Таъсири омилҳои мухталиф ба ташаккули роҳбар ва тақвияти фаъолияти самараноки ӯ дар ҷомеаи муосир, имрӯз дар сархати масоили мубрами рӯз, дар мамолики мутамаддину пешрафта қарор доранд. Зеро аз шахсияти роҳбар, хислатҳои ҳамидаи инсонӣ ва истеъдоди сарварии ӯ, пешрафти фаъолияти кормандони ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳои хурду миёна ва бузург новобаста аз шакли моликияту тобеати онҳо вобастагӣ дорад. Дар ин бора мутаваҷҷеҳ бошед ба мусоҳибаи мо бо доктори илмҳои тиб, профессори кафедраи сиҳатии ҷомеа, иқтисод, идороти тандурустӣ бо курси омори тиббии М.Д.Т.«Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон»  Амонулло Ғоибов.

– Аз диди Шумо роҳбари имрӯза чи гуна бояд бошад?

– Аз ҳақ  намегузарем, агар гӯем, ки имрӯз ҳам баъзе аз раҳбарон бар сари зердастон дағалӣ ва озорро раво мебинанд. Аз диди ман, ҳар як раҳбар ё сардори корхонаву муассиса новобаста аз шакли моликият бояд ба хуби дарк кунад, ки барои пойдор мондани корхона, пешрафти кори он, комёб шудан ба дастовардҳои меҳнатӣ, «пиндори нек», «гуфтори нек» ва «кирдори нек»-ро шиори худ донист. Дурушт суханӣ, бадбинӣ, таҳқироҳои ноҷо аз ҳаддӣ ваколатҳо гузаштан аз пайи худ пайёмадҳои нохуш ба бор меоварад.

Пойдорӣ бо адлу дод бувад,

Зулму шодӣ чароғи дод бувад.

Ҳол он ки лафзи баду таҳқири корманд дар пайи худ забуниву шикасти роҳбарро дорад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нигоҳ доштани ҳуқуқ, озодиҳо ва шаъну шарафи шаҳрвандон садҳо санадҳои дахлдорро қабул ва амалӣ намуда  истодааст. Дар ин замина роҳбарони  муассисаҳо, корхонаҳо дар иҷрои муқаррароти санадҳои меъри ҳуқуқӣ бояд намуна бошанд.

– Мехостам роҷеъ ба омилҳои асосии ташаккулдиҳандаи шахсияти роҳбар мулоҳизаҳои худро баён медоштед…

– Дар умум, омилҳои ташаккулёбии шахсият-роҳбар, аз хислатҳои ҳамидаи  инсонӣ бархӯрдор будани худи ӯ сарчашма мегирад. Саволе ба миён мемонад, кӣ, Роҳбар кист? Роҳбар – шахсест, ки барои корхона ё муассиса, ки ҳайати кормандони муайян, ваколати қабул кардани қарорҳои идоракунӣ ва масъулияти татбиқи онҳоро бар дӯш дорад.

Омилҳои дигари ташаккулёбии шахсияти роҳбар сатҳи баланди донишҳои муосир, истеъдоди фавқуллодаи ташкилотчигӣ, мунтазам баланд бардоштани савияи дониши соҳавӣ ва ғанӣ гардонидани доираи маълумоти касбии он маҳсуб меёбанд.

Фаъолияти  роҳбари  касбӣ  бояд хусусияти эҷодкорона, гуногунҷабҳа ва фарогири мушоҳидаҳои шахсиву таассурот ва волоияти муносибатҳои нек бо ҳамкорон бошад. Ҳамзамон, роҳбар бояд мутаххассиси варзидаи соҳаи худ бошад, тамоми ҷанбаҳои фаъолияти объекти идорашавандаро бояд ба таври комил донад, истеъдоди қабули қарорҳоро дошта бошад ва оқибати татбиқи қарорҳои қабулшударо пешбинӣ карда тавонад. Дар мукаммалгардонии усули роҳбарӣ бояд дар ёд дошт, ки ҳар як корманд дар коллектив нақши муайянеро мавриди амал қарор дода тавонад, дар асоси худбаҳодиҳии имконоташ иддао дорад. Ба сифати меъёри асосии худбаҳодиҳии дуруст натиҷаҳои фаъолияти таҷрибавӣ амал мекунанд.

Ҳар касеро баҳри коре сохтанд,

Майли онро дар дилаш андохтанд.

Ҷоизи таъкид медонам, ки худбаҳодиҳии сатҳи паст, фаъолнокии иҷтимоии инсонро коҳиш медиҳад. Аз ин рӯ, роҳбар бояд дар бардоштани асоснокии худбаҳодиҳии худ манфиатдор бошад. Барои ин, талабу дархости зердастонро донистан, онҳоро одилона арзёбӣ  намудан ва бо ин роҳ ба фаъолгардонии онҳо муосидат кардан зарур ва то ҷое мушкил аст.

Барои ҳайати кормандон муҳим аст, ки раҳбарони ботаҷриба дар муассисаи маъруфу фаъолияти хубдошта, муҳлати зиёдтар фаъолиятро ба роҳ монанд. Имрӯз ақидае пайдо шудааст, ки тибқи он дар рушди болоравии вазифавӣ баъзе нуқтаҳои хатарнок вуҷуд доранд: оғоз, миёнаи болоравии вазифавӣ, замони пеш аз нафақа ва ғайра.

Ҳамзамон, дар ҳолати ҷисмонӣ ҳам тағйирот ба амал меояд – кӯшиши бештаре барои он ки дар байни ҷавонону калонсолон ва пирони рӯзгордида аз ҷиҳати ҷисмонӣ бардаму барҷой бошӣ, лозим мешавад, маҳз дар синну соли миёна раҳбарон имконоти беҳтар ва самаранок идора кардани ҷараёни дилхоҳи фаъолиятро доранд. Донишҳои пештар андӯхташуда бо таҷрибаву дида тавонистани ҳаёт дар шакли воқеиашон якҷо мешаванд ва онҳо эҳсосоти худро назорат карда метавонанд.

Давраи буҳрони амиқ тақрибан дар 40 -50 солагӣ, бо сабабҳои зерин зуҳур меёбад: ҷисмонӣ (тағйир ёфтани намуди зоҳирӣ, мушкилоти саломатӣ): равонӣ (носолимӣ дар оила, набудани ҳамдигарфаҳмӣ бо фарзандон, мушкилоти ҳамрӯзаи зиндагӣ); вобаста бо кор (нафаҳмидани маъниву  мақсади кор, ташвиши интихоби нодурусти касб, аз рӯйи вазифа ба қуллаҳои баланди имконоти худ расидан) ва дигар; (дарк кардан ва ба охир расидани ҳаёти инсон, маҳдудияти иқтидори ҷисмонӣ ва равонии худ ва ҳамчун ҳолатҳои изтироб – стрессӣ дар зиндагии шахсӣ ва дар фаъолияти хизматӣ).

Касбияти комил барои раҳбар асос аст, вале маълумоти дарёфта ва мунтазам ғанӣ гардондани донишҳо, таҷрибаи ҳаётӣ, ҷаҳду кӯшиш барои навовариҳо, фаҳмиши боақлона дар асоси илмӣ низ омилҳои муҳиманд. Аз ин лиҳоз, дар марказҳои  таълимӣ ва амалӣ бояд таваҷҷуҳ ба ошкор намудани ҷанбаҳои қавӣ ва заифи роҳбарон равона карда шавад ва барои такмил додани онҳо чораҳои зарурӣ тавсия дода шаванд.

Дар ин радиф фаъолияти роҳбарони солхӯрда таваҷҷуҳи махсусро талаб мекунад. Вазифа аз он иборат аст, ки мушкилоти дар кору ҳаёти роҳбарони синну соли  калон ва  солхӯрда рухдиҳандаро  сари вақт ошкор намуда, барои бартараф кардани ин мушкилот ба онҳо мадад расондан лозим аст.

– Аз диди Шумо, омилҳои соҳибэҳтиром гардидани роҳбар кадомҳоянд?

– Ба андешаи ман, обрӯи роҳбар метавонад ба омилҳои зерин асос ёбад: вазъияти расмӣ, сифатҳои шахсӣ, рафтор, донистани кор (салоҳият), барпо намудани фазои солими корӣ ва ба даст овардани натиҷаҳо. Омилҳои обрӯ дар ҳар роҳбар метавонанд маҳакҳои гуногун дошта бошанд,  мисли эътибору нуфуз ва эҳтиром, ки метавонанд фарқ кунанд. Обрӯву эътибор барои роҳбар шарти асосӣ ва муҳим сазовори эҳтироми кормандон будан ва пешрафти кору корхона мебошад. Агар раҳбар обрӯву эътиборашро аз даст диҳад, кормандон дигар ба супоришу фармонҳои ӯ эътибор намедиҳанд ва сифату самаранокии фаъолияти корхона коҳиш ёфта, худи роҳбар аз боварии роҳбарияти болоӣ мебарояд.

Ба ақидаи мардум «Сангаш сабук» ё ин ки «Лаҷоми идоракуниро аз даст дод»-ро мемонад. Аз ин ҷост, ки роҳбар дар ҳама ҳолатҳо сайъ кунад то обрӯяшро нигоҳ дошта тавонад.

Унсурҳое, ки метавонанд ба костани обрӯ оварда мерасонанд:

  1. Ваъдаҳои беасосу пучӯ холӣ (дурӯғ гуфтан); 2. Нобоварӣ аз кормандон;
  2. Маҳдудсозии ташаббуси кормандон; 4. Рафтори – «Ман ҳаққам», «Ман медонам», «Хуҷаин ва гапзан манам», «Сухани ман қонун» ва ё «Гуфтаи ман мешавад»! 5. Паҳн намудани маълумоти бардурӯғ дар байни зердастон; 6. Пешниҳоди маълумоти махфӣ дар бораи зердаст ё баҳс байни ӯ ва сардор ба шахси сеюм; 7. Маҳдуд кардани ақидаҳои навоид ба ин ё он масъала; 8.Маҳдудияти идеяҳои ҷолиб;

Аз таҳлилҳо бармеояд, ки тарзҳои зерини идоракунӣ аз ҷониби роҳбар мавҷуданд:

– ба вазифае нигаронда шудааст, ки иҷрояш зарур аст, зимнан роҳбар;

– кори нокифояро мазаммат мекунад;

– кормандоне, ки суст кор мекунанд водор менамояд, ки бештар ҷаҳд кунанд;

– ба ҳаҷму сифати кор аҳамияти махсус медиҳад;

– ҷиддӣ ва одилона роҳбарӣ мекунад;

– ба он таваҷҷуҳ мекунад, ки кормандонаш бо қувваю идрок фаъолият кунанд;

– кормандонро бо усулҳои навӣ замони муосир ҳавасманд месозад;

– аз кормандони каммаҳсул бештар кор карданро талаб мекунад.

Тибқи талаботи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбар бояд аз вазъи саломатии кормандон, шароити зиндагии корманд воқиф бошад, шароити мусоиди кориро таъмин намояд, гурӯҳҳои осебпазирро кӯмак кунад, инчунин, кӯшиш кунад, ки бо зердастонаш муносибати хубу одилона дошта бошад, бо онҳо ҳамчун шахсони ба худаш баробар муносибат кунад, кормандонашро дар ҳар корреро, ки иҷро мекунанд ё бояд иҷро кунанд, дастгирӣ ва роҳнамоӣ кунад.

– Мушкилотҳои тарзи идоракунӣ кадомҳоянд?

– Бояд гуфт, ки ба тарзи идоракунӣ асосан се мушкилӣ хос аст:

1.Натиҷаҳое, ки бояд ба даст оварда шаванд ва якчанд қисмат доранд, ки наметавонанд якҷоя ҷамъоварӣ карда шаванд;

  1. Мутлақшумории тарзи идоракунӣ ҳамчун усуле баррасӣ карда мешавад, ки бо ёрии он маҳсулнокии меҳнат баланд бардошта мешавад;
  2. Вазъияти идоракунӣ ҳамчун вазъияти тағйирнаёбанда баррасӣ карда мешавад, дар ҳоле, ки бо гузашти вақт он метавонад тағйир ёбад ва раҳбар бояд мутаносибан муносибати худро нисбат ба кормандони алоҳида тағйир диҳад.

Тарзи идоракунӣ метавонад аз тариқи яккасарварӣ, коллективона ва дигар тарзҳо сурат гирад. Дар тарзи идоракунии яккасарварӣ тамоми фаъолияти корхона аз ҷониби худи роҳбар, бе иштироки масъулону зердастон ташкил ва амалӣ карда мешавад. Аломатҳои ин тарзи идоракунӣ чунин аст:

-аслан роҳбар зердастонро идора мекунад ва аз онҳо итоатро интизор аст. Ӯ қарорҳоро бе ширкати зердастон (шахсони масъул) мувофиқа ва асоснок накарда, қабул мекунад, Илова бар ин, аз нуқтаи назари, ки зердастони худ фаҳмишу дониши бештар дорад, ки ин набояд чунин сурат бигирад. Қарорҳои роҳбар хусусияти амрӣ доранд ва зердастон бояд онҳоро иҷро кунанд.

-барои иддае аз роҳбарони яккасарвар боз як амали басе – нангину номатлуб дар муносибат бо ҷинси латифи  зердаст дар аксар мавридҳо хос аст. Бо сӯйистифода аз мансаб, қисме аз роҳбарон духтарону занони ҳамкорро мавриди таъқибу таҳқири лафзӣ ва озори ҷинсӣ қарор медиҳанд.

-доираи ҳавасмандгардонии зердастон аксари вақт маҳдуд аст, зеро роҳбар аз ҷиҳати иҷтимоӣ фарқ  мекунад, чун одат,  дар зердастон ҳамеша тарсро нигоҳ доштанӣ мешавад.

-бартарии тарзи идоракунии яккасарварӣ дар он аст, ки суръати нисбатан баланд дар раванди қабули қарорҳо ва дастёбӣ ба комёбиҳои бештар дар корҳои ҳамарӯзаи муқаррарӣ имкон доранд.

Ба ғайр аз ин, боз тарзи идоракунии коллективӣ (дастаҷамъона) маъмул аст. Дар тарзи идоракунии коллективӣ фаъолияти истеҳсолӣ ва ё эҷодӣ дар асоси ҳамкории байни роҳбар ва зердаст, инчунин ҳавасмандгардониву мукофотонии зердастон ба роҳ монда мешавад. Дар ин тарзи идоракунӣ зердастон ҳамчун шарикони корӣ шуморида мешаванд ва қодиранд корҳои ҳаррӯзаро мустақилона иҷро намоянд. Ҳадафҳои корхона бо роҳи кӯтоҳтарин – ҳавасгардонии пулӣ, додани имконоти рушди коргар ва аз  масъулият натарсидани онҳо ба даст оварда мешавад.

Бартариҳои тарзи коллективии идоракунӣ дар қабули қарорҳои ҳадафманд, сатҳи баланди ҳавасманд гардонии кормандон ва сабукгардонии кори раҳбар мебошанд.

Камбудии асосии ин тарзи идоракунӣ дар он аст, ки он метавонад раванди қабул намудани қарорҳоро сусттар гардонад. Зеро на ҳар коргар қобилияти мисли роҳбари бомаълумот ва таҷрибадорро, ки зеҳни фавқуллода дорад ва зуд қарор қабул карда метавонад, доро мебошад.

Тарзи дигари  идоракунӣ низ ҳаст, ки ин «идоракуни»-ро идоракунии падаршоҳӣ ном мебаранд. Тибқи ин тарзи идоракунӣ роҳбар ба коргарон ё омӯзгорон ҳамчун шахсони бетаҷриба ва ноуҳдабаро назару муносибат мекунад.

– Аз диди Шумо, роҳбари имрӯза бояд дорои кадом хусусиятҳои шахсӣ ва касбӣ бошад?

– Аввалан, роҳбарӣ кардани коллективи муосири имрӯза бе доштани ихтисоси касбии кофӣ, донишҳои иқтисодӣ ва технологи навин, равонӣ, идоракунӣ ва мувофиқ, бе дарки падидаҳои тағйироти ҷамъиятӣ-сиёсӣ, зарурати гузариш ба иқтисоди бозорӣ ва ба шаклҳои нави моликият ғайриимкон аст.

Сониян, аз роҳбари ҳар корхона ё муассиса дараҷаи баланди касбӣ, иҷтимоӣ-фарҳангӣ ва сиёсӣ, вуҷуд доштани низоми корӣ, болоравии  доимии сатҳи касбӣ ва хизматӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, поквиҷдонӣ ҳалли эҷодкоронаи мушкилоти кадрӣ талаб карда мешавад, ки дар заминаи онҳо фаъолияти босифат ва самараноки коллективи меҳнатиро роҳандозӣ кардан имкон дорад.

Саввум, ин ки роҳбари муосир бояд ба вазъияти зуд тағйирёбандаи истеҳсолӣ, усулҳои нави корбарӣ тавассути сатҳи донишу малакаи шахсӣ қобили талаботи ҷомеаи муосир мутобиқ шуда тавонад. Нисбат ба зуҳуроти кӯҳнапарастӣ, бемасъулиятӣ, дар як ҷо шах шуда мондан оштинопазир бошад. Сатҳи дониш ва маърифатнокии худро баланд бардорад, то ки «дар кунҷи ҳаёт» дарнамонад ва коллективи зери дасташро сархаму хиҷолатзада насозад.

Чаҳорум, моҳирона якҷо кардани омодагии назариявию амалӣ ба роҳбар имкон медиҳад, ки  дар сатҳи муосири пешрафти илмӣ-техникӣ кор кунад ва донишҳои андухтаашро зимни идоракунӣ эҷодкорона истифода барад.

Панҷум, принсипи яккароҳбарӣ ҳам, ҳақ доштани роҳбарро ба қабули  қарорҳо ва ҳам масъулияти шахсии ӯро барои иҷрои ин қарорҳо мефаҳмонад. Роҳбар на танҳо барои кори худ, балки барои кори зердастон низ масъулият бар дӯш дорад.

Шашум, роҳбари асил на фақат ҷиҳати бартараф кардани камбудии мушаххас мекӯшад, балки тадбирҳоеро пешбинӣ менамояд, ки пеши роҳи сар задани ин камбудиҳоро гирифта метавонанд.

Ҳафтум, роҳбар вазифадор аст, ки дар коллектив фазои мусоидро барои табодули озоди афкор фароҳам оварад, аз шахсони ботаҷриба маслиҳат гирифтанро омӯзад ва ақидаи баённамудаи дигаронро бодиққат гӯш кунад.

Ҳаштум, ҳар як роҳбар бояд ба омӯзиши далелҳо ва таҳлили амиқи онҳо такя кунад. Дар қалби инсоне, ки бахелӣ, ҳасуд ва нотавонбинӣ ҷойдошта бошад, ҳамеша ба бенизомию бетарафӣ ва бадгуӣ нисбати дигарон оварда мерасонад. Устоди зиндаёдам, коршиноси бомуваффақи соҳа Абдулмаҷид Ҳакназаров мегуфтанд, ки дар Шарқ чунин ақида ҷой дорад, ки одами шаккок – нафрантагез аст, одами дуруғгӯ – манфур, одами хиёнаткор – осебрасон ва одами дуруя -фоҷеа аст чӣ дар хона ва чӣ дар коллективи меҳнатӣ.

Нуҳум, шиори роҳбар: ҳамеша аз оне ки имрӯз буд, беҳтар кардан мумкин аст», аз ҳисоби захираҳои истифоданашудаи муассиса ва корхона. Тартиби вуҷуддошта – ин аз тартиботи имконпазир ягона нест. Роҳбар бояд доимо дар ҷустуҷӯи шаклҳо ва усулҳои беҳтарини ташкили фаъолияти коллективи дар итоаташбуда бошад.

Боз як чизи муҳими дигарро низ бояд дар назар дошт. Ислоҳот- навсозиҳои бемаврид дар кор, дарҳаму барҳамдиҳӣ, бетартибӣ ва номуташаккилиро ба вуҷуд меоранд. Бинобарин, аз ҳад зиёд навовару навсоз набояд гардид.

Даҳум, ноомад, иҷро нашудани фармоишу дастурҳо, аксаран метавонад дар фаъолияти тамоми муассиса, корхона ва зерсохторҳои он падид ояд. Аз ин рӯ, ҳангоми банақшагирии кор роҳбар бояд ба назар бигирад, ки дар ин кор хадамоти дигар кадом мавқеъро ишғол мекунанд; ӯ бояд тамоми ҷиҳатҳои асосиро ба ин нақша дохил намояд ва ба иҷрои фармону супоришҳои байнихадамотӣ ё байнисоҳавӣ комёб гардад.

– Устод, ташаккур барои чунин як суҳбати пурмуҳтаво!

Мусоҳиб:

Зоҳири САЙФУЛЛО

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь