Хабар ёфтем, ки дар наздикии Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе собиқадори авиатсияи граждании Тоҷикистон, нафаре, ки 50 соли ҳаёташро дар ин соҳа сарф кардааст, шахсияте, ки 18000 соат дар фазо умр ба сар бурдааст, Ҳакимов Қудратулло Халифаевич зиндагӣ мекардааст. Мо ҳам, ба гуфти ровиёни телевизион, “аз фурсати муносиб истифода бурда”, ба дидорбинии ин нафар рафтем.

Мо дар назди дарвозаи Ҳоҷӣ Қудратулло нафас кашида истодаем. Дарро мекӯбем. Дар боз шуд. Дарун даромадем. Даромадан замон фикр кардем, ки аз Душанбе баромадем. Фазо тамоман дигар шуд. Аз муҳити тангу пуродами Душанбешаҳр тамоман асаре намонд. Дар ин ҳавлии кӯчак дарахтон гул кардаанд. Замини наздиҳавлигӣ побел шудаву чизе кошта шудаву дар чашмҳои мо сабзӣ дорад. Мутаассифона, чизҳое, ки дар замин кошта мешаванд, на ҳамаашонро мо аз буттаву қоматашон мешиносем. Ба ҳамин хотир, ба тамоми ҳавлӣ нигоҳи сарсарӣ давондем. Дар миёни ҳавлӣ пирамарде машғули кор буд.

– Ассалому алейкум, хаста набошед!

Ӯ каме ҳайрон шуд. Ба гумонамон ҷумлаи “инҳо кӣ бошанд, то даруни хонаам омадаанд?ро аз дил гузаронд. Инак, чеҳрааш тағйир ёфт. Табассум кард. Тарафи мо қадам партофт. Наздик мешавад. Мо ҳамоно мунтазир ҳастем, ки саломамонро алейк гирад. Ба назди мо расид. Оғӯш кушода даст дароз кард.

– Воалейкум бар салом! Хуб ҳастед, тенҷ ҳастед, корҳоятон хуб ҳастанд, кадом шамолҳо тарафҳои мо парронд шуморо?

– Шукр, мо хубем. Шуморо хабаргирӣ омадем.

– Бисёр кори хуб кардед. Дар ин синну сол одам доимо роҳ мепояд. Роҳеро, ки касе аз дараш дарояд. Марҳамат кунед, ба хона гузаред.

– Ташаккури зиёд. Мо медонем, ки ҳар нафари ба синну соли Шумо расида мехоҳад аз гузаштаи худ ёд кунад. Ин ҷо мо мехоҳем, ки ба ҳамин мазмун бо Шумо суҳбате дошта бошем…

– Бисёр хурсандам аз ташрифатон.

– Аз падар, модар ва зодгоҳ чиро дар хотир доред?

– Падарамро бо чашм надидаам. Зеро ҳанӯз дусола набудам, ки аз ин дунё гузаштанд. Дар ёд дорам, ки модарам бисёр месулфиданд. Аз сабабе, ки ман хурд будам, ба бемории модарам чандон таваҷҷуҳ намекардам. Мутаассифона, нуҳсола нашуда будам, ки модарам ҳам аз дунё гузаштанд. Дар ин асно дарди сари апаам шудам. Дарди сари нафаре, ки худаш дарди сар буд. Дарди сари нафаре, ки худаш рӯзи хуш надошт. Дарди сари нафаре, ки худаш муҳтоҷи дигаре буд… Дар бораи зодгоҳам бошад, бояд бигӯям, ки дар он ҷо ман ҳеҷ вақт хӯроки шикамсерӣ нахӯрдаам. Хусусан, замоне, ки ятим шудам. Як чизи дигарро низ ба ёд дорам, ки ман як хари сиёҳ доштам ва рӯз то бегоҳ бо он мегаштам.

– Мо фикр мекунем, ки ба ёд овардани деҳа ҳатман бозиҳои деҳаро низ ба хотир меорад. Шумо кадом бозиҳоро иҷро мекардед?

– Аслан, мо бозии муайян надоштем. Ё шояд доштему дар ёди ман намондааст. Танҳо медонам, ки вақте кӯдак будем, дар деҳаамон ҳамроҳи ҳамсинфонам дар беруну саҳро якдигарро пуштора карда, медавидем. Гӯштин мегирифтем. Даводаваку суросурак мекардем.

– Аз ҳамсифонатон гуфтед. Метавонед доир ба онҳо чизе бигӯед?

– Мутаассифона, ҳоло ягон ҳамсинфам дар қайди ҳаёт нест. Ҳамаашон аз ин дунё реҳлат карданд. Худо раҳматашон кунад, инсонҳои хуб буданд. Ёд дорам, вақте ки як ҳамсинфам бемор шуду ба беморхона рафт. Духтур аз ӯ пурсид, ки дар ёд оварда метавонӣ, ки боре аз касе зарб хӯрдаӣ, ё ин ки бо касе ҷанг кардаӣ? Дар ҷавоб ҳамсинфам гуфт, ки кадомашро ба ёд орам, ҳар рӯз корам шаттахӯрӣ аст?

– Тавре огаҳӣ дорем, Шумо дар мактаби деҳаатон то синфи ҳафтум таҳсил кардед ва

– Бале, ман пас аз синфи ҳафт ба мактаб-интернати маркази ноҳия рафтам. Бояд бигӯям, ки дар он вақт мактаб-интернати марказӣ беҳтарин даргоҳ ва сарпаноҳ барои мо барин бачаҳо буд. Дар онҷо синфи 10-ро хатм кардам.

– Пас биёед аз таҳсил дар онҷо бигӯед.

– Аз он нафароне, ки дар мактаб-интернат якҷо дарс мехондем, ҳеҷ кадоме аз онҳо низ имрӯз дар қайди ҳаёт нестанд. Вале дар мавриди мактаб-интернате, ки мо таҳсил кардем, ҳамин нуктаро мехоҳам қайд намоям, ки шароит хеле хуб буд. Дар як рӯз 3 маротиба хӯрок медоданд. Вақте ки моро ба калхоз пахтачинӣ мебурданд, ман аз ҳама ҳамсинфонам зиёдтар пахта мечидам. Аз ҳисоби пуле, ки моро аз пахтачинӣ медоданд, либос мехаридам.

– Маълум аст, ки қиссаи ба мактаби олӣ дохил шудани ҳар нафар фарқкунанда аст. Ҳоло мехостем аз Шуморо фаҳмида бошем.

– Пас аз он, ки мо мактаб-интернатро хатм намудем, нафароне, ки соҳиб доштанду пулдор буданд, ба донишкадаву донишгоҳҳои олӣ дохил шуданд. Вале мани ятим чӣ кор карданамро намедонистам. Наметавонистам дар назди апаам аз донишгоҳ лаб кушоям, зеро хуб медонистам, ки шароити зиндагияш ниҳоят бад буд.

– Давоми хати тақдир чӣ шуд?

– Ман ба пойтахт омадам. Чанде дар кӯчаҳои Душанбе сарсону саргардон гаштам. Рӯзе аз назди кинотеатри “Ватан” мегузаштам, ки эълонеро дидам. Дар он барои таҳсил намудан дар Русия гуфта шуда буд. Ҳуҷҷатҳоямро гирифтаму назди зане рафтам, ки ҳуҷҷат қабул мекард. Он зан пас аз тафтиши ҳуҷҷатҳои ман бо табассум ҷонибам нигарист. Ӯ аз ман макони зистамро пурсон шуд ва чун фаҳмид, ки ман дар Душанбе ҷойи хоб кардан надорам, аз ошёнаи якуми биное як ҳуҷра гирифта, ба ихтиёрам гузошт. Ҳамин тавр, ман як ҳафта аз комиссия гузаштам. Аз имтиҳонот низ гузаштам. Бо кӯмаки бародарам чиптаи қатора гирифтаму ба шаҳри Троитски вилояти Челябинск сафар кардам. Мо ду нафар будем. Ҳамсафарам Убайдулло ном дошт. Як ҳафта дар даруни қатора будем.

– Ҳоло то ҷое омадем, ки Шумо лётчик шуданӣ рафтед, аммо нагуфтед, ки чаро ин касбро интихоб кардед?

– Гуфтам, ки ман пас аз хатми мактаб-интернат дигар чӣ кор карданамро намедонистам ва лётчик шудан дар фикру зикри ман тамоман набуд, аммо вақте дидам имконият ҳаст, кӯшиши таҳсил кардам. Он замон ман имкони интихоби касбро надоштам.

– Агар дар он эълон ягон касби дигаре ҳам мебуд ва имконоташ ба касби интихобкардаатон баробар мешуд, кадомиро интихоб мекардед?

– Ҳоло, ки лётчик шудам, агар гӯям, ки дигареро интихоб мекардам, дурӯғ мешавад. Ва умуман ҷавоб додан ба ин савол барои ман мушкил аст.

– Як наврас ё ҷавон, ки аз болои хар хеставу ба Русия рафт, то кадом андоза забони русиро медонист?

– Ман метавонам бигӯям, ки ҳанӯз дар даврони мактабӣ каме ҳам бошад, таҳкурсии забони русӣ доштам. Дар аввали рафтанам тахминан 30-40%-и калимаҳои устодон бароям фаҳмо буданд. Албатта, дар ин дунё ҳеҷ коре бе мушкилӣ намешавад ва ман ҳам дар аввал хеле азоб кашидам барои аз бар кардани луғатҳои зарурӣ. Аммо рафта-рафта ҳамааш хуб шуд.

– Таҳсил дар донишгоҳи кишвари бегона барои як бачаи деҳотӣ чи гуна буд?

– Албатта мушкил буд. Он мушкилиҳоро Худо ба сари касе наорад. Баъзан вақт мешуд, ки аз худу дарсу донишгоҳу зиндагӣ дилгир мешудем, аммо фикре, ки бо кадом мақсад ин ҷо омадем, моро водор мекард, ки сабру тоқат карда, зиндагиву таҳсилро давом диҳем. Дар бобати дарсҳо бошад, аз сабабе, ки қисми зиёди фанҳои таълимии мо дар худ истилоҳоти хоси соҳаи авиатсияро доро буданд, барои мо мушкилиҳои зиёдеро ба бор меоварданд. Худоро шукр, ки дар он рӯзҳои сахт ва мушкил таҳсилро напартофтем.

– Бо вуҷуд доштани чунин мушкилиҳо оё буданд нафароне, ки дар давоми таҳсил аз донишгоҳ хориҷ шуда бошанд?

– Магар бе хориҷ шудан мешавад? Ҳамон рафиқам, ки Убайдулло ном дошту ҳамроҳи ман аз Душанбе ба шаҳри Троитски вилояти Челябинск сафар карда буд, дар давоми таҳсил мутаассифона хориҷ карда шуд. Ӯ ба Тоҷикистон баргашт ва дар зодгоҳаш ба вай лақаби “Лётчик”-ро монданд. Ҳамин тавр, ман лётчик шудаму вай “лётчик”.

– Дар донишгоҳ таҷрибаомӯзӣ чи гуна мегузашт?

– Дар вақти таҷрибаомӯзӣ моро ба фурудгоҳ мебурданд. Аслан, таҷрибаомӯзиҳои мо дар фурудгоҳҳо мегузаштанд. Мо дар макони ё ба таври дигар гӯем, хонаи ҳавопаймоҳо бо қисмҳои даруниву берунии онҳо шинос мешудем. Ҳар он чизеро, ки намефаҳмидем, аз устодонамон пурсон мешудем. Агар баъзан нофаҳмиҳо ва муаммоҳоро ба инобат нагирем, таҷрибаомӯзиҳоямон бисёр дар сатҳи хуб анҷом меёфтанд.

– Вақте дар хориҷа таҳсил кардеду рафиқони деҳотиатон дар Тоҷикистон, лутфан бигӯед, ки фарқият миёни Шумо ва онҳо чӣ буд?

– Пас аз он, ки ман мактаби олиро хатм намудаму ба Тоҷикистон баргаштам, дарҳол дар авиатсияи тоҷик ба кор даромадам. Вале рафиқонам, ки дар Тоҷикистон дар мактабҳои олӣ таҳсил намуда буданд, пас аз хатми мактабашон боз ба ҳамон деҳа баргашта, деҳқон шуданд. Вале ман аз пӯшти ин касб соҳиби ҳама чиз шудам: соҳиби хонаву дар, мошин, оилаи хушбахт ва қабл аз ҳама соҳиби ном ва обрӯ гардидам.

– Дар ҳолати ҳаракати ҳавопаймо худатонро дар осмон чи гуна тасаввур мекардед?

– Чизи ғайримуқаррарие нест. Дар фазо парвоз кардан ҳам ба монанди дар мошин савор шудану аз ҷое ба ҷое рафтан аст. Парвоз кардан шояд ба назари баъзеҳо аҷиб намояд, аммо ман, ки 37 соли ҳаётамро дар фазо гузаронидаам, дигар бароям оддӣ менамояд.

– Ҳангоми парвоз ягон ҳолати хатарнок буд?

– Дар воқеъ, бояд гуфт, ки дар кори мо ҳодисаву воқеоти хатарнок хеле зиёд рух додаанд. Масалан, яке аз онҳо дар соли 1972 ба амал омада буд. Рӯзи боронӣ буд. Хати парвоз лойи сурх дошт. Ҳангоми нишастани ҳавопаймои Як-40 дар фурудгоҳи Исфара шамол аз ҷониби паҳлу мевазид. Ҳавопаймо дар масофаи муқарраршуда наистода, рӯйи лой лағжида, аз хати парвоз берун рафт. Командир Сироҷ Эшонхонов режими “Автомат юза”-ро қатъ кард. Бо вуҷуд шамоли паҳлу тела медод ва ҳавопаймо пас аз хати парвоз берун шудан якпаҳлу зад. Дар дохил 7 нафар мусофир буданд, ки хушбахтона, касе осеб надид.

– Дар охир аз парвози аввалину охирин бигӯед, бисёр хуб мешавад

– Аввалин парвоз лаҳзаи ниҳоят ширину хотирмон буд. Зеро он вақт шавқ, завқ ва ҳаваси зиёд доштам. Охирин парвоз бошад, аллакай вақти видоъгӯйӣ буд. Ҳангоми охирин парвоз ман дар назди ҳавопаймо як акси хотиравӣ гирифта будам. Пас аз охирин парвоз, вақте ки маро ба нафақа мегуселониданд, аз назди ҳавопаймо бо як ҷаҳон таассуроти нек гузаштаму чархҳои онро бӯсидам. Чун вақти хайрухушкунӣ баъд аз 50 соле, ки фаъолият кардам, насибам гашт. Шукр, ки ба он ва ин рӯзҳо расидем.

Мо чойҳоямонро то охир нӯшидем. Хоҳиш кардем, ки Ҳоҷӣ Қудратулло дуои дастархонро хонанд ва мо аз ҷоямон хезем.

 

Мусоҳибон:

Сино ТОҲИРОВ,

Баҳруллои АБДУЛЛОҲ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь