Суҳбати Фахриддини Холбек бо Ориф Ҳасан Охундзода, муҳаққиқи покистонӣ муаллифи матлаби ҳангомавии “Тоҷикони гумшудаи Покистон”
“Тоҷикони гумшудаи Покистон” – и нашршуда дар як маҷаллаи инглисӣ (“The Friday times” (Лоҳур), №4, 3 августи соли 2017) аввалин матлабест, ки аз сарнавишти талхи мардуми бумии вилоятҳои шимолии ин кишвар – тоҷикон қисса мекунад. Дар асрҳои миёна тоҷикон дар ин сарзамин Салтанати Габрӣ (гирифташуда аз калимаи “габр”, ки арабҳо дар баробари зардуштиён истифода мекарданд) ё Салтанати Свотро ҳукмронӣ мекарданд, ки дар пайи як иттиҳоди Заҳириддин Бобури Темурӣ ва қабилаи юсуфзайҳои паштун дар асри 16 аз байн рафт. Муҳаққиқ Ориф Ҳасан Охундзода аввалин нафар (-и то ба ҳол ба мо маълум) аст, ки ин таърихро аз хоктӯдаҳои сиёсатҳои ҳукмрон дар минтақа берун кашид ва ба ҷомиаи ҷаҳонӣ пешкаш намуд. Сухан дар бораи тоҷикони бумии Покистон меравад, на онҳое, ки аз дигар кишварҳои тоҷикнишин ба Покистон ҳиҷрат кардаанд. Ҳоло суҳбати мо бо Ориф Ҳасан Охундзода пешкаши хонандагони “Самак” мешавад.
– Муҳтарам ҷаноби Охундзода! Дар оғоз аз Шумо барои таваҷҷуҳатон ба суҳбати мо изҳори ташаккур мекунам. Матлаби Шумо “Тоҷикони гумшудаи Покистон” воқеан як кашфиёти нодир аст, ки таваҷҷуҳи моро ба худ ҷалб кард. Мо тасмим гирифтем, рӯи бархе нукоте, ки аз нигоҳи мо, шарҳ мехоҳанд, бо Шумо суҳбате дошта бошем…
– Ба Шумо ҳам аз ман ташаккур! Мекӯшам ба суолҳои Шумо посух диҳам, то ҳадде, ки имкон дорам.
– Суоли нахустин ин аст, ки чӣ Шуморо ба навиштани ин матлаб таҳрик дод? Паёми Шумо чӣ аст?
– Ин як мақолаи бисёр кӯтоҳ ва маъмулӣ аст, ки бо он танҳо нӯки таҳқиқоти тӯлонии маро ламс мекунед. Авомили бисёре ба ман илҳом бахшиданд, то онро бинависам: 1) Иҷбор барои дарёфтани решаҳои воқеии қавмии ман; 2) Вазъияти феълии ҷомиа ва фарҳанги паштун – ҳамон тавр ки дар ҳоли ҳозир ва ҳамеша вуҷуд доштааст – ниёзеро ба як беҳбудӣ ё эҳтиром ба вуҷуд овардааст; 3) Ва ба ҳамин тартиб, бисёр мутаассифам, ки мегӯям, вазъи ғамангезу хандаовари таърихнигорӣ дар минтақаи мо, ки метавонам бигӯям… ҳатто аризиши як тақлиди мазҳакаро надорад. Ҳатто ҷомеаҳои бисёр ақибмонда эҳтирому суннатҳои торихнигориро эҷод кардаанд. Аммо на паштунҳо.
– Кадом асноду мадрак барои субути даъвоҳо дар ихтиёри Шумо қарор доранд?
– Таҳқиқи ман дар ин замина ҳамон қадар густарда ва виҷдонӣ аст, ки имкон дорад. Аммо ман, монанди ҳама муҳаққиқон, қарор гузоштаам, то айният (объективият) – ро болотар аз марз ҳифз кунам. Ба ҳамин тартиб, як мақолаи илмӣ (барои интишор) – и иборат аз 8 ҳазор калима ироа шуд, ки як бахши муфассали маълумот дар бораи китобу матолиби нашршудаи дастрас (пеш аз ҳама барои ман) дар ин мавзуъ ва ҳам сойири манобеъи интернетиро дарбар мегирад.
Ман ин ҳуҷҷатҳоро ба ҳар маҷаллаи муносиб ва муътабар барои нашр қаблан ҳам пешниҳод кардаам ва боз хоҳам кард. Аммо ман 12 китоби муътабарро дар мақолаи худ зикр кардаам, ки дар зимн иқтибосҳои муътамад дар бораи султонҳои Габрӣ – Свотӣ ва Салтанати Свотро доранд.
– Оё буданд нукоте, ки зарурати гуфтанашонро надонистед? Агар, ҳа, метавонед онҳоро баён кунед?
– Ман воқеан ҳеҷ маъниеро дар пеш омадани ин суол намебинам! Ин ҳақиқат, ки бархе ҳаводиси таърихӣ иттифоқ афтодаанд, аммо сипас бо ибҳом рӯпӯш шуданду таҳриф ёфтанд, барои ман кофист, ки ҷаҳонро ба таври густарда дар мавриди он иттилоъ диҳам. Ҷудо аз ин воқеият, онҳо шахсан ба ман, масоили марбут ба хуни хонавода ва мероси фарҳангии ман таъсир мегузоранд!
Ба ҳамин тартиб, ман ин корро шиори зиндагии имрӯзи худ кардаам, то ин ҷанбаи таърихи гумшуда, номуносиб ва маҳруми моро ошкор кунам.
– Чаро маҳз тоҷикон дар Покистон “гум шуданд”, на қавмҳои дигар? Ё ҳастанд қавмҳое, ки ба ин сарнавишт дучор омадаанд? Агар ҳа, вижагии тоҷикони Покистон дар чист?
– Ин тур шуд, ки он минтақае, ки имрӯз Покистон аст ва бо навъе ҳамла аз сӯи паштунҳо мувоҷеҳ буд, манотиқи қадимии тоҷикон ё форсҳо буд, он гуна ки ман дар мақолаам тавзеҳ додам. Ин вазъи нодир (мунҳасир ба фард), ҳамчунин маҷмуае аз авомил ва вижагиҳои қавмиии вобаставу марбут, ки ниёз ба баҳси амиқ доранд, анҷоми бади ин фоҷиаро таъйин карданд. Возеҳ аст, ки як омили бузург заъфи тоҷикӣ ва ҳам он буд, ки онҳо чӣ тавр ба роҳатӣ ҳукумат ва заминҳои худро ба қабоили ишғолгари паштун таслим карданд ва дар ниҳоят бо онҳо махлут шуданд.
Зоҳиран, тоҷикҳо танҳо дар манотиқе аз Покистон ёфт шуданд, ки ба тақсимоти феълии мансубияти қавмии “тоҷик – деҳқон” сар фаровардаанд. Ин як маркази ҳосилхез ва қадимии тамаддун (Гандҳара) аст, ки таври маълум, дар як ҳазораи мудаввом таҳти султаи императории Форси бостон буд.
– Кадом омилҳо буданд, ки водор сохтанд тоҷикон аз миллияти худ даст кашанд?
– Ҳамон тавр, ки дар ривоятҳои таърихии мавҷуд ишора шудааст, ин қиём тавассути паноҳандагони қабилаии паштуни саробонии шарқӣ, ки шуруъ аз соли 1480 аз дасти раҳбари темурии Кобул Мирзо Улуғбек овора шуда, пас аз он иҷозаи сукунат дар Свотро ба даст оварда буданд, ба вуҷуд омад ва онҳо ба таҳоҷуми шоҳзодаи бобурӣ – Бобур ҳамроҳ шуда, замин ва Салтанати Своти тоҷикҳоро гирифтанд. Ва ҳамзамон, ки дар посухи шумораи 4 – и боло зикр шуд, ҳама далоил нишон медиҳанд, ки ҳокимони Габрӣ ва деҳқонони шилмонии тоҷики онҳо дар ин замина муқовимати камтаринро ба намоиш гузоштаанд.
– Шумо мегӯед (агар ман дуруст фаҳмида бошам), нақши Заҳириддин Бобур дар “гум шудан” ё саркӯби тоҷикони Покистон калидӣ аст. Аз нигоҳи Шумо, Бобур таҳти таъсири кадом авомил ба ин хулоса расид, ки паштунҳоро ҷойгузини тоҷикон кунад? Ӯ ин корро қасдан кард, ё..?
– На ба маънои воқеӣ! Дар асл, Бобур маҷмуае аз корҳоеро анҷом дод, ки ба муҷиби он паноҳандагони қабоили паштун тайи қариб як аср заминҳои тоҷиконро забту мардуми шилмонӣ ва тироҳии тоҷикро саркӯб намуда, онҳоро ба ҳуввияти урда ё анбуҳи омадаи худ, ки эҳтимолан он қадар бузург набуданд, ҳазм карданд.
Бобур ба тоҷикон ба он хотир ҳамла кард, ки ҳампаймони салтанати Деҳлӣ буданд. Ҳадафи Бобур сарнагун кардани Деҳлӣ буд. Пас аз ин ки Бобур вилояти Баҷавури Свотро моҳи январи соли 1519 фатҳ кард, Султон Увайс, ҳокими Свот итоати худро ба Бобур эълон кард ва ахирӣ онро пазируфт. Аммо ба он хотир ки Бобур дар фатҳи Деҳлӣ ба мадади юсуфзайиҳои паштун ниёз дошт (ҳамзамон мехост кинаи қатли оми 693 бузурги қавмашон аз сӯи тағои Бобур – Улуғбек дар соли 1481 – ро аз дилҳояшон барорад), ӯ паноҳандагони юсуфзайро алайҳи давлати тоҷикон ба қиём даъват кард ва ба онҳо ваъдаи пуштибонии низомӣ дод. Баъдҳо дар соли 1519 юсуфзайиҳо артиши худро ташкил доданд ва бақияи Салтанати Свотро забт карданд.
Аз ин хотир, ширкати Бобур дар ин ҳаводис шароити хубе буд, ки мӯҷиби ба ҳам омадани манофеъи ӯ бо юсуфзайиҳо шуд ва ин ҳамкории онҳо дар амри сарнагунии Салтанати Своти тоҷиконро ба бор овард. Пас аз он, ҷазбу ҳазми тоҷикҳо то ҳадди зиёд кори паштунҳои саробонӣ таҳти раҳбарии юсуфзайиҳо буд.
– Кадом қавмҳои паштун дар Покистону Афғонистон, аз нигоҳи Шумо, дар асл тоҷиканд?
– Дар ҳоли ҳозир метавон гуфт, теъдоди зиёде аз тоҷикон ба қабоили шарқии саробонии паштун, амсоли юсуфзай, солорзай ва муҳманд, ки дар марзҳои салтанати собиқ Габр зиндагӣ мекарданд, ҷазбу ҳазм шудаанд. Дар ҳамин ҳол, ҳатто имрӯз ҷамъиятҳои бузурге дар манотиқи Дир, Свот, Баҷавур, Малаканд ва Мансеҳра ҳанӯз ҳам номи “тоҷик” – у “шилмонӣ” – ро истифода мекунанд ва хотираи аслу насаб ва таърихи худро дар нисбатҳои мухталиф гиромӣ медоранд. Ҳарчанд аксари ин ақвом кунун иддао мекунанд, ки паштун ҳастанд. “Остонадор” ё табақаҳои динии иҷтимоии зиёде вуҷуд доранд, ба монанди Пирҳо, Соҳибзодаҳо, Охунзодаҳо (мисли ман) ё Миёнҳои аз дастаи Папин Хел, ки ба таври густардае дар водии Пешовар ва вилоятҳои Кунару Нангарҳори Афғонистони имрӯз пароканда шудаанд.
Ҳамчунин бояд ба таври ҷудогона ба ин нукта таваҷҷуҳ дошта бошед, ки як кулл, аз лиҳози таърихӣ барҷастатарин гуруҳи қабилаии паштун, гуруҳҳои қабилаии Ғилҷойӣ ва Маттии конфедератсиюни Беттанӣ иддаои хешовандӣ бо шоҳзода Шоҳ Ҳусайн Шансабонии Ғурӣ доранд… Дар ҳоли ҳозир бисёрии қабоили “паштуншуда” – и тоҷики свотӣ дар ин “шаҷараи насаб” маҳз ба он далел, ки решаи мушобеҳи тоҷикӣ доранд, ворид карда шудаанд. Ин воқеият, ки ба таври суннатӣ ва илмӣ сабт шудааст…, тақрибан ҳеҷ гоҳ зикр намешавад. Агарчи ин мавзуъ марбут ба таърихи Габрӣ аст (чун габриён хироҷгузор ё протежеи Ғуриён буданд), бояд дар як заминаи ҷудогона, ҳатто робит бо он, дар назар гирифта шавад.
– Шумо чӣ нишонаҳоеро дар Покистон мебинед, ки аз Салтанати Габрӣ ё Свот шаҳодат медиҳанд? Оё ин нишонаҳоро ҷомиаи Покистон мешиносад ё онҳоро ба таври дигар, масалан, марбут ба фарҳанги ягон қавми дигар арзёбӣ мекунад?
– На. Барои ҳама гуна нияту аҳдоф ҳеҷ тафовуте миёни тоҷикҳои ин ҷо ва дигар покистониҳо вуҷуд надорад, ба шумули паштунҳо. Инро ҳам ба назар гиред, ки бархе аз онҳо ба нудрат мутаваҷҷеҳ мешаванд, ки онҳо аз нажодҳои мухталиф ё “қавм” ҳастанд.
Аммо тоҷикони свотие, ки дар ноҳияи Мансеҳраи устони Хайбар Паштунхвои Покистон зиндагӣ мекунанд, кулли минтақаро ишғол мекунанд. Онҳо як ҷомиаи таҳсилкарда, сершумор, созмонёфта ва муваффақ ҳастанд, ки дар ҷомиаи покистонӣ таъсиргузор аст ва аъзои он комилан аз эътибороти тоҷикии худ огоҳанд. Гоҳе авқот онҳо саъй мекунанд худро паштун ба намоиш гузоранд, зеро мехоҳанд бо қабоили ҳамсояашон мухолифат накунанд. Аммо ин дар шароити кунунӣ қобили фаҳм аст.
Бо ин ҳол, дар ояндаи наздик бо вуруди омӯзиши бештару интернет вазъ метавонад ба хубӣ тағйир кунад, зеро мардум шуруъ аз гузаштаи худ хоҳанд пурсид, ки ба онҳо таърихнигории бекифояти имрӯз умуман посухи ризоиятбахш намедиҳад. Дар ҳақиқат, тағйирот аллакай дар роҳанд.
– Ба ин, ки чаро то ба имрӯз ба “тоҷикони гумшудаи Покистон” ва таърихи онҳо касе таваҷҷуҳ накард, чӣ мегӯед? Чӣ сабаб шуд, ки ҳеҷ як аз муаррихон дар Покистон, Афғонистон ва Тоҷикистон ба ин мавзуъ таваҷҷуҳ накарданд?
– Метавонам бигӯям, ки илова бар фишорҳои паштунҳо, бархӯрди аз ҳад зиёд заъифи таърихнигории маҳаллӣ ва миллии мо гунаҳкор аст. Бо ин ҳол, муаррихони барҷастаи афғонӣ монанди Аллома Абдулҳай Ҳабибӣ дар китобҳои худ ба аҳамияти салотини свотии тоҷик ишора кардаанд. Аммо он чӣ возеҳ аст, ин аст, ки натиҷаи мавриди назарро надорад!
Дар акси ҳол, теъдоди қобили таваҷҷуҳи манобеъи дастнохӯрдаву пароканда ва қобили эътимод дар бораи габрӣ-свотиҳо вуҷуд доранд, ки фақат онҳоро бояд бубинед! Ин мавзуъ ҳаргиз дар заминаи қавмӣ, таърихӣ ва миллӣ касеро ба ташвиш наовардааст. Ҳаминро метавон дар мавриди донишҳои қавмӣ ва таърихии паштун гуфт, ки дар як вазъи аз ҳад зиёд хому омиёна қарор доранд. Тоҷикҳо ҳамоно ақаллиятанд!
– Шумо мегӯед, ки қабл аз ҳама инглисҳо ё муаррихони бритониёӣ дар ошкор кардани ҳақиқат дар бораи тоҷикони Покистон манфиатдор набуданд. Чаро?
– На. Шумо он чиро, ки ман гуфтаам, иштибоҳ тафсир кардед. Дар асл ин муаррихони бритониёӣ буданд, ки онҳоро бештар ёдоварӣ мекарданд. Аммо муаррихоне, ки зиёд мутолиа мешаванд, монанди Сэр Олаф Каро, тавсифи муқаддамотӣ ё пасзаминаи лозимро надоданд, то султонҳои тоҷики Габрӣ дар қолаби муносибу кулли таърихӣ таҳқиқу арзёбӣ шаванд.
– Фикр мекунед, пас аз ошкор шудани ин ҳақиқат, ки дар Покистон тоҷикон зиндагӣ мекунанд, аммо ҳуввияташонро гум кардаанд ё онро аз онҳо рабудаанд, “тоҷикони гумшуда” аз худ дарак хоҳанд дод?
– Ҳамон тур ки дар боло гуфтам, на. На дар ҳоли ҳозир ва аз нигоҳи аввал… чизҳое, ки дар ҳоли ҳозир вуҷуд доранд, ман мутаассифам, ки мегӯям, тоҷикҳо ҳадди ақал аз ҳама… набояд аз рабти худ ба аксарияти паштунӣ суҳбат кунанд. Ҳадди ақали онҳо ба гузашта ё таърихи худ алоқа доранд, ба истиснои чанд фаъолу нависандае монанди ман. Аммо тақозои рӯзафзуне барои ба расмият шинохтани таърихи маҳаллии тоҷик ва ҳам паштун вуҷуд дорад… ва агар битавонем мабоҳиси кофӣ дар ин заминаро таҳрик диҳем, метавонем ба натиҷаҳое даст ёбем, ки ривояти таърихии комилан ҷадиду дақиқро дар ин ҷо эҷод кунад. Ман худам ин зарфиятро дар ин замина нишон медиҳам.
Ман ҳамчунин озмоишоти генетикӣ ва таҳқиқотеро бо гуруҳе аз генетикҳои русӣ анҷом медиҳам… Аммо мутолаот то ба ҳол ба далели маҳдудиятҳои молӣ ва тадорукотӣ бисёр муқаддамотӣ ҳастанд.
– Мешавад пешбинӣ кард, ки ҳамчунин як ҳаракат, дарку фаҳмишҳо ба вуҷуд омадаанд, то таърихро бозбинӣ кунанд ва даст ба ягон коре зананд, масалан, аз ҳукумат инро тақозо кунанд, ки шиносномаи эшонро иваз кунад, ё…? Шахсан барои ман ин маълум аст, ки ҳатто ҳамон паштунҳои Покистон рӯз ба рӯз паштунигарии худро аз даст медиҳанд ва кор то ҷое расида, ки забони онҳо бо урду махлут шудааст…
– На! Ман аз давлати Покистон як чунин тағйиреро тақозо накардаам, ҳамон тур ки дар ҳоли ҳозир ҳаст… Дар ин мақтаъи замонӣ анҷоми ин кор номуносиб аст. Мутаассифона, дар нигоҳи аввал, Шумо дар ин маврид дуруст мегӯед… Аммо замони дархости як чунин иқдомоте нест. Мо бояд масъаларо тавсиа диҳем ва сипас таҳрик кунем – қабл аз ҳама чиз! Ин вақти зиёд мехоҳад…
Ишораи Шумо ба тағйири ҳуввияти паштунҳои покистонӣ таҳти таъсири урду танҳо ба иллати ин варшикастагист, ки онҳо таъриху фарҳанги худро чӣ гуна мебинанд. Ин бо вазъияти мавриди баҳси мо кам муқоиса мешавад. Ин лаъни ман ба ин нодидагирӣ ва азму иродаи ман барои муқобила бо он аст. Илова бар ин, он чӣ маро ба кори мо ва ояндаи он умедвор мекунад, тағйири равандҳои геополитикиест, ки дар ҳоли ҳозир дар минтақа ба назар мерасад. То ба имрӯз дар Покистон ва ҷомеаи он танҳо торикӣ ҳукумат кардааст ва дар бораи ботлохҳое, назири минтақаи мо, нагӯем ҳам мешавад.
Дар ниҳоят, форсӣ, ҳарчанд нодида гирифта шудааст, забони бегона дар ин минтақа нест. Он фақат ба эҳёи расмӣ ниёз дорад.
– Оё афродеро мешиносед, ки медонанд, ки тоҷиканд, аз гум ё поймол шудани ҳуввияти худ азият мекашанд? Онҳо чӣ мехоҳанд кунанд?
– Бале, ман бо бисёрии ин афрод шиносоӣ дорам. Бо ин ҳол, ин такрори чизе аст, ки дар боло пурсидед. Инро баҳс карда будем. Бо ин вуҷуд, ҳузур ва таваҷҷуҳи ин афрод аз минтақа то минтақа мутафовит аст. Дар минтақаи Мансеҳра дар савоҳили Ҳинд – тоҷикҳо беш аз ҳама аз ҳуввияти худ огоҳанд, аммо ба як гӯиши панҷобии мавсум ба Ҳиндку ҳарф мезананд ва тарафдори сарсахти Покистонанд. Ба ҳар ҳол, онҳо ҳанӯз ба ин, ки онҳо тоҷик номида шаванд, на панҷобӣ ё паштун, манфиатдоранд. Ҳатто дар миёни онҳо як тамоили умумӣ ин аст, ки ба сабаби “эътибор” – и иҷтимоӣ ва аҳамияте, ки ба барчаспи қавмии паштун марбут мешавад, худро паштун меноманд, аммо паштунҳо инро ба расмият намешиносанд.
Бо вуруди нуфузи чиниҳо дар минтақа, зарфият ва аҳамияти истротежики минтақаи тоҷикӣ боло меравад ва акнун бодҳои тағйир бори дигар вазидан доранд. Мансеҳра дарвозаи тарҳи CPEC (Даҳлези иқтисодии Чину Покистон, тарҳе, ки беш аз 50 миллиард доллар арзиш дорад. Дар ин робита ба матлаби “Хонаи ман” (Фараж”, 22.03.2017, №12), муроҷиат кунед) – и чинӣ аст, ки бо қавонини қадимӣ амалӣ намешавад. Чин аз миллигароии паштун ва ҳамкории он бо ифротгароии ҷиҳодиву ҷаҳонбинии иҷтимоии иртиҷоии он хуш нест.
– Шумо ҳоло “паштун” ҳастед. Чаро гузаштаи тоҷикиатон Шуморо нороҳат кардааст?
– Як саволи аҷибу ғариб аст барои пурсидан, аммо дар айни ҳол, ман аз аҳамияти он қадрдонӣ мекунам! Инак, НА, ман як паштун нестам. Ман бо забони онҳо метавонам суҳбат кунам, аммо мисли онҳо рафтор намекунам. Ва онҳо низ маро дар як мақоми камтар аз худ мепазиранд. Ин барои ман қобили қабул нест. Ман як шаҷараномаи тоҷикӣ дорам, ки тавассути асноди хонаводагӣ ва таҳқиқоти генетикӣ таъйид шудааст. Пас чаро онро рад кунам ва нодида бигирам? Фақат барои он ки паштунҳо дар муҳити ман бартарӣ доранд? Ман ҳеҷ далеле барои хиҷолат кашидан аз асолати воқеии тоҷикии худам надорам.
Ҳоло мумкин аст мардуми зиёде ба ман бигӯянд: “Чаро нороҳат ҳастӣ?” Аммо онҳо ангезаҳои мухталифе барои гуфтани ин суханон доранд. Ва шароит метавонад тағйир кунад. Ман дида метавонам, ки онҳо чӣ тур дар атрофам тағйир мехӯранд. Фарҳанги паштун дар ҳоли шикаст аст ва шаҳрвандонаш дар буҳрони печидаи иҷтимоӣ – фарҳангӣ ва сиёсӣ ба сар мебаранд!
Дар ниҳоят, ҳақиқат ҷойгузин надорад!
– Лутфан дар бораи худ як маълумоти муфассал медодед. Дар куҷо таваллуд шудед? Дар куҷо таҳсил кардед? Риштаи кори Шумо чӣ аст? Навиштаҳои Шумо ва ҳар маълумотеро, ки дар бораи худ зарур ба гуфтан медонед, лутфан баён кунед.
– Ман 49 – солаам. Оила надорам. Дар шаҳри Пешовари музофоти Марзи Шимолу Ғарб (ҳоло Хайбар Паштунхво) 24 июни соли 1968 таваллуд шудаам. Деҳаи ман Шабқадар дар 17 – милии шимоли Пешовар, ноҳияи Чорсадда воқест. Мо ҳамчунин як рустои хонаводагии дигар ба номи Валибег дар Агентии Муҳманд дорем.
Ман таҳсилоти олӣ доштам дар коллеҷи Эдварлдзи Пешовар, ки 32 сол пеш ба он дохил шудам. Инчунин, ба ҷуз манфиати шахсии пажуҳишҳои илмӣ дар таъриху теъдоди зиёде аз дигар масоил, аз ҷумла ҷорӣ ва геополитика, кори дигар ҳам намекунам.
Заминҳои меросии хонаводагиам дар деҳаамон таҳти мудирияти ман ҳастанд ва даромади зиндагиам ҳам аз ҳамон ҳисоб аст. Ҳамзамон як пилот (халабон) – и хусусии ҳирфаӣ ҳастам.
Аъзои хонаводаи мо на танҳо дар минтақа, балки дар хадамоти ҳукумати Покистон ва Артиши Покистон низ шинохта шудаанд. Модари марҳуми ман инглис буд.
– Дар охир, ҳар чиро ки напурсидаму гуфтанашро зарур медонед, лутфан баён доред…
– Як китоб дар бораи тоҷикони Свот ҳаст, ки мехоҳам барои иттилои Шумо ирсол кунам. Ин танҳо кори комил дар бораи таърихи онҳо то кунун аст, ки аз сӯи як узви барҷастаи ҷомиаи мо навишта шудааст. Аммо он ба забони урду аст. Ин мумкин аст дар ҳадди стандартҳои байнулмилалӣ набошад, вале ман дар ҳоли ҳозир дар ҳоли беҳбуди тарҷумаи инглисии он ҳастам.
Шакли PDF – и онро ба Шумо мефиристам. Аксари манобеъи мавриди ниёз дар ин китоб мавҷуд аст, ки метавонад ба донишпажуҳони Тоҷикистон низ пешниҳод шавад.
***Ин мусоҳиба тариқи интернет, катбӣ ва бо забони инглисӣ анҷом шудааст. Умедворем, ки саҳве дар он нарафта бошад