Мусоҳибаи вижа бо Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, Ҳунарпешаи халқии СССР, овозхони машҳур Ҷӯрабек Муродов

Шумо бо Мирзо Бекматов чӣ гуна шиносоӣ пайдо кардед?

– Аслан, барои мо ҳунармандон дар бораи ходимони ҳизбиву ҷамъиятиву сиёсӣ ҳарф задан ва баҳо додани фаъолияти онҳо сангинтар аст. Вале сиёсат ин худ санъат аст ва санъат – сиёсат.

Ман хеле хушбахтам, ки дар даврони хуб ба дунё омада, ба камол расидам. Маҳз дар он даврон бо аксари шахсиятҳои бузург шиносоӣ пайдо карда, дӯсту бародар шудем. Мирзо Бекматов, роҳбари кордону фарҳангдӯст аз зумраи чунин дӯстону бародарон аст.

Соли 1963 аз ҷониби Ҷамъияти сохтмончиёни Кӯлоб барои ширкат дар як чорабинии бошукӯҳ, ки тамоми роҳбарони аввали ҷумҳурӣ ва маҳаллӣ ҳузур доштанд, даъват шудем. Консерти аввалини мо дар Кӯлоб низ ҳамон замон баргузор шуд. Мардуми зиёде ҷамъ шуданд ва хеле хуш истиқбол гирифтанд. Аввалин маротиба Мирзо Бекматовро он ҷо дидам.

Баъди соле ба ҳайси санъаткор ҳамроҳи Зафар Нозим бо сафари ҳунарӣ озими Кӯлоб шудем. Он ҷо роҳбари шаҳри Кӯлоб ва роҳбарони вилоят моро ҳамроҳӣ мекарданд. Ҳамон вақт бо Мирзо Бекматов, котиби якуми Ҳизби коммунисти Кӯлоб аз наздик шинос шудам. Симои ӯ ҳамчун як шахси ҷиддӣ, дар айни ҳол меҳрубон ва бо қаду қомати расои роҳбарӣ дар лавҳи хотири ман нақш баст. Бегоҳи ҳамон рӯз он кас маро ҳамроҳи Зафар Нозим ба хонаашон даъват карда, хеле самимона пазироӣ намуд. Ҳамон вақт ситораҳои мо бо ҳам қарин афтод ва аз он рӯз чун додару бародар шудем. Пас аз ин бо Мирзо Бекматович ҳамеша тариқи телефон дар робита будем. Ҳар вақте ба Кӯлоб меомадам, маро бо оғӯши боз пешвоз мегирифт ва ҳатман ба хонааш даъват мекард. Мо баъзан кӯфти роҳро дар хонаи ӯ мебаровардему нону намакашро мечашидем, зеро метавонистем дар хонаи ӯ худро нисбатан озод эҳсос кунем.

–  Кадом хислатҳои Мирзо Бекматов дар хотиратон нақш бастаанд?

– Яке аз хислатҳои барҷастаи эшон ин иҷрои ваъдаи додаашон буд. Ҳар ваъдае, ки ба халқ, ба одамони алоҳида медоданд, ҳатман иҷро мекарданд. Барои он кас обрӯву эътибор муҳим буд ва маҳз ҳамин хислатҳо буданд, ки халқ то ҳол эътирофу эҳтиромаш мекунанд. Баъди аз вазифа рафтанаш низ. Ин гуна эҳтиром насиби хеле ками одамон мешавад.

Мирзо Бекматов роҳбари хирадманд ва олиҷаноб буд ва ба одамон ҳарфашро рӯиросту ошкоро мегуфт. Шабонарӯзӣ меҳнат мекарданд ва бо вуҷуди ин барои ҳама – ҳам ба пахтачину синфи коргар ва ҳам ба фарҳангиёну санъаткорон вақт меёфт. Дар вуҷудаш заррае маҳалчигӣ набуд. Ӯ танҳо бо миллат маҳдуд намешуд, интернатсионалист буд. Намояндагони тамоми миллатҳоро бо як чашм менигарист, аз рӯи адолат рафтор мекард. Дар ин баробар басо хоксор буд. Аз шиштухезаш кас гумон намекард, ки роҳбар аст. Бо мо мисли як бародар муносибат дошт.

Тавре медонем, падари ҳамсарашон осетин буданд, вале янгаи азизи мо бо меҳмоннавозии тоҷиконааш ва хӯрокҳои миллии болаззаташ моро ҳайрон мекард. Чун ба хонаашон ворид мешудем, хонаи интернатсионалистиро медидем. Бӯйе аз маҳалчигӣ ё миллатчигӣ  пайдо набуд.

– Дар боло ишора кардед, ки Мирзо Бекматов дар ҳалқаи фарҳангиёну санъаткорон зиёд менишаст. Ин чиз то куҷо ба рушди соҳаи фарҳанг дар минтақаи Кӯлоб нақш бозидааст?

– Воқеан, Мирзо Бекматов на танҳо бо ман бо тамоми санъаткорон хуб муносибат мекард. Далели фарҳангдӯстиаш боз он буд, ки худашон асбобҳои мусиқиро навохта метавонистанд. Яъне дилбастагӣ ба санъат доштанд, барои ҳамин дар тамоми консертҳо шахсан ширкат доштанд. Ба фикрам, яке аз омилҳои маҳбубият пайдо карданашон маҳз дар фарҳангдӯстиву санъатдӯстиашон зоҳир мешуд.

Раиси вақти шаҳри Кӯлоб бо фарҳангиёни онвақтаи минтақа, аз ҷумла овозхону ҳунармандон, шоиру нависандагону аҳли адабу фарҳанг робитаи зич дошт ва ҳамеша кӯшиш мекард, ки дастгири онҳо бошанд.

Он замон аксари нишастҳо ба маҳфили шеър мубаддал мегардиданд, зеро маҳз дар ҳамон нишастҳо шеър пайдо мешуд, ба вай оҳанг мебастанд ва дар худи ҳамон ҷо ҳофизе онро месароид. Ин нишастҳо мисли як академия буданд, ки то ҳол аз хотираҳо зудуда намешаванд.  Ташкилкунандаи чунин “академия” дар Кӯлоб Мирзо Бекматов буд.

Хидмату талош ва роҳнамоиҳои Мирзо Бекматов барин роҳбарони вақти вилоят ва шаҳр буд, ки фарҳангиён обрӯ доштанд ва шахсиятҳои сиёсиву иҷтимоӣ дар самти идеология тарбият меёфтанд. Ибодат Раҳимова, Низорамова Зарипова ва Махфират Каримова барин кормандони идеологии пешқадам ва шинохта зуҳур карданд.

Бояд гӯям, ки дар замони ҷанги шаҳрвандӣ аксари театр ва хонаҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои кишвар хароб шуданд, вале дар Кӯлоб онҳо барҷо буданд ва мо ҳамеша консерт ва намоишҳоямонро он ҷо барпо мекардем. Ин аз хизматҳои бузурги Мирзо Бекматович гувоҳӣ медод, ки натиҷаашро эҳсос мекардем.  Дар ҳақиқат вобастагии фарҳанг аз роҳбар бесобиқа аст. Яке аз омилҳои зинда мондани фарҳанг дар ин шаҳр Мирзо Бекматов барин роҳбарони вақт буданд.

Ҷойгоҳи шеъру фарҳанг басо волост, ки ин арзишро Мирзо Бекматов дарк карда. Тасаввур кунед як мисраи “Бӯйи ҷӯйи мулиён ояд ҳаме…”-и Рӯдакӣ шоҳро ба Бухоро баргардонид. Ватандор, роҳбарони олиҷаноб ва фарзандони фарзонаи миллат буданд, ки номи некашон боқӣ монд ва имрӯз мо ба некӣ ёд мекунем.

Рав, некӣ кун, ки даҳр некӣ донад,
Ӯ некиро зи некӯвон настонад.
Мол аз ҳама монаду аз ту ҳам хоҳад монд,
Он беҳ
, ки ба ҷои мол некӣ монад.

– То ҷое иттилоъ дорем, Шумо ҳамроҳи Мирзо Бекматов дар Кумитаи сулҳ ҳамкорӣ мекардед ва эшон яке аз аъзои фаъоли ин кумита буданд. Аз нишастҳову  ҷаласаҳои Кумитаи сулҳ чӣ хотирот доред ва Мирзо Бекматов бештар дар бораи чӣ суҳбат мекард?

– Воқеан, баъди ба даст омадани Истиқлолият дар кишвар ҳамроҳи Мирзо Бекматов дар Кумитаи сулҳ ҳамкории зиёд доштем. Он кас гоҳ-гоҳ меомад ва дар ҷаласаҳои кумита баромадҳои ҷолиб мекард. Суханрониаш зиёд набуд, балки мушаххас, пурмазмун ва маънидор ҳарф мезад. Ҳар як гапаш вазну қурб ва ҳазорҳо маънӣ дошт. Аз ҷумла, дар баромадҳо мушаххас дар бораи мушкилоти шаҳри Кӯлоб ва сокинони он мегуфт ва масъалагузорӣ карда, роҳи ҳаллашро пешниҳод мекард.

Ҳар боре, ки ба Кумитаи сулҳ меомад, мо – кормандони дигарро дар масъалаи муттаҳидиву  сарҷамъӣ насиҳат менамуд. Даъват мекард, ки дар гирди Роҳбари давлат муттаҳид шавему барои барқарор кардани сулҳу оромӣ дар кишвар ҳисса гузорем.

– Кадом хислат ва рафтору гуфтори шахсиятҳое чун Мирзо Бекматов барои насли нав ибратомӯз аст? Ҷавонон аз онҳо бояд чӣ ибрат гиранд?

– Мирзо Бекматовро бояд омӯхт ва аз зиндагиву фаъолиятҳояшон ибрат гирифт. Он кас ғайр аз устод ва пири кор буданашон, инсони пок ва лафзашу номаш ҳалол буд. Барои хидмати халқ умрашро сарф кард. Насли ҷавонро лозим аст, ки ҳатман хислатҳои Мирзо Бекматовро омӯзанд.

Воқеан, имсол Мирзо Бекматов 100-сола мешавад. Ман аз фурсат истифода бурда, синни якасраро ба наздикону пайвандони эшон табрик мегӯям ва орзу дорам, ки пайвандонаш ҳамеша номбардори ин марди хираду накӯ бошанд. Ёду номи Мирзо Бекматови фарҳангдӯсту санъатдӯст гиромӣ бод!

Мазҳаб ҶУМЪА

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь