Тренерҳои хориҷии гаронарзиш мушкилоти ВАО-и Тоҷикистонро ҳал мекунанд?
Ҳадафи тӯтивор азёд кардани чанд “вожаи нав” пуштибонӣ кардани ёру дугонаҳо аст!
Суҳбати Раҷаби Мирзо, коршиноси умури расонаӣ ва муассису сардабири нашрияи дар гузашта овозадори “Рӯзи нав” пиромуни таҳаввулоти як соли охири фазои рӯзноманигории тоҷик бо муаллифи Halva.tj
– Дар остонаи Иди матбуот ба чӣ коре андармон ҳастед ва рӯҳияи ҷашниатон чӣ гуна аст?
– Пеш аз ҳама ба ҳамкасбони гиромӣ 112-солагии Рӯзи матбуоти тоҷикро муборакбод мегӯям. Аммо бовар дорам ҳамкасбонамон ҳам розӣ мешаванд, ки Иди матбуот дигар як ҷашни қолабии сенарияаш аз қабл маълум шудааст. Одатан ин маърака дар Намоишсарои Лоҳутӣ баргузор мешуд, ки як андоза рамзист. Ҳам ба хотири заҳматҳои Устод Лоҳутӣ дар матбуоти тоҷик, хоса пайдоиши матбаа дар Тоҷикистон ва ҳам бо ҷойгоҳи таърихие, ки ин намоишсаро дорад. Соли 2016 – аввалин соле, ки ин ҷашн бе ҳузури шодравон Акбари Саттор сурат гирифт, макони баргузории маъракаро ба Намоишсарои ҷавонон бурданд, ки мавриди вокуниши ҷомеаи рӯзноманигорӣ, аз ҷумла бархӯрди сахти инҷониб қарор гирифт. Инро ман беэҳтиромии ошкор ва “нишон додани зӯрии худ” аз ҷониби масъулони бемасъулият ва дар асл беқадр кардани “ҳокимияти чорум” номида будам. Сарфи назар аз вокунишҳо то чанд соли дигар ҳам макони маъракаро ҳамон театр интихоб карданд. Ду сол пеш талошҳое аз ҷониби Вазорати фарҳанг барои то ҷойе дигар кардани тарзи баргузории ин маърака сурат гирифт. Аз ҷумла бо бархе созмонҳои рӯзноманигорӣ ҳам машварат шуду назарашонро дар бораи баргузории ҷашн пурсиданд ва қисмеро ба эътибор гирифтанд. Ёдатон бошад, Рӯзи матбуоти тоҷик он сол дар толори Осорхонаи миллӣ баргузор шуд. Аммо соли дигар маърака “ба асли худ баргашт”. Боз ҳамон маъракаи қолабӣ, агарчӣ акнун дар толори хурди Китобхонаи миллӣ сурат мегирифт. Имсол маърака дар Кохи Суруш баргузор мешавад, ки боз ҳам хурдтар аст. Ин як паҳлуи масъала.
Аз сӯйи дигар гап сари ба истилоҳ қадрдонии рӯзноманигорон меравад. Манзурам маъракаи туҳфасупорӣ танҳо ба рӯзноманигорон ва ҳатто кормандони фаннӣ (техникӣ)-и расонаҳои давлатӣ аз ҷониби масъулон нест. Бигзор ҳамин тавр кунанд. Масъалаи асосӣ беқурб кардани ҷоизаву мукофотҳоест, ки дар гузашта эътибори баланд доштанд. Гӯё ба натиҷае расидаанд, ки ҳар касе дар расонаҳои давлатӣ кор мекунад, бояд ҳамагӣ Ҷоизаи Лоҳутӣ ва ҳатто ҳамаи кормандони фаннӣ “Аълочии матбуот” ва “Аълочии фарҳанг” бигиранд. Як муқоисаи оморӣ бо замони шуравӣ ва чанд соли пеш фарқу сифати байни “қадршудаҳоро” маълум мекунад. Дар натиҷа ҳамасола пас аз эълони ғолибони ба истилоҳ озмунҳо ва додани мукофотҳо рӯзноманигорон аз ҳам мепурсанд, наход дар байни кормандони расонаҳои давлатӣ онҳое набошад, ки ин гуна мукофотҳоро ҳалол мекунанд? Ин аз як ҷониб огоҳӣ надоштан аз натиҷаи кори ҳамдигар бошад, аз сӯйи дигар сабабҳои ҷиддӣ дорад. Дуруст, мо ҳам шоҳид мешавем, ки дар расонаҳои давлатӣ муҳити комили эҷодӣ ва нигоҳи навгароёна камтар аст, агар нест нагӯем. Баъзан мебинем ба онҳо, хоса дар матбуот роҳбарони чандон арзанда ҳам таъйин намекунанд. Яъне фазое ба вуҷуд омадааст, ки гӯё дар идораи эҷодӣ ҳар кас метавонад роҳбар бошад. Таъйинот аз рӯйи қолаби “ротатсия” – аз радио ба ТВ ва баръакс, ё матбуот як чизи навест, ки дар муҳити расонаҳои дунё онро маҳз дар Тоҷикистон касе ихтироъ карданист. Ин хеле фикри ғалат аст, ки натиҷаашро мебинем: ба расонаҳо тақрибан таваҷҷуҳи оммаӣ нест. Рӯзноманигори ТВ бисёр кам мешавад, ки дар матбуот муваффақ бошад. Зеро ҳар кас самти худро дорад ва он махсусиятҳоро соҳиб аст, ки онро дар гузашта устодон ҳам мегуфтанду дар адабиёт зикр шудааст. Пас дар марказҳои қабули қарор бояд хулоса кунанд, ки пулҳои буҷа, яъне мардум чаро барҳадар масраф мешаванд? Бештар аз ин бояд ҳукумат маълум кунад, ки аз матбуот ва расонаҳои худ чӣ мехоҳад? Агар ҳадаф танҳо “бо ҷойи кор таъмин кардани” 40 – 50 фарде бошад, ки дар байнашон аксаран ҳатто дар як сол як матлаб надоранд, гӯё ба мақсад расиданд. Агар ҳадаф дигар аст, пас як таҳлили одии корӣ ба пурсишҳои зиёд посух медиҳад…
Шояд фикр мекунед аз савол дур рафтам. Не, дар асл фазои умумии касбиро гуфтам. Ба ҷашнгоҳ – ҷойи баргузории Иди матбуот, ҳамон тавре чандин солҳост менависам, ба хотири дидани ҳамкасбон меравам. Хоса собиқадорон ва онҳое ҳам, ки ҳоло дар айни камолоти эҷодианд, аммо ҷойи кор надоранд.
– Зиддият миёни рӯзноманигорони ҳукуматӣ ва мустақил дар фазои расонаии мо ҳамеша дар авҷ аст. Шумо дар як суҳбати худ ишораҳо ҳам доштед, ки дар остонаи Рӯзи матбуоти соли 2022 масъулин барои аз байн бурдани ин зиддият дар ҷашни матбуоти тоҷик рӯзноманигорони мустақилро ҳам қадрдонӣ карданд. Зиддият миёни худи рӯзноманигорон аз куҷо сарчашма мегирад ва аз ин гуна ҷудоиандозӣ ва ҳамдигарбадбинии журналистон чӣ касе манфиат мебинад?
– Мо шукр феълан ба ҳолати зиддият нарасидаем. Аммо агар манзур рақобати касбӣ бошад, он бисёр хуб мебуд. Мутаассифона, солҳои охир рақобат камтар ба назар мерасад. Агар то 10 сол пеш фазои расонаҳои мустақил андаке рақобатпазир буду расонаҳои давлатӣ андаке ба онҳо монанд шудан мехост, ҳоло ҳолати баръаксро мебинем. Мебинем, ки баъзе расонаҳои мустақил акнун мехоҳанд мисли расонаҳои давлатӣ бошанд. Ҳамон гуна якнавохту қолабӣ ва аз халлоқият (креатива) дур. Маълум аст барои чӣ: вобастагии зиёд ба ниҳодҳои давлатӣ! Аммо набояд шарти ҳукумат ҳамин бошад, ки пуштибониро танҳо ба хотири қолабӣ шудани расонаҳо (ВАО) анҷом диҳад. Нигоҳи дурбинона даркор аст. Вагарна ҳам расонаҳои давлатӣ ва ҳам мустақилро комилан беэътимод мекунем, ки ба нафъи касе нест. Президент Раҳмон ҳам чанд боре дар бораи тафриқаи матбуоти давлативу мустақил изҳори назар дошт. Мо инро ҳамчун як тафаккури давлатмеҳвар қабул кардем, хоса вақте ба ин маъно низ суҳбат карда буд: “Ҳатто маро танқид кунед, аммо ба давлат хиёнат накунед”. Интизор доштем вазъ дигар мешавад, мо ниҳоят маънову рисолати матбуоти мустақилро жарф дарк мекунем. Ба назар мерасад дар марказҳои қабули қарор шахсони таъсиррасоне ҳастанд, ки андешаҳоро зуд иваз карда метавонанд.
– Оё гуфтан мумкин аст, ки дар ҷомеаи Тоҷикистон расонаҳои мустақил то ҳанӯз “ангушти шашум” боқӣ мондаанд?
– Аниқтараш намедонанд, ки бо онҳо чӣ кор кунанд. Маълум аст, ки бастанашон хеле роҳҳои ҳукуматро ҳам мебандад. Вагарна шояд дар ҳукумат ҳоло ҳам афроде бошанд, ки хоҳони бастани расонаҳои мустақиланд. Ҳамчунон ки 15 сол қабл дар яке аз мулоқотҳои паси дарҳои бастааш бо рӯзноманигорон Эмомалӣ Раҳмон дар ин бора ишораҳое доштааст. Пас гуфтан мумкин аст, ки масъулони бахши идиулужии ҳукумат аслан заъф доранд барои тарзи истифода аз матбуоти мустақил. Дар тамоми дунё аз расонаҳои мустақил ниҳодҳои давлат ба гунае истифода мекунанд, зеро на ҳама ҳарфи худро ба василаи каналҳои расмӣ гуфтан имкон дорад. Барои ин, расонаҳо бояд хеле боэътибор бошанд. Ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи кишвар. Мутаассифона мо расонаҳои мустақили дар синну сол ҳатто баробар бо истиқлоли Тоҷикистон тақрибан надорем. Чунки бо сабаби заъф доштани ана ҳамон ниҳодҳои ишорашуда роҳи ягонаро дар бастану барҳам задани расонаҳо дидаанд. Аз ин рӯ борҳо таъкид кардаам, ки “Матбуоти қавиро танҳо ҳукуматҳои қавӣ бардошт карда метавонанд”.
– Фазои рӯзноманигории тоҷик бо тафовут аз соли 2022, ки моҷароҳояш зиёд буд, дар як соли охир чӣ таҳаввулоти чашмрасе дошт?
– Моҷароҳои соли 2022 аслан шояд ба ҳамин хотир пеш омаданд, ки то чанд муддат таҳаввулоти ҷиддие пеш наояд. Яъне он як сигнол буд, паём буд. Шунида шуд. Ҳарчанд гуфтан мумкин нест, ки фақат он чизеро ҳосил кард, ки тарроҳони ин моҷароҳо дар сар доштанд.
– Ҳамраъйӣ ҳамчун асл (принсип)-и касбӣ оё миёни рӯзноманигорон риоя мешавад ва дар соли гузашта журналистон дастҷамъона коре ё тасмиме рӯйи даст гирифтанд, ки онро ҳамраъйии касбӣ унвон кард? Моҳи январи имсол рӯзноманигори тоҷик Қурбон Аҳмадзода бистарии беморхона шуд ва ҷарроҳӣ гашт. Дар нишасти матбуотии Вазорати тандурустӣ журналистон иттилоъ доданд, ки вазири тандурустӣ Ҷамолиддин Абдуллоҳзода барои ин ҷарроҳӣ кумак кардааст. Рӯзноманигорон аз номи бемор ба вазир сипос ҳам гуфтанд…
– Ҳамраъйӣ асосан дар масоили усулӣ маълум мешавад. Онро бояд аз ғамхорӣ ба ҳамкасбон ва ниёзмандиҳои рӯзмарра фарқ кард. Аммо агар аз ман мепурсидед, ки мо рӯзноманигорони усулгаро (принсипнок) зиёд дорем, хеле фикр мекардам. Хеле зиёд… Зеро мо онҳоеро бештар мебинем, ки обрӯи касби моро мерезанд. Ҳам дар фаъолиятҳои касбӣ ва ҳам дар баҳсҳояшон аз тариқи шабакаҳои иҷтимоъӣ. Ҳатто дар нишастҳои матбуотии нимсола. Ҳадисе аз Пайғомбар аст: “Нодорӣ ба сӯйи беимонӣ мебарад”. Сарчашмаи аксари мушкилот дар ҳамин ниёзмандиҳои иҷтимоъист. Мутаассифона бисёре аз журналистони мо дар ин бора фикр камтар мекунанд, ки чаро онҳо ҳолати беҳтаре надоранд ва оё бо он “усуле”, ки онҳо пули андак пайдо мекунанд, чаро мушкилашон ба таври решаӣ ҳал намешавад? Ман дар бораи эҳтиёҷоти молӣ махсус зиёд гуфтам, чун асоси ҳамраъй набуданҳову ихтилофандозиҳо маҳз ба ҳамин ҷанба дахл мекунад.
– Дар самти имтиёзҳои иҷтимоъӣ чанд сол пеш шумо пешниҳодҳое ҳам доштед, ки дар рӯзи ҷашнҳои касбии рӯзноманигорон ташхиси тиббии сайёр ташкил гардад ва кулли журналистони сохтмони “Шарқи озод” аз ташхиси тиббӣ гузаранд. Ба пиндори шумо, рӯзноманигорон аз кадом ҷиҳат вазъи сиҳатии рӯҳу ҷисмашон хуб нест? Додани кадом имтиёзҳои иҷтимоъӣ ин шабу рӯзҳо барои онҳо муҳим аст?
– Ин пешниҳоди маро баъдан Шаҳло Акобирова ҳангоми раиси Шӯрои ВАО буданаш то ҷойе амалӣ кард. Гап сари чӣ мерафт? Ҳамон вақт, яъне соли 2015 – 2016, пас аз фавти Акбари Саттор, тайи якуним сол бадбахтона ҳудуди 35 – 40 рӯзноманигори аксаран ҷавон якбора фавтиданд. Вале ҳеч кас ин мавзуъро ҷиддӣ баррасӣ накард, ки чаро журналистон дар 40-50 солагӣ, якбора ва бе касал тарки дунё мекунанд? Агар қисме аз мушкилот моливу моддӣ буд, бархеи дигар албатта метавонист ба фазои умумӣ марбут бошад. Зеро журналист як одами эҷодист ва ӯро фазои баста албатта “нафасгир” мекунад…
Бибинед, имрӯз мо аз худобиёмурз Акбари Саттор чанд бор ном бурдем. Албатта ба ин маъно нест, ки дар замони раиси ИЖТ будани ӯ фазо идеалӣ буд. Муҳим ин аст, ки ӯ бо ҳамкасбон хуб кор карда метавонист, дарди дилашонро гӯш мекард, дилёбӣ мекард ва пуле миёни ҳукумату журналистика буд. Яъне як роҳбари хубу муносиб чӣ қадар мушкилотро ҳал карда метавонад…
– Яке аз таҳаввулотҳои як соли охир дар фазои расонаии Тоҷикистон, ба фарқ аз солҳои қабл, ба фаъолият оғоз кардани ҳафтаномаи мустақили “Истиқлол” буд. Ба истиснои ин нашрия дар даҳ соли охир дар фазои расонаии мо, мутаассифона нашрияи мустақили миллии дигаре падид наомад. Фикр намекунед, ки кам ва бетаъсир будани расонаҳои мустақили ватанӣ маънии зери таъсири расонаҳои байнулмилалӣ қарор доштани фазои ВАО дорад?
– “Истиқлол” нав пайдо нашудааст. Он, агар хато накунам, соли 2006 фаъол гардид. Фақат як муддати тӯлонӣ аз чоп монд. Ва хуб шуд, ки дигарбора фаъол гардид. Вагарна ҳамон тавре гуфтед, беш аз 10 сол аст дар мо расонаи нав пайдо намешавад. Ин ҷузъи муҳим аст дар дунёи ВАО. Зеро ҳар расонаи нав маълум аст бо ҳадаф ва дар замина навгониҳое пайдо мешавад. Дуруст, мутаассифона мо хеле шуд расонаи хабарсоз надорем ва аслан “Озодӣ” фазои хабарӣ месозад. Акнун бо сабабҳои маълум, ҳатто “Азия плюс”-ро намешавад як расонаи хабарсоз гуфт. Барои пайдоиши ин гуна расона, агар аввалтар аз ҳама иродаи сиёсӣ ва ниҳодҳои қавии ҳукуматӣ даркор бошад, аз ҷониби дигар пули зиёд даркор аст. Бибинед, Путин пеш аз оне, ки тезиси “дунёи бисёрқутбӣ” ва моҷароҳои марбут ба онро пайгирӣ кунад, чӣ қадар омодагиҳои хабарӣ дошт, ин қадр расонаҳои хабарсоз ташкил кард. Зеро ӯ ҳукумате дорад, ки хабару маълумотро тавлид карда метавонад. Худаш қаблан дар идораҳои иктишофӣ кор мекард ва моҳияти ин чизҳоро хуб медонад. Барои ҳамин, ҳатто вақте кишвараш дар шароити ҷангӣ бо ними дунёст, аммо озодии матбуоташ то андозаи кишварҳое мисли мо танг нест. Мо албатта як кишвари абарқудрат надорем. Аммо дар буҳрони нави дунё, ки Эмомалӣ Раҳмон аз онҳо вақтҳои охир бисёр мегӯяд, мушкилоти дигар дорем ва матбуоти мустақил бароямон хеле кор меояд. Дидгоҳҳоро бояд фарохтар кард ва аз маҳдудаҳои танг берун шуд. Ва воқеъан, яке аз роҳҳои боэътимод кардани расонаҳо, бо сабабҳои ҷиддие, ки дорем, маҳз ташкил кардани расонаҳои мустақили нав аст. Сабабҳояшро дар як мусоҳибаи дигарам гуфта будам ва ин ҷо зарурати такрор намебинам.
– Чун ҳарф дар бораи расонаҳои мустақил рафт, мегуфтед, ки расонаҳои мустақили тоҷик имрӯз бо кадом мушкилиҳо рӯбарӯ ҳастанд?
– Қисмате аз мушкилотро гуфтем. Вале дар шакли хулоса мешавад аз 4 масъалаи ҷиддӣ ном бурд: 1. Ҷойгоҳи худро наёфтани журналистикаи классикӣ дар шароити раванд (тренд)-ҳои нави касбӣ; 2. Надоштани мудирияти (менеҷмент)-и устувор ва бозорёбии ВАО; 3. Надоштан, ё ба онҳо вобаста набудани сиёсати идорӣ; 4. Ниёзмандии ҷиддии молӣ-моддӣ.
Тавре мебинед, мушкилоти молиро ман дар охир гузоштам. Зеро ВАО то он се ҷузъи асосиро надошта бошад, ҳатто пулҳои беҳисоб чизеро тағйир намедиҳад. Баръакс, тавре ба назар мерасад, ҳар гуна маблағ ҳайф мешавад.
– Мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки баъзан вақт таъсиррасонии шабакаҳои иҷтимоъӣ дар қиёс ба ВАО бештар аст. Имрӯз дар сурате, ки бархе нашрияҳо аз интишори иддае аз мушкилоти мардум худдорӣ мекунанд, худи сокинон бо расонаӣ кардани мушкилоташон дар шабакаҳои иҷтимоъӣ роҳҳали онро пайдо мекунанд. Пас чаро то имрӯз дар мо шабакаҳои иҷтимоъӣ ё гурӯҳҳои иттилоърасонии махсуси интернетиро ба сифати ВАО қабул надоранд? Ба назари Шумо, кадом принсип риоя шавад, ки баъдан шабакаҳои иҷтимоъӣ ҳам ба қатори расонаҳо шомил мешаванд?
– Дар ин мавзуъ назари яксон вуҷуд надорад. Бархе ҳамкасбони муҳтарамамон фикр мекунанд, ки бо расмӣ шудани интернет ва шабакаҳои иҷтимоъӣ мушкилот аз ҷониби мақомот зиёд мешавад. Мисолҳое аз Қазоқистон ва кишварҳои дигар меоранд. Гӯё ҳоло мушкилоти мо кам бошад. Баръакс, ба андешаи ман, аз ин номуайянӣ суистифодаи бештар сурат мегирад. Принсип бояд чӣ бошад? Эътимод! Масалан бархӯрд ба гурӯҳи фейсбукии “Ахбор барои афкор”, ки ман мудираш ҳастам ва ҳудуди 83 ҳазор корбар дорад, фикр накунам аз расонаҳо камтар аст. Ҳам аз ҷониби мухотабон ва ҳам ниҳодҳои давлат. Гуфтан мумкин аст дар ин замина ба мо маҳз мавҷудияти сиёсати идории устувор кумак мекунад.
– Як даҳсола пеш соҳибрасонаҳои Тоҷикистон пайдо шудани интернет-журналистикаро падидаи ночиз мепиндоштанд ва ба ин бовар буданд, ки он ба раванди нашри рӯзнома ҳеч таъсире намерасонад. Вале вақт нишон дод, ки интернет-журналистика аз журналистикаи анъанаӣ, ки нашрия, радио ва телевизионро дарбар мегирад, пеш гузашт ва дар самти иттилоърасонӣ имрӯз аз ҳама пешсаф аст. Соҳибони нашрияҳо барои фазоро зери чатр нигоҳ доштан нашрияҳои бархати худро фаъол кардаанд. Он гунае, ки нашрияҳои бархат мавқеъи расонаҳои чопиро танг карданд, пойгоҳҳои видеоии шабакаҳои иҷтимоъӣ дар оянда метавонанд мавқеъи телевизионро танг ва то ҳадде поён баранд?
– Албатта журналистикаи чандрасонаӣ ҷавоб ба ҳамаи навъҳои журналистика буда метавонад. Бо ин вуҷуд ман бори дигар ҳам гуфта будам, ки ахиран интернет ва шабакаҳои иҷтимоъӣ ба дили мардум мезананд ва онҳо рӯ ба журналистикаи классикӣ меоранд. Ҳамчунон ки мӯди асру солҳои пешини либосу ҷиҳоз баъдан боз мавриди таваҷҷуҳи одамон қарор мегиранд. Аммо ҳоло мо бояд худро ба воқеъиятҳои имрӯз мувофиқ кунонем ва аз равандҳои нав қафо намонем.
– Интернет-журналистика бо пайдо шуданаш падидаҳои нави журналистикаро ба вуҷуд овард, ки аз жанрҳои урфӣ тафовут доранд. Достоннависӣ (сторителлинг), кӯтаҳнавор (кепшн-ведио), подкаст, нақди расонаӣ ва рӯзноманигории додаҳо (дата-журналистика) аз ҷумлаи жанрҳое ҳастанд, ки имрӯз дар расонаҳои тоҷик ба чашм мерасанд. Мегуфтед, ки рӯзноманигорони тоҷик то чӣ андоза ба равандҳои нави журналистӣ истифо мекунанд ва давраи гузариш ва созгорӣ аз журналистикаи урфӣ ба медиаи навро чӣ гуна пушти сар мекунанд?
– Надонистани ин равандҳо ва ҳазм нашудани моҳияташон аз ҷониби аксари соҳибрасонаҳову рӯзноманигорон як тарафи масъала аст. Дуюм, мо ҳамагӣ чанд расонае дорем, ки вебгоҳашон зарфияти ҷо додани ин равандҳоро дорад. Аммо мушкили асосии мо, ба фикри ман дигар аст. Бибинед, чанд созмони журналистӣ ва начандон журналистӣ ба таҳияи давраҳои омӯзишӣ (тренингҳо) машғуланд? Оё ҳамаи онҳо махсусиятҳои журналистикаи Тоҷикистонро медонанд? Гуфтан мехоҳам аксари мушкилоти хоси мо ҳоло маълум нест. Академияи ВАО-ро ман фикр мекардам 8 сол пеш барои омӯхтану пайгирӣ кардани ин равандҳо таъсис додаанд. Эҳсос намешавад. Аммо аксари созмонҳое, ки барои ҳамкасбони мо тренинг мегузаронанд, дар ғами “имиҷ” сохтан барои худанд. Яъне фикр мекунанд маҳз омӯхтор (тренер)-ҳои хориҷии гаронарзиш мушкилоти ВАО-и Тоҷикистонро ҳал мекунанд. Оё касе дидабонӣ (мониторинг) кард, ки пас аз ин давраҳои омӯзишӣ чӣ тағйир ёфт? Агар наёфт, сабаб чӣ буд? Пас гуфтан мумкин, ки ин созмонҳо воқеъан дар ғами ҳал кардани мушкилоти журналистикаи Тоҷикистонанд, ё дар ғами худ? Мутаассифона дар ин созмонҳо ҳоло мебинем на ҳамеша онҳое машғуланд, ки бояд бошанд. Худашон на дар сохтусози расонае будаанд, на ҷойгоҳу эътимоди хос дар ҷомеа ҳосил кардаанд. Бо тӯтивор азёд кардани чанд “вожаи нав” дар созмонҳо ба кор омада, ҳадафашон танҳо пуштибонӣ кардани ёру ҷӯраҳояшон ба назар мерасаду халос. Фикр мекунед бо инҳо метавон дигаргуние дар муҳити расонаҳои Тоҷикистон ворид кард?
– Дар нишасти матбуотии оғози сол раиси Донишгоҳи байнулмилалии забонҳо Жило Гулназарзода эълон кард, ки дар ин донишгоҳ ба наздикӣ риштаи рӯзноманигориро боз мекунад. Дар баробари ин чанде пеш раиси Донишгоҳи словии Русияву Тоҷикистон Машраб Файзуллощ аз таъсиси донишкадаи рӯзноманигорӣ хабар дод. То ҳанӯз дар баробари донишкадаи рӯзноманигории ДМТ дар 6 донишгоҳи Тоҷикистон риштаи журналистика амал мекунад. Ба назари шумо, журналистикаи тоҷик олимону омӯзгороне ба миқдори зиёд дорад, ки имкони омӯзонидани назарияву амалияи журналистикаро ба шумори зиёди донишҷӯён дошта бошанд? Магар ин зиёдсозии миқдори қабул ба риштаҳои рӯзноманигорӣ омодасозии кормандони ҳирфаӣ ва кафолати сифатро зери суол намебарад?
– Борҳо гуфтаем, факултаву бахшҳои зиёди журналистиро бояд барҳам дод. Замони шуравӣ ҳамагӣ 25 кас шуъбаи журналистикаро хатм мекард, аммо босифат. Ҳоло ҳама донишгоҳҳо тақрибан журналист тайёр карданӣ мешаванд. Ҳол он ки ҳеч гуна имконият надоранд. Бигзор ҳама зарфиятҳо дар факултаи журналистикаи ДМТ ҷамъ шавад. Дуруст, ман мебинам дар донишгоҳҳои Бохтару Хуҷанд ва Донишгоҳи славянӣ баъзе имконот ҳосил шудаанд. Аммо бояд ин ҳамаро дар як марказ ҷамъ овард. Ҳоло шояд ба марказҳои қабули қарор чунин расонидаанд, ки рӯзноманигор бояд таблиғгар (пропагандист) бошад. Мутмаинам ин иштибоҳи худро баъдтар мефаҳманд. Тафаккури интиқодиро тамоми кишварҳои пешрафта рушд медиҳанд, дар мо баръакс.
Дуюм, қабул ба факултаи журналистика бояд аз Маркази миллии тестӣ бароварда шавад, озмунҳои эҷодии пеш аз имтиҳон эҳё гарданд. Дар он сурат пули буҷа беҳуда сарф намешавад ва мо ҳам соҳиби журналисти воқеъӣ мешавем.
Сеюм, кафедраҳои факулта набояд мисли замони шуравӣ “матбуот”, “ТВ ва радио” ва мисли ин бошанд. Ҳоло дар тамоми кишварҳои пешрафта факултаҳои журналистӣ кафедраҳои “журналистикаи сиёсӣ”, “журналистикаи иқтисодӣ”, “журналистикаи варзишӣ” ва мисли ин доранд. Агар дар мо ҳам чунин шавад, зарурат ба бахшу факултаҳои журналистӣ дар донишгоҳҳои дигар намемонад.
– Дар доираи давраҳои омӯзишие, ки дар марказ ва минтақаҳои Тоҷикистон мегузаронед, бо дониши амаливу назарии рӯзноманигорони ҷавон ошноед. Аксари онҳо, ки муҳассил ё донишомӯхтаи донишкадаҳои рӯзноманигорӣ ҳастанд, то омадан ба машғулиятҳои шумо то куҷо аз медиаи нав ва кори хабарнигории муосир огоҳанд?
– Аслан бо ҳал шудани масоиле, ки дар суоли боло гуфтам, шояд ин масъала ҳалли худро ёбад. Зеро ҳоло ба назар мерасад, мо мушкили асосӣ дар бахши маориф дорем. Боре яке аз устодони факултаи журналистика чизеро гуфт, ки моро ба даҳшат овард. Аз он кас дар бораи сатҳи пасти донишҷӯёнашон шикоят кардем. Гуфт ба баъзе шогирдонашон онҳо жанру асосҳои журналистикаро не, балки навиштану бехато навиштани ҷумлаву калимаҳоро меомӯзонанд. Инро мо мутаассифона зиёд мебинем дар амалия.
– Соли гузашта дар доираи як лоиҳа рӯзноманигорони тоҷик аз жанри медиакритика ё худ нақди расонаӣ омӯзиш диданд ва аз рӯйи ин жанр чанд нақди расонаӣ дар ростои сифат ва муҳтавои маводи нашрияҳо, барномаҳои радиоиву телевизионӣ таҳия карданд. Шоҳид будем, ки баъзе журналистони тоҷик, махсусан кормандони телевизионҳои кишвар ба ин нақдҳо вокунишҳои ғайрикасбӣ ва дур аз ахлоқ нишон доданд. Пурсидан мехоҳам, ки чаро дар фазои расонаии мо миёни ҳамкасбон таҳаммулпазирӣ ҷой надорад, принсипҳои касбиву меъёрҳои ахлоқӣ чаро риоя намешавад? Дар ҳоле ки журналистон мушкилии ҳар ниҳодро таҳлилу танқид мекунанд, чаро барои шунидани камбудҳои кори худ гӯши шунаво надоранд?
– Албатта унсурҳои нақди расонаӣ қаблан низ вуҷуд доштанд. Он ҳатто дар замони шуравӣ дар назарсанҷиҳои солонае, ки маҷаллаҳо дар байни хонандагони худ анҷом медоданд, зоҳир мешуданд, то бифаҳманд, ки мухотабон дар саҳифаҳои маҷалла чӣ дидан мехоҳанд. Ҳамчунин як жанри алоҳида — мактубҳои хонандагон, ки дар саҳифаҳои рӯзнома нашр мешуданд, вуҷуд дошт. Рӯзномаи «Рӯзи нав»-и мо, ки солҳои 2003-2004 нашр мешуд, низ саҳифае бо номи «Вокуниш» дошт, ки дар он хонандагон матолиби нашрияро интиқод мекарданд. “Азия плюс” ва баъдан “Нигоҳ” охири ҳар сол коршиносони бахшҳои гуногунро ҷамъ меоварданд, ба онҳо пул медоданд, то онҳоро нақд кунанду онҳо ислоҳ шуда, дар бозор ҷойгоҳи хубтар ёбанд. Аммо имрӯз расонаҳои Тоҷикистон интиқодро нисбати худ аслан қабул намекунанд. Мутаассифона аксари мо худро «ситора» мешуморем. Ба назарамон чунин менамояд, ки мо ҳақ дорем ҳамаро танқид кунем, аммо касе ҳақ надорад моро танқид кунад. Дар мо саволи асосӣ ин мешавад, ки ӯ кист, ки моро танқид кунад? Оё ӯ профессор аст? Дуруст, танқидро аз таҳқир албатта бояд фарқ кард. Вале дар маҷмуъ ин ҳолат муносибати моро ба нақди расонаӣ нишон медиҳад. Ҳол он ки, талаботи ин самти журналистика ҳамин аст: ҳатто бояд хонандаи одӣ шуморо нақд кунад. Албатта агар барои ӯ матлаб таҳия мекунед ва асли худро шинохтаниед.
– Соли 2009 ҷиҳати ҳамкории густардаи ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон бо ВАО фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти рақами 622 содир гардид, ки ҳадафи он вокуниши фаврии мансабдорон ба маводи таҳлиливу интиқодии журналистон аст. Мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки имрӯз ин фармон ба таври бояду шояд риоя намешавад. Чаро мансабдорони мо баъзан вақт риояи ин фармонро нодида мегиранд?
– Ҳарчанд худи ин фармон масоили ҳуқуқиеро ба миён меорад, аммо ҳадаф аз ба тасвиб расонидани онро як навъ бунёди қаробат миёни шахсони мансабдор ва рӯзноманигорон мегуфтанд. Албатта дар гузашта ҳам чунин таҷриба вуҷуд дошт, ки баъе аз расонаҳои чопӣ ин ё он муроҷиат ё матлаберо нашр карда, бо дастрасӣ ба бандҳои дахлдори фармони мазкур ба вазорату идораҳо ҷиҳати рӯшанӣ андохтан ба масъала дархост ирсол мекарданд. Яъне журналистон аз ин фармон ба сифати як абзори муассири дастрасии иттилоъ истифода карда метавонанд. Дуруст аст, ки дар кишварҳои пешрафтаву демократӣ қабули чунин санаду қонунҳо бо чанд сабаб зарурат надорад. Коршиносон чанд сабабро пеш меоранд. Якум, дар он кишварҳо ВАО-и давлатӣ, ё ҳукуматӣ набуда, ҳама мустақиланд. Дуюм, сатҳи баланди фаҳмиш ва эҳсоси шарикии шаҳрвандон дарм мудирияти давлат, аз ҷумла тавассути ВАО, зарурати дахолати давлат ба муносибати мансабдорон ба маводи танқидӣ ва таҳлилиро аз байн бурдааст. Сабабу решаи камтаъсирии ин фармон ҳам дар низоми ғайридемократии ба мансаб расидани қишри роҳбарии кормандони давлатӣ маънидод мешавад. Яъне азбаски мансабдори сатҳи баланд на бо раъйи шаҳрвандон, балки аз тариқи фармони роҳбари давлат ба вазифа меояд, онҳо кӯшиш мекунанд ҳисоботашон ба “боло” хушоянд бошад, на инъикосгари воқеият.
– Моҳе қабл Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо созмони ҷамъиятии “Хома” ҷиҳати тағйиру иловаҳо ба “Қонуни матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон” нишасте баргузор карданд ва журналистон пешниҳодҳои худро ироа карданд. Ба дунболи он публисист ва муҳаққиқи тоҷик Қироншоҳ Шарифзода дар як мақолаи худ, ки ҳафтавори “Фараж” онро интишор кардааст, пешниҳод дод, то номи қонун аз “…воситаҳои ахбори омма” ба “…воситаҳои иттилооти омма” табдили ном кунад. Шумо низ дар мавриди иловаҳо ба тарҳи ин қонун дар робита ба бандҳояш пешниҳоде доштед?
– Ман дар муҳокимаи ин лоиҳа иштирок доштам ва чанд пешниҳодамро додам. Ҳоло баррасӣ идома дорад. Муҳим ин аст, ки аз ҷомеаи рӯзноманигорӣ ин бор машварат суроғ мешавад. Пас умед дорем қонуне ба манфиати ҳама ҳосил шавад.
– Агар имкон даст дод, хоҳиш доред дубора “Рӯзи нав”-ро фаъол созед?
– Мо барои “Рӯзи нав” ҳама корро кардем ва ҳама посухамонро гирифтем. Агар имкон шавад, ҳатман расонаи дигаре фаъол мекунам. Аммо агар гап сари матбуот бошад, пас аз рафтан аз “Имрӯзnews” гуфта будам ва ҳоло ҳам мегӯям, ки агар нашрия фаъол карданӣ шавам, он танҳо рӯзномаи ҳаррӯза мешавад. Зеро барои номуваффақии аввалин нашрияи ҳаррӯзаи мустақили Тоҷикистон маҳз набудани мудирияти дурусти корӣ мусоидат кард, ки мутаассифона ба ман марбут набуд.
– Муҳимтарин рисолати як нафар журналист чӣ аст?
– Журналистикаи воқеӣ ду рисолат дорад: хабар расонидан ва ба вуҷуд овардани афкори ҷамъиятӣ. Вазифаҳои дигар, ки бор карданӣ мешаванд, метавонанд ба восита бошанд.
– Барои журналист мустақилияти иқтисодӣ муҳим аст ё озодии сиёсӣ?
– Ҳанӯз замони донишҷӯйӣ бо декани факулта, устоди гиромӣ, профессор Иброҳим Усмонов сари суоли “барои журналист мустақилияти иқтисодӣ муҳимтар ё озодии сиёсӣ” баҳс доштем. Ман ҳамеша дуюмиро интихоб кардаам. Намешавад гуфт, ки бе пул имкон дорад ҳама чиро соҳиб шуд. Аммо бовар кунед, пул ёфтан мумкин аст, агар озодии сиёсӣ таъмин бошад. Имрӯз “журналистикаи ҷамъиятӣ” ҳам дар кишварҳои пешрафта маъмул аст, ки танҳо ба мухотабони (аудитория) худ вобастаанд. Онҳо ҳатто огаҳии бозаргонӣ (реклама) надоранд. На сиёсӣ, на тиҷоратӣ. Тақрибан монанд ба шабакаҳои телевизионии кабелие, ки ҳоло мо дорем. Аммо розиам, ки журналистикаи мо аз лиҳози тахайюл, халлоқият (креатива) нодор аст. На ҳамеша бо гуноҳи журналистон ва соҳибони расонаҳо.
– Кадом иқдом имрӯз барои босифат гаштани фазои журналистикаи тоҷик зарурист?
– Рақобати воқеӣ.
– Ба таври воқеъӣ баррасӣ кардани мавзуъ ба рӯзноманигори имрӯз чӣ медиҳад?
– Обрӯ, эътимод ва албатта шароити хуби иҷтимоӣ.
– Заъфи журналистикаи тоҷик дар чист?
– Он яке нест. Дар ҳамин сӯҳбат силсилаи заъфҳо гуфта шуд.
– Чӣ ва ё киҳо ба ояндаи журналистикаи тоҷик умед мебахшанд?
– Онҳое, ки журналистикаро ба хотири принсип пазируфтаанд. Дуруст, ки каманд, аммо шукр ҳастанд.