Дар арафаи Рӯзи байналмилалии озодии матбуот, ки онро одатан озодии баён мегӯянд, бо журналист, фаъоли ҷамъиятӣ Раҷаби Мирзо доир ба журналистика, озодии журналистон, таъқибҳову суиқасдҳо ва тамоми фишорҳое, ки болои журналистон меояд, суҳбате доштем.

– Озодии баён, яъне чӣ?

– Озодии баён аз назари ман маънии ҳифзи шарофати инсониро дорад. Ин озодӣ ба он маънӣ фаҳмида шавад, ки дар ҷомеае зиндагӣ дорем, ки инсон ва андешаи ӯ қадр мешавад. Яъне, озодии баён он чиро маънӣ ва қувват медиҳад, ки ғуломдорӣ ҳанӯз дар асри 19, соли 1865, барҳам хӯрдааст. Аз ин пас ҳар касе барои маҳдуд кардани озодии баён камтарин иқдоми бесамарро анҷом додааст, дар нақши як ғуломдори беобрӯ шинохта мешавад. Агар ин нафар худро як одами сиёсӣ медонаду дар ҷомеа гӯё чизеро ҳал мекунад, шояд дар рӯ ба рӯ бо ӯ “дипломатона” табассум мекунанду гӯё ба ҳарфаш гӯш доранд, аммо дар асл ӯро ҳамчун ғуломдори бефаросат мешиносанд. Шояд инро ҳам медонед, ки як ғуломдор фақат барои он даҳони мардумро бастан мехоҳад, ки дар баробари талабу дархости мантиқии онҳо коре карда наметавонад, зеро на фаросату дониш дорад, на тавонмандӣ. Одами босаводу хирадманд ва ба худаш мутмаин ҳамеша мардуми озоду озодаро дӯст хоҳад дошт. Воқеан, Худованд ҳам.

– Омили ягонаи таъминкунандаи озодии баён вуҷуд дорад?

– Фикр накунам, ки омили ягонаи таъмин намудани озодӣ вуҷуд дошта бошад. Он ба бастаи авомил гиреҳ мехӯрад. Намедонам, шояд саволи шуморо дуруст нафаҳмидам, аммо посухи кӯтоҳи ман ин аст, ки ҳар касе рушди ҷомеаро мехоҳад ва ба оянда нигоҳи дурбинона дорад, ҳатман озодии мардумро таъмин мекунад. Танҳо ҷоҳилону бадхоҳони мардум дарҳои озодиро бастанӣ мешаванд.

– Кадом мавзуъҳое ҳастанд, ки дар он бора наметавонед озодона ҳарф бизанед?

– Агар бигӯям, ки ҳоло ҳама чиро гуфта метавонам, бидуни шак дурӯғ буд. Ҳастанд мавзӯъҳое, ки онҳоро гуфтан имкон надорад. Фақат мавзӯи тарс дар миён нест. Маълумоти кофӣ – яроқи аслии як журналисти масъулиятнок дар ҷомеаҳое мисли ҷомеаи мо ҳамеша камчин аст. Дар ҷомеаҳои боз, ки институтҳои фаъол дорад, ҳеч гуна маълумот пинҳон намемонад. Ин маъноеро надорад, ки дар ҷомеаҳои баста низ дар шароити имрӯз чизеро пинҳон кардан имкон дошта бошад. Ин гуна маълумот ҳатман рӯ мезананд ва ҳамон тавре мебинем аз ҷониби дигарон дар шакли дағал истифода мегарданд. Ҳукуматҳои худкома дар ин ҳолат институтҳои муҳими худро танҳо ба посухгӯӣ ба ин гуна гурӯҳҳо сарф мекунанд, ки боис ба беобрӯии бештар ва заъфи якбораи ниҳодҳои давлатӣ мегардад. Пас беҳтар нест, ки ҳама ҳарфҳо дар дохил гуфта шаванду аз вуҷуди ҳама ниҳодҳо истифодаи самаранок сурат бигирад? Шахсиятҳои дурбин ба ин савол посух пайдо кардаанд, кӯтоҳназарон фурсат ва зарфияти фикр кардан дар ин бораро надоранд.

– Аз масъалаҳои доғи рӯз бештар мехоҳед ҳарф бизанед, ё аз комёбию муваффақиятҳо?

– Шумо ҳам аз ҷумлаи онҳое ҳастед, ки фикр доред: журналист бояд фақат ё “сафед” бинад, ё “сиёҳ”? Иштибоҳ аст! Ин гуна андеша дар ҷомеаҳое пайдо мешавад, ки қувваи бардошти таҳлили мунсифонаро надоранд. Одаме, ки таҳлил карда наметавонад, ба чӣ баробар мешавад? Як кунда. Як робот. Як манқурт. Тасаввур кунед, ки як ҷомеа чунин бошад…

– Нисбати дигар рузноманигорон ошкоргӯиҳои шумо бештар аст. Такягоҳе доред, ки дар ҳолати мабодо шуморо дастгирӣ кунад?

– Мутаассифона, дар ҷомеаҳои рӯҳафтода ҳамеша фикр мекунанд, ки одамони ҳақпараст ва бовиҷдон бояд ҳатман дар зиндон бошанд, ё барвақт кушта шудаанд. Ё онҳо ба касе хизмат мекунанд. Ин тафаккури ғуломист! Барои худ таҳқир медонам, ки маҳз аз рӯи нишондоди касеву гурӯҳе амал кунам, ё накунам. Борҳо гуфтаам, ки ман чатр (зонтик)-ро бад мебинам. Ҳам ба маънои аслӣ ва ҳам маҷозӣ. Аз ин хотир дар борони сахту барфбод ҳам маро бо чатр кам мебинед. Ин маънои хос дорад. Агар дар мақомоти давлат касе аз ман ҷонибдор аст ва ҳатман ҳастанд, ин ба маънои ояндабинии онҳо, ҳифзи шарофати инсонии худашон ва дигарон мебошад. Шукри буданашон…

– Мо медонем, ки соли 2004 дар байни шаш моҳ ду бор мавриди сӯиқасд қарор гирифтед. Ин замони фаъол будани нашрияи мустақили “Рӯзи нав” буд. Аз ин гуна фишору таъқибҳо дар омад-омади Рӯзи озодии баён ёдовар шудан намехоҳед?

– Қиссаҳои ҷолибе дорем дар ин мавридҳо. Гӯш кардани телефонам аз берун барои ман як чизи муқаррарист. Ҳатто боре аниқ шуд, ки ба почтаи электрониву шабакаҳои иҷтимоии ман аз куҷое дастрасӣ пайдо шудааст. Медонистам, ки ин кор пас аз даъват шуданам ба куҷо иттифоқ афтод, чун телефонамро дар даромадгоҳ гирифта буданд. Асабӣ нашудам, ба даҳшат ҳам наомадам, гуфтам, ки бигзор як муддат онҳо шоҳид шаванд, ки дар асл ман ба чӣ кор машғуламу бо кӣ дар иртиботам ва шояд гумону шубҳаҳояшон гум шавад. Албатта, бисёр нохушоянд аст, ки ба мукотибаҳои хусусии одам каси дигар дастрасӣ пайдо мекунад. Ин ҷиноят ҳам ҳаст, агар бе қарори суд анҷом шуда бошад. Аммо инро чун воқеияти ҷомеаҳое қабул кардам, ки дар он зиндагӣ дорем. Гуфтам, ки агар ба ин васила ором шаванду маро ҳам ором гузоранд, пас бигзор. Аммо ин маънои ором шудани онҳоро надошт. Чандин кӯшишҳои боз кардани парванда нисбати ман бо даъвоҳои аз як ҷиҳат хандаовар ва аз сӯи дигар ташвишзо буд ва шояд ҳанӯз ҳам боқист.

Вале ман ҳич гоҳ аз рӯи принсипи “Қаровул, ба имдодам расед!” фаъолият надоштаму надорам. Ҳатто сӯиқасди аввалинаи худро дар январи соли 2004, ҳамкорон медонанд, ки умуман овоза накардем. Принсипи муҳофизатии ман дигаргуна мебошад. Ҳифзи мустақилият муҳимтар аст. Дар ин миён, мутаассифона, ба истилоҳ ҳамкасбонеро ҳам доштему дорем, ки ҳатто пашша, агар онҳоро сахттар газид, бояд гӯши тамоми дунёро кар кунанд. Албатта, ман ҷонибдори ҳич гуна маҳдудсозии фаъолиятҳои ҳамкасбон нестам, аммо онҳое, ки аз ин ё он ҳолат фақат суистифода кардаву мекунанд, дар пеши ман баробар бо як диктаторанд, ки барои роҳати худ ва сер кардани нафси ҳаромашон аз ҳич кори ҳаром рӯ намегардонанд.

– Ба ақидаи шумо солҳои озодтарини матбуоти мо кадом солҳо буданд?

– Бархеҳо ин давраро ба солҳои 90 асри 20 нисбат додаанд, ки замони худшиносиву истиқлолхоҳӣ буд, аммо баъзе журналистони фаъоли он солҳо баъдан гуфтаву навиштанд, ки он вақт озодии бемасъулиятона ҳукмфармо буд. Ман ҳам фикр мекунам матбуот сар аз соли 2003 ҳоли беҳтаре дошт. Ҳатто як журналист, ки ҳоло худаш нашрияе дорад, соли 2004 дар “Рӯзи нав” навишт: “Шумо аз “ҳукумати чорум” ҳукумати якум сохтаниед?”. Ин маънои ҷойгоҳи бисёр баланди матбуоти он давраро дошт. Фикр мекунам он вақт матбуот таъиноти иҷтимоии худро иҷро мекард ва дар баробари институтҳои дигари иҷтимоӣ эътирофшуда буд. Институтҳои давлатӣ танҳо як сол тавонистанд дар баробари матбуоти озод истодагарӣ кунанд. Баъд зӯрашон нарасид. Ҳатто чанд муддат нашрияҳои навро сабти ном накарданд. Матбуоти дигар пас аз ду сол фаъол шуд ва то миёнаи солҳои 2010 то ҷое худро ҳифз карданд. То ҷое. Ҳоло гуфта наметавонам, ки матбуоти фаъол таъиноти иҷтимоии худро иҷро мекунад. Ба ҳар сурат, матбуоте, ки бо “гӯшакӣ”-ҳо кор мекунад, на пеши хонанда қадр дорад, на пеши онҳое, ки “худӣ”-аш меҳисобанд.

– Кай маводи шуморо сензура карда буданд?

– Агар таваҷҷӯҳ кардаед, ҳоло бо ягон нашрия ҳамкорӣ надорам. Пас, онҳо матлабҳоямро сензура карда наметавонанд. Ҳарчанд, пештар ҳам, ки барои матбуоти Тоҷикистон менавиштам, “воқеиятҳоро фаромӯш намекардам”, он тавре сардабирон бароям мегуфтанд. Бо расонаҳое ҳамкорӣ доштам, ки ба гуфтаи масъулонаш, бо сабаби дуруст наомадани навиштаҳоям бо “сиёсати редаксионӣ”-и онҳо чоп намешуданд.

Барои ҳамин ҳоло блоги шахсии худро фаъол кардаам, ки матолиби пешин ва нави худро ҷо мекунам. Ин ҷо як сензор дорад: виҷдонам! Агар маҷбур кард, менависам, агар не, наменависам. Барои навиштану нанавиштанам Ҳазрати Виҷдон пул намедиҳад, аммо ҳайсияту обрӯямро ҳифз мекунад, ки аз миллионҳо доллар болотар аст.

– Саломат бошед, барори кор!

– Ба шумо ҳам барор!

 Мусоҳиб

Ҳалима Шобекова

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь