисаи давлатии телевизиони “Сафина”, барномаҳои гуногуни телевизиони “Ҷаҳоннамо” ва “Баҳористон” ва ҳамзамон барномаҳои радиоӣ ҳамкории зич доранд.

Бо мақсади тарбияи ҳисси ватандӯстӣ, баланд бардоштани худшиносии миллӣ, ифтихори шаҳрвандии ҷавонон ва тарбияи ғоявӣ, сиёсӣ ва маърифатию фарҳангии насли наврас дар соли 2021 беш аз 86 чорабинии тарбиявӣ баргузор карда шуд. Инчунин, боиси хурсандист, ки донишҷӯёни донишгоҳ дар як қатор озмунҳо миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ширкат варзида, дар соли 2021 дар озмуни “Ҷавондухтари ҳунарманд” бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардидани солҳои 2019-2021 сазовори ҷойи аввал гардиданд.

Дастаи волейболбоздухтарони донишгоҳ дар ҳайати дастаи Душанбе -1 дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ байни донишҷӯёни таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаҳои 7-13 декабри соли гузашта дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон баргузор гардид, сазовори ҷойи 1-ум ва Шоҳҷоиза гардиданд.

-Дар шароити муосири ҷаҳонишавӣ ва воридшавӣ ба фазои ҷаҳонии таҳсилот густариши робитаҳои байналмилалӣ яке аз масъалаҳои стратегии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ маҳсуб меёбад. Донишгоҳ бо кадом муассисаҳои таълимӣ ва илмии хориҷӣ ҳамкорӣ дорад?

-Дуруст қайд намудед, хусусан, барои донишгоҳи мо масъалаи мазкур хеле мубрам арзёбӣ мешавад, зеро тавре болотар иброз намудем, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон донишкада мақоми муассисаи таълимии байналмилалиро соҳиб гардид.

Донишгоҳ дар соли 2021 бо 46 донишгоҳу донишкада ва марказҳои илмӣ-таҳқиқотии хориҷӣ шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонид, ки аз онҳо 36 шартномаи ҳамкорӣ ва 10 шартнома маҳз барои табодули донишҷӯён ва такмили ихтисоси омӯзгорон мебошад. Аз ҷумла, як шартнома бо Донишгоҳи илмҳои компютерӣ ва муҳандисии Малайзия мебошад.

Бо мақсади омодасозии кадрҳои ҷавобгӯ ба талаботи байналмилалӣ дар мувофиқа ва ризоияти ниҳодҳои давлатӣ аз 11 марти соли 2021 факултети муштараки донишгоҳ ва Донишгоҳи давлатии сайёҳӣ ва хизмати Россия таъсис дода шуд, ки дар он мутахассисон аз рӯйи 3 ихтисоси риштаи сайёҳӣ омода карда мешаванд.

Донишгоҳ тасмим гирифтааст, ки дар доираи шартномаҳои басташуда ва созишномаҳои нави ҳамкорӣ дар сессияи баҳорӣ табодули академии донишҷӯён ва такмили ихтисоси омӯзгоронро дар макотиби олии Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Малайзия, Полша, Кореяи Ҷанубӣ, Нидерланд ва дигар мамлакатҳо ба роҳ монад.

Боиси хушнудист, ки рӯзҳои 31 май – 2 июни соли 2021 бори аввал се ихтисос тариқи онлайн аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаронида шуда, донишгоҳ сазовори шаҳодатномаи аккредитатсияи байналмилалӣ гардид.

Дар соли 2021 баҳри иҷрои саривақтии банди 14 Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати барқарор намудани филиали донишгоҳ дар ноҳияи Сариосиёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон чораҷӯӣ карда шуд ва бо дастгирии ниҳодҳои давлатӣ филиали мазкур аз нав барқарор хоҳад шуд.

Мавриди зикр аст, ки шумораи донишҷӯёни хориҷии донишгоҳ беш 400 нафарро ташкил медиҳад ва баҳри зиёд намудани теъдоди донишҷӯёни хориҷӣ боз ҳам тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

-Ҷиҳати дастгирии моддӣ ва беҳдошти иҷтимоии кормандон чӣ корҳо анҷом дода шуд?

-Иттифоқи касабаи кормандон дар соли 2021 дар ҳамкорӣ бо раёсати донишгоҳ дар соҳаи иҷтимоӣ ва кумак расонидан ба табақаи ниёзманд ва осебпазири аҳолӣ, корҳои муайянеро ба анҷом расонид.

Дар ин давра ба 43 нафар устодон ва кормандони донишгоҳ роҳхат барои барқарор кардани саломатӣ ба осоишгоҳҳои кишвар ҷудо карда шуд ва ин иқдом то ҳол идома дорад. Кормандон метавонанд, ки дар вақтҳои муносиб ва фориғ аз кор барои барқарор кардани саломатӣ ба осоишгоҳҳо сафарбар карда шаванд.

Дар ин давра, бахшида ба ҷашнҳои миллӣ ва рӯзҳои  ид коллективи меҳнатии донишгоҳ кӯмаки молиявӣ расонида шуд.

-Фаъолияти литсей ва филиалҳои донишгоҳ дар кадом сатҳ аст?

-Дар соли 2021 маъмурият ва ҳайати омӯзгорони литсейи донишгоҳ дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллатро сармашқи кори худ қарор дода, тамоми ҳадаф ва нерӯи худро баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омӯзиши фанҳои табиатшиносию дақиқ ва риёзӣ, мутолиаи асарҳои бадеӣ, омӯзиши амиқи технологияи муосир, самаранок роҳандозӣ намудани усулҳои фаъоли таълим ва муносибати салоҳиятнокӣ, интихоби бошууронаи касб ва ҳунаромӯзӣ, камолоти маънавию ахлоқӣ, одоби салому эҳтиром ва гиромидошти арзишҳои миллӣ ва ҳисси ватанпарастии хонандагон равона намуданд.

Дар литсейи донишгоҳ 585 нафар хонандагон таҳсил намуда истодаанд, ки 215 нафари онҳоро духтарон ташкил медиҳанд. Дар умум, дар давраи ҳисоботӣ дар литсей 29 синф фаъолият намуд, ки аз ин 16 синф таълимашон ба забони русӣ ба роҳ монда шуд. Дар соли таҳсили 2021-2022 дар литсей 3 нафар хонанда гирандаи Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 2 нафар гирандагони Стипендияи Раиси шаҳри Душанбе мебошанд.

Тавре зикр кардем, бо мақсади омодасозии кадрҳои баландихтисос дар соҳаҳои сайёҳӣ ва саноат бо дарназардошти иқтидор ва рушди минтақаҳои мамлакат бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон филиалҳои донишгоҳ дар вилоятҳои Хатлон (шаҳри Левакант) ва Суғд (шаҳри Хуҷанд) таъсис дода шуданд. Фаъолияти филиалҳои донишгоҳ дар асоси Иҷозатномаи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст.

-Ташаккур барои суҳбати пурмуҳтаво.

-Саломат бошед.

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь