(Мусоҳиба бо Сайдализода Ҷурахон роҳбари РСМС ва НС дар минтақаи Кӯлоб)

– 32 солагии Иҷлосияи тақдирсозро ҷашн гирифтему 35 солагии соҳибистиқлолии кишвар дар пеш аст, дар солҳои вазнини аввали соҳибистиқлолӣ самти кори Шумо чӣ шароиту ҳолате дошт?

– Тасаввур кунед 30 сол пеш мағозаҳои назди хонаи ҳар кадоми мо чӣ тарз буд, ба ягон стандарт ҷавоб намедод. Чӣ номгӯи маҳсулотеро, ки фурушанда дошт, ба фурӯш мегузошт. Ҷо ба ҷо гузории маҳсулоти хӯрокаву маводи ғайрихӯрока чӣ хеле фурушандагон мехостанд маҳсулоташонро ҳамон тарз паҳлуи ҳам мегузоштанд. Мувофиқи стандартҳо бояд маҳсулоти хӯрока алоҳида бошад, аз маҳсулоти ғайри хӯрока барои он ки инаш бӯйи вайашро мегирад. Мисол, ҷой агар бо собун паҳлуи ҳам бошанд, дарҳол бӯяшро мегирад. Барои ҳамин фурушанда маҳсулоти хӯрокаро дар халтаи селофании алоҳида ва маҳсулоти ғайрихӯрокаро бошад дар дигар халта гирифта, ба муштарӣ бидиҳад. Барои ҳамин мо корҳои фаҳмондадиҳӣ ва санҷишҳои нақшавӣ ва ғайринақшавӣ ҳамроҳи мақомотҳо мегузаронем, то ки чунин камбудиҳо ислоҳ шаванд.

– Имрӯз чӣ камбудии соҳибкорону фурушандагони мағозаҳо дар минтақа мушоҳида мешавад?

– Ба мағоза, маркази савдо ва ё тарабхона, ки мутахассисони мо агар барои корҳои фаҳмондадиҳӣ рафтанд, аввал аз навиштаҷоташ оғоз мекунанд, вақте ки мо огоҳномаро медиҳем дар пушташ саволнома дорад ва барои ноил гаштан ба ҳадафҳои санҷишашон чӣ корҳоро кардан даркор аст, замима мекунанд. Кормандони мо аз навиштаҷоти реҷаи кориашон сар мекунанд, ки ҳатмӣ аст. Агар он набошад риоя накардан ба қоидаҳои савдо ва хизматрасонӣ мебошад. Рафту реҷаи корӣ бошад ва шумо реҷаи кории мағозаро дида, дар хона паи кор ҳастед ва вақте ба шумо чизе лозим мешавад ва дарҳол мувофиқи реҷаи будаи он шумо рафта, харидорӣ карданӣ мешавед, вале мағоза кушода нест, ин поймол кардани ҳуқуқи шумо аст.

– Муроҷиати сокинони шаҳру ноҳияҳои минтақа дар ин самт чӣ тарз аст?

– Агар маҳсулоти бесифат бошад дар фуруш бо кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмури моддаи 627 ҳаст, дар он омадагӣ аст, ки барои фиреб додани истеъмолкунандагон бо роҳи ба фуруш баровардани маҳсулоти муҳлати истифодааш тамомшуда, кам чен кардан ё зиёд ҳисоб кардан. Ё худ фурушанда харидорро фанд мекунад, ки ҳамин мол ҳамон чиз аст бигир. Ё ба хусусиятҳояш дурӯғ мегӯяд ва агар ҳамон муштарии фиребхурда ба мо шикоят кунад ва гӯяд, ки манро ҳамин ҷо фиребам доданд, маҳсулоти бесифат ва муҳлаташ тамомшуда доданд, мо меравем бо чунин ҷурм ҷаримабандӣ мекунем. Ин хел аризаҳои шикоятӣ зиёд буданд, барои ивази мол ва дигар ҳолатҳо мо рафта чунин фурушандагони вайронкунандаи ҳуқуқи истеъмолкунадаро ҷарима кардем. Мисол устое, ки омад телевизор ё радиоятонро соз мекунад ё конденсионерро соз мекунад, вале бесифат ва шумо метавонед дар ин ҳолат ба намояндагии тоҷикстандарт дар минтақаи будаатон муроҷиат намоед ва онҳо паи санҷиши он мешаванд. Ҳамин сол чанд адад шикоят буд ва мо рафта баррасӣ кардем. Ин ҳам дар бозор буд ва чанд мағозаи дигар ва мо рафта дар ҷояш баррасӣ кардем.  Буданд чанд ҳолате, ки тариқи телефон шифоҳӣ ба мо муроҷиат карданд, яъне шифоҳӣ ҳам ба мо муроҷиат мешавад. Вақте харидор маҳсулотро харидорӣ карда бурд, вай то 14 рӯзи тақвимӣ мувофиқи қонун ҳақ дорад маҳсулоти харидорӣ кардаашро агар маъқулаш намешавад ва ё бесифат аст бар фурушандаи харидааш баргардонад.

– Дар тарабхонаву ошхонаҳои минтақа сатҳи хизматрасонӣ меъёрҳои он ба замона то чӣ андоза ҷавобгӯ аст?

– Аввал дар тарабхонаву ошхонаҳои мо танҳо як ошу як шӯрбо буд. Ҳозир меравӣ мебинӣ тамоми намуди хӯришҳо ҳаст, дар таомнома бояд вазни ҳамон хӯрок бошад ва аз чӣ тайёр шудаасту нархаш чанд пул аст. Баъд ин ки нуқтаи  савдо аст, тарабхона аст, ба категория ҷудо мешаванд. Категорияи оливу категорияи якум дивани мулоиму канденсионер ва дигар шароитҳои аъло барои муштарӣ тайёр мекунанд. Соҳибкори ҳамин хел тарабхонаҳо соҳиби категория вақте мактуб кард, ки моро дараҷа бидиҳед. Аз ин ҷо Душанбе пешниҳод мекунанд он ҷо агар категорияро доданд, баъд соҳибкори дараҷаи олӣ гирифта, ҳақ дорад боз ягон фоизи дигар ба хотири меҳнатаҳояш ба болои нархномаи худ бигузорад. Ҳозир дар шаҳри Кӯлоб мо чунин тарабхона ҳамагӣ ду адад дорем, ки барои категорияи олӣ гирифтан муроҷиат карда, ҳуҷҷат пешниҳод кардагианд. Инҳо тарабхонаҳои Шоми Кӯлоб ва Озодӣ мебошанд. Нав мактуб намуда, Душанбе равон кардагианд, алҳол омӯхта истодаанд.

– Аз рӯи мушоҳидаҳои шумо чӣ мушкилие дар бозорҳо солҳои пеш буд ва он имрӯз пурра аз байн рафтааст?

– 10 сол пеш тарозуҳои хонагӣ бо пружин хеле зиёд буд, пурра аз байн рафтааст. Ҳозир ҳама тарозуҳои электроника шудааст. Пеш ҳатто оҳанрабо гузошта, харидоронро фиреб медоданд. Пурра ҳама электроника шуда, роҳи ҳаллашро ёфтааст.

– Солҳои аввал муассисаи шумо чӣ иқтидор дошту алҳол он чӣ иқтидор дорад?

– Муассисаи мо то соли 2004 намояндагӣ буд ва соли 2004 аз намояндагӣ ба раёсат пурра табдил ёфт. Ҳозир раёсат дорои 6 шӯъба ва ду бахш мебошад. Солҳои аввали ташкилшавиаш бошад ҳамагӣ 3 шӯъба ва 1 бахш дошту ҳамагӣ 18 нафар корманд. Ҳоло бошад шумораи кормандон 50 нафар аст. Муассисаи мо аввал танҳо барои ҳисобкунакҳои механикӣ ташхисгоҳ дошт, ҳоло барои ҳисобкунакҳои электроникаашро ҳам ташкил кардем, фаъол аст. Соҳиби бинои нав шудем, ки дорои ҳама шароитҳо мебошад.

– Дар рафти гузаронидани санҷишҳо аз ҷониби кормандони Раёсат чӣ миқдор маҳсулоти пастсифат ва муҳлати истифодаашон гузашта, несту нобуд карда шуд?

– Дар 9 моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби кормандони мо дар рафти гузаронидани санҷишҳо ва рейдҳои муштарак маҳсулотҳои пастсифат ва мӯҳлати истифодааш гузашта, ки миқдори умумиаш 2803 кг-ро ташкил медиҳад, бо иштироки комиссия ва васоити ахбори омма несту нобуд карда шуд.

Мусоҳиб: Билоли Шамс, аз шаҳри Кӯлоб

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь