Ба Диққати Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Нусха: Ба Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ,
Ба Прокурори Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал – лейтенанти адлия Воҳидзода Ҳабибулло Саид
Аз номи Набиева Давлатмоҳ, Набиев Шералӣ, Набиева Икромбӣ, Синои Муродалӣ сокинони шаҳри Ваҳдат, кӯчаи “Янгибозор”, хонаи № 29
Таърихи ҳар як миллат ва давлат асосгузор ва пешвоёне дорад, ки дар мушкилтарин вақт зимоми давлатдориро ба даст гирифта, ояндаи дурахшони ин миллат ва давлатро месозанд.
Номи Эмомалӣ Раҳмон, ки дар сессияи таърихии шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи ноябри соли 1992 ба арсаи ҷаҳонӣ паҳн гардид. Ин номи худодод, кишвари тоҷиконро, ки аз рӯзи аввали ташкилшавии Тоҷикистони навин дар оташи ҷанги хонумонсӯзи дохилӣ месӯхт, ба як кишвари амну осоишта ва дорои арзишҳои олии инсонӣ табдил дод.
Бо гузашти беш аз 30 сол, имрӯз аллакай Тоҷикистонро яке аз кишварҳои амнтарини сайёра мешиносанд, ки ин ҳамагӣ аз қадамҳои устувори Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон аст ва маҳз ҳамин амнияту пешрафтҳоро баъзе аз мансабдорон дар сохторҳои гуногуни давлатдорӣ дидаву дониста мехоҳанд истифода намоянд, ки ин ҳама хизматҳо ва ҷоннисориҳои Пешвои муаззами миллатро пеши ҷомеъаи бо умед мезиста, ноумед мегардонад. Муҳтарам Пешвои Муаззами Миллат, ва нафароне, ки ҳуқуқҳои конститутсионӣ ва озодиҳои инсон аз шумо вобастаанд мо аҳли оилаи Набиевҳо аз шаҳри Ваҳдат ба шумо муроҷиат намуда, хоҳони адолат дар системаи назорати қонун ва судӣ мебошем.
Гап сари он меравад, ки санаи 24 августи соли 2020-ум ба бародар ва падари мо Набиев Муродалӣ маблағ лозим мешавад, ки хонаи ба номи марҳум падараш Набиев Мадамин дар суроғаи шаҳри Ваҳдат кӯчаи “Янгибозор” №29-ро ба Азизов Азизхӯҷа ном шахс як қисматашро ба маблағи 300 ҳазор сомонӣ савдо менамояд. Дар оянда дар 6 ҳолат аз маблағи 300 ҳазор сомонӣ ҳамагӣ 100 ҳазор сомониашро бо забонхатҳояш тасдиқ намуда мегирад. Дар ин кор завҷааш Набиева Давлатмо ва модараш Заробекова Гуландом шоҳид ҳастанд. Ҳамаи ин маблағро Азизов Азизхӯҷа ном шахс, ки хонаро савдо намуда буд, додааст. Ин кор муддати 10 моҳ бо ваъдаи бозпас додани маблағи 200 ҳазор сомонии боқимонда сурат гирифтааст. Новобаста аз он ки Азизов Азизхӯҷа маблағи 200 ҳазор сомонии дигар, яъне аз 3-2 ҳиссаи маблағро қарздор бошанд ҳам, падарам ба онҳо иҷоза медиҳад, ки қисмати ба онҳо савдошударо деворбандӣ намоянд. Вақте деворбандӣ ба анҷом мерасаду дару деворро ҷудо менамоянд, падарам Набиев Муродалӣ Мадаминович мебинад, ки ба манзили савдо кардашуда, кадом як шаҳрванди ҷумҳурии Афғонистон бо номи Абдулҳамид Ализода даро баро дорад. Вақте ин саволро ба Азизов Азизхӯҷа медиҳад, он нафар посух медиҳад, ки вай устои хона мебошад, манзили ӯро таъмир дорад. Вақте Набиев Муродалӣ боқимонда маблағро талаб менамояд, ба ӯ мегӯянд, ки “бо ҳамин забонхатҳоят мо ҳам хонаро аз дастат мегирем ва ҳам туро ба маҳбас мефиристонем”.
Яъне, дидаву дониста бо ваъдаҳои дурӯғу пуч ҳам падар ва ҳам бародарамонро маҳбас мекунонанд ва ҳам дар ду марҳилаи судӣ бо қарорҳои ғайриқонунию қалбакӣ қисмати манзили истиқоматиро, ки онҳо савдо намуда буданд, забт карда мегиранд.
Байни мардуми Тоҷик мақоле ҳаст, ки “ҳам дуздб ва ҳам ҳам пешхезӣ”, яъне дидаву дониста Азизов Азизхӯҷа ба воситаи як шиноси Набиев Муродалӣ бо ӯ шиносоӣ пайдо менамояд. Дидаву дониста бо роҳҳои қаллобию ноинсофӣ ба бовари Набиев Муродалӣ даромада, манзилро аввалан 300 ҳазор сомонӣ савдо намуда, ҳамагӣ 100 ҳазор сомониашро дода, онро ба дигар нафар медиҳад, яъне ӯ миёнарав будааст. Ва аз содагии тоҷикона сӯйиистифода намуда, миёнаравӣ намуда, қисмати манзили моро ба дигар нафар мефурӯшад.
Дар таърихи 26 июлу соли 2021 Набиев Муродалӣ Мадаминовичро бо аризаи даъвогии Ализода Абдулҳамид ҳабс мекунанд. Ба ӯ тибқи моддаи 247, қисми 4, банди “б”, Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз менамоянд. Дар ҳамон вақт маълум мегардад, ки Азизов Азизхӯҷа манзилро нахаридааст, балки ҳамчун миёнарав манзилро ба шаҳрванди Афғонистон Ализода Абдулҳамид дода будааст, яъне ӯ миёнарав ва “пуштибон” – и шаҳрвандони дигар давлат будааст. То ин вақт дар кори савдои ин манзили дар боло гуфташуда на Ализода Абдулҳамид, на бародараш Ализода Абдулшифоҳ, на янгааш Одинаева Кобулмоҳ набудаанд, ки инро ҳамаи шоҳидон аз ҷумла худи мо, нависандагони ин муроҷиатнома хуб медонистем, ки қисмати манзили моро ба 300 ҳазор сомонӣ фурӯхтаанд. Ҳамаи парвандаи ҷиноятӣ нисбати Набиев Муродалӣ оғоз кардашуда, қалбакӣ буда, онро бо далелҳои раднашаванда мо метавонем исбот намоем. Ҳамаи шоҳидоне, ки гуноҳи Набиев Муродалиро исбот карданӣ мешаванд, шоҳидиашон қалбакӣ аст. Ба ғайр аз намояндаи онҳо, ки дар шаш ҳолат гирифтани маблағи қисмати хонаи фурӯхташударо ба муддати 10 моҳ шоҳид будааст. Ҳол он ки манзили истиқоматӣ ба маблағи 300 ҳазор сомонӣ фурӯхта шудаасту ин амалро шоҳидони ҳол ва худи мо хуб медонистем. Агар мо оқибати корро медонистем, ба нафарони авғонӣ деворбандӣ намудани манзиламонро ба ҳеҷ ваҷҳ ризоият намедодем.
Мо танҳо ба Азизов Азизхӯҷа, ки ваъдаи додани 200 ҳазор сомонии боқиро карда буд, иҷозат дода будем, ки қисми харидаашро деворбандӣ намояд. Мӯҳтарам Президент ва дигар нафарони дар муроҷиатномаи мо зикршуда, оё дар маркази шаҳри Ваҳдат давоми 10 соли охир як қисмати манзили истиқоматиро ба 100 ҳазор сомонӣ мутааллиқ ба 9 ҳазор доллар ягон вақт харидан мумкин буд? Ин суолро шумо ба Прокурори Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба дилхоҳ нафар аз маркази шаҳри Ваҳдат, ки истиқоматкунандааш мебошад, диҳед.
Ҳол он, ки он қалобон, ки аз экпертизаи судӣ омадаанду нархи манзили харидаи Азизов Азизхӯҷаро 100 ҳазор сомонӣ нарх мондаанд оё ин ба ҳақиқат рост меояд? Дигар ҳатто ин дар санадҳои тартибдодаи онҳо, ки дар он на имзои мо ҳасту на мо бо онҳо шинос гардидаем, пешниҳод шудааст. Ин амал низ бархилофи тамоми қонунҳои амалкунандаву инсонӣ сурат гирифтааст. Ҳоло давоми 10 соли охир як сотих заминро дар талу теппаҳои шаҳри Ваҳдат қаллобону заминфурӯшон аз 6 то 10 ҳазор доллар ба савдо мебароранд. Ҳол он ки аз мо 2 манзили истиқоматӣ, пешайвон бо дару девораш, дар вақти фурӯхта шуданаш низ 350-500 ҳазор сомонӣ нарх дошт. 11 октябри соли 2021 Набиев Муродалиро бо ҳукми суди шаҳри Ваҳдат 11 сол аз озодӣ маҳрум намуданд. Оё ин амал дар доираи адолати судӣ, барои нафаре, ки бори аввал “ҷиноят” содир кардааст, дар барқароркунии ҳукумати констистутсионӣ иштироки фаъолона намудааст мебошад?Ҳол он ки Набиев Муродалӣ модари пир доштаю тавсифномаи хуб аз маҳаллаву ҷомеа дошт ба вай чунин ҳукми сангин ӯ оё лоиқ буд ё на?.
Гарчанде, ки Набиев Муродалӣ беш аз 4 соли умри азизи худро бо тӯҳмату қаллобии дигарон паси панҷараи зиндон сипарӣ намуда бошад ҳам, бо ҳалномаи боз ҳамин суди шаҳри Ваҳдат аз 31 марти соли 2023 баъди гузаштани беш аз 4 соли адои ҳукми аввал таҳти раисии Ҳабибуллозода Х манзили истиқоматии моро гирифта ба янгаи Ализода, – Одинаева Кобулмоҳ медиҳанд. Гарчанде Набиев Муродалӣ дар маҳбаси низомаш сангин қарор дошта бошад ҳам, манзили моро гирифта ба Одинаева Кобулмоҳ додаанд. Оё барои як амал дар 2 ҳолат ҷазо додани шахс дар кадом қонун пешбинӣ гардидааст? Барои чӣ бе иштироки мо, – соҳибмулкон ва ё меросхӯрон амволи падару бобои моро суд дидаву дониста дигарбора тасарруф намуда ба дигар нафар медодааст? Ҳол он, ки ин манзил ба ҳамаи мо меросхӯрон тааллуқ дошта ҳатто маблағи савдошударо Азизов Азизхӯҷа ба мо ва аҳли оилаи мо пардохт накардааст!
Ҳам суди зинаи аввал ва ҳам суди зинаи дуюм аввалан ба кирдорҳои Азизов Азизхӯҷа ва дигар ҳаммаслакони даст ба ҷиноят задааш бояд баҳои қонунӣ медод.
Ба Набиев Муродалӣ дар ягон ваҷҳ суд адолати судиро раво надидааст ва дар шароите, ки ӯ агар озод карда мешуд, ҷуброни молие, ки суди зинаи дуюм ҳамчун зарари молӣ эътироф намудаасту ба даъвогарон додааст бояд аввал ба кирдорҳои Азизов Азизхӯҷа ва дигар нафарон, ки сабабгори беш аз чор сол бегуноҳи азим таҳти ҳабс ва ҷазо қарор гирифтани Набиев Муродалӣ гардидааст баҳои ҳуқуқӣ медод.
Ҳатто дар вақти иҷрои қарори кӯчонидани мо, ки аз тарафи хадамоти иҷро ба сомон расонида шудааст, маблағҳои пулӣ ва дороиҳои мо аз қабили тилловорӣ ва ҷавоҳирот ба ғорат бурда шудааст. Гарчанде оиди ин масъала мо ба прокуратураи шаҳри Ваҳдат ва Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ариза навиштем, вале то ба имрӯз аз ҳардуи ин сохторҳои бонуфуз низ ҷавобе ба мо нарасидааст. Суоли асосии мо ин буд, ки барои чӣ бе иштироки мо ин амал сурат гирифт ва кӣ бояд ба ин кирдор ҷавоб гӯяд?
Бинобар даҳшатҳои ба сари оилаи мо омада, аз шумо Пешвои Муаззами Миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Маҷлиси Миллӣ, муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Прокурори Генералӣ, муҳтарам Воҳидзода Ҳабибулло Саид, ки ҳамагӣ кафили озодӣ ва ҳуқуқҳои инсонии мо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошед, эҳтиромон хоҳиш менамоем, ки ба амалҳои ғайриқонунӣ дар шаҳри Ваҳдат, ки аз тарафи баъзе аз гуруҳҳои манфиатҷӯ сурат гирифтааст, баҳои қонунӣ дода ба гунаҳгорон, ки қонунро ҳамчун яроқ бар зидди инсонҳои комилан бегуноҳ равона месозанд, баҳои қонуни медодед ва шахсоне, ки дар ин қазия гунаҳгоранд, сазои худро мегирифтанд.
Набиев Шералӣ, Набиева Икромбӣ, Синои Муродалӣ, Набиева Давлатмо