Мусоҳибаи сухангӯи Бемористони байналмилалии Ибни Сино Шервони Умриддин бо ассистенти бахши эндокринологӣ, кардиолог – эҳёгари Бемористони Ибни Сино доктор Диловар Маҳмадёров.

Диабети қанд чӣ гуна беморӣ аст?

Диабети қанд бемориест, ки дар натиҷаи вайроншавии мубодилаи қанд дар организм ташаккул меёбад. Ҳамасола гирифторони ин беморӣ ба ҳадди 8 – 10 дарсад афзоиш меёбанд. Дар ин беморӣ ҳормони “инсулин” ё тавлид намешавад, ё ба шакли зарурӣ фаъолият намекунад.

Инсулин барои табдил ёфтани қанди таркиби хун ва ғизоҳо ба энергия хизмат мекунад. Дар шахсони гирифтори ин беморӣ, бо далели он ки инсулин камбудӣ дорад ва ба хубӣ амал намекунад, қанд (глюкоза) дар хун то сатҳи хатарноке боло меравад.

Диабет гурӯҳи бемориҳои метаболикӣ (мубодилаи моддаҳо) мебошад, ки ба он баландшавии қанди хун хос буда, дар натиҷаи иллати тарашшуҳи нисбӣ ё мутлақи инсулин ба амал меояд. Дар натиҷа тағйирёбии мубодилаи моддаҳо дар ғадуд ба амал омада вайроншавии функсияи рагҳо ва торҳои асаб пеш меояд.

Қанди хун дар меъёр аз 3,5 то 5,5 ммол/л-ро ташкил мекунад. Баландшавии сатҳи қанди хунро аз 5,5 то 6,5 ммол/л  пешдиабет меноманд. Дар сурати баланд шудани қанди хун аз 6,6 то 7,0 ммол/л ташхиси бемории диабети қанд гузошта мешавад.

Дар сурати ба бемории қанд гирифтор шудан чӣ бояд кард?

Гирифторон аз табобати халқӣ худдорӣ намоянд ва албатта, ба пизишкони соҳа (пизишки эндокринолог) муроҷиат намоянд. Барои худи бемор, қабл аз ҳама, риоя кардани парҳез зарур аст. Аз истифодаи худсаронаи дорувориҳо бояд худдорӣ кунанд. Бемор маълумоти доир ба беморӣ ва оризаҳои онро бояд пайваста такмил диҳад. Барои шахсоне, ки бори аввал диабети қанд ташхис шудаанд, стресс бадтарин омил мебошад. Пас беморон бояд ҳатман аз стресс дур бошанд.

Сабабҳои пайдоиш ва омилҳои гирифтор шудан ба ин беморӣ дар чист?

Албатта, ки сабабҳо ва омилҳои ташаккулёбии бемории диабети қанд хело зиёд аст. Сабабҳои асосии пайдоиши бемории диабети қанд ирс бо изофаи ҳирс мебошанд. Яъне бемории диабети қанд ин бемории генетикӣ аст, ки аз насл ба насл мегузарад. Ҳолатҳои зиёди стресс, қабули аз меъёр зиёди хӯрок, камҳаракатӣ дар ашхоси гени диабет дошта метавонанд сабаби пайдоиши диабети қанд гарданд.

Навъҳои ин бемориро номбар мекардед?

3 намуди бемории диабети қанд вуҷуд дорад.

-бемории диабети қанди навъи якум; бемории диабети қанди навъи дуюм; бемории диабети қанди навъи миёна.

Навъи якум бо номи диабети ҷавонон маъмул аст ва навъи дуюм бештар дар шахсони калонсол ба мушоҳида мерасад. Диабети қанди навъи якум бемории мубодилаи моддаҳо буда, норасогии мутлақи инсулин бештар аз иллатдоршавии аутоимунии В – ҳуҷайраҳои ғадуди зери меъда вобастагӣ дорад. Ва бо аломатҳои гипергликемияи бардавом, глюкозурия, баъдан кетонурия ошкор мегардад.

Бемории диабети қанди навъи якум аз овони кӯдакӣ ташхис карда мешавад. Дар ин навъи бемории диабет сатҳи инсулини бадани беморон кам аст ё умуман вуҷуд надорад. Аз ин рӯ ин навъи диабет ба инсулин вобаста аст.

Аломатҳои клиникии хоси беморӣ:

ташнагӣ; обнӯшии зиёд; пешобронии тез-тез; ҳисси гуруснагӣ; сустии мушакҳо, харобшавӣ; хориши бадан; бемадории умумӣ.

Диабети қанди навъи якум дар синни навзодӣ то 30 – 35 солагӣ, баъзан то 40 солагӣ вомехӯрад.

Бемории диабети қанди навъи дуюм дар овони миёнасолӣ ва пиронсолӣ ташхис мешавад. Дар ин навъи бемории диабети қанд сатҳи инсулини бадани беморон ба ҳадди кофӣ вуҷуд дорад, вале нисбати он муқовимат пайдо шудааст.

Диабети қанди навъи дуюм бемории гетерогенӣ мебошад, ки маҷмӯи ноҷуриҳои мубодилавии муқовимат ба инсулин ва норасогии функсияи В – ҳуҷайраҳои ғадуди зери меъдаро дар бар мегирад.

Омилҳои пайдошавии беморӣ:

тамоюли авлодӣ (ирсият); фарбеҳӣ; ҳолатҳои ташаннуҷи рӯҳӣ (стресс); камҳаракатӣ.

Аломатҳои клиникии хоси беморӣ:

аксар вақт беморӣ бе аломат сар мешавад; ҳисси гушнагӣ ташнагӣ; обнӯшии бисёр, пешобкунии зуд-зуд; харобшавӣ; вайроншавии мубодилаи моддаҳо дар пӯст ва нохунҳо.

Бемории диабети қанди навъи миёна комилан генетикӣ аст. Чунки дар сурати гирифтор шудани як фарзанд дар оила, фарзандони боқимонда низ ба ин беморӣ гирифтор мешаванд.

Нишонаҳои бемории дибети қанд кадом аст?

Дар марҳилаи аввали пайдо шудани бемории диабети қанд, ки қанди хуни бемор то 7 – 8 ммол/л боло меравад, ягон аломати хос мушоҳида намешавад. Дар сурати баланд шудани қанди хуни ношто то 9,5-10 ммол/л ва афзоиши он пас аз ду соати қабули хӯрок то 12-13 ммол/л нишонаҳои беморӣ зоҳир мегардад.

Инчунин, дар гурӯҳи бемороне, ки ба диабети қанди навъи якум гирифтор шудаанд, камшавии иштиҳо ва баракси онҳо дар гурӯҳи беморони диабети қанди навъи дуюм баландшавии иштиҳо ба назар мерасад.

Бинобар ин, зоҳиршавии нишонаҳои бемории диабети қанд ба муддати тӯлонӣ баланд шудани сатҳи қанди хуни бемор вобаста аст.

Паёмадҳои бемории диабети қанд кадомҳояд?

Диабети қанд мумкин аст, сабаби ба вуҷуд омадани оризаҳои гуногун гардад. Аксар шахсоне, ки дучори ин беморӣ гардидаанд, бо далели бемориҳои қалбӣ, сактаи мағзӣ ё бемориҳои рагҳои қалбӣ мемиранд. Тағйири шеваи зиндагӣ ва истеъмоли як доруи метформин метавонад назорати диабети қандро сабук кунад ва хатарҳои зикршударо коҳиш диҳад.

Бемории диабети қанд табобатшаванда аст?

Бемории диабети қанд бемории табобатшаванда аст. Вале ба пуррагӣ нест намешавад. Бемории диабети қанд мисли бемории баландшавии фишори хун, баланд шудани чарбҳои хун табобати доимиро талаб мекунад. Дар сурати сари вақт табобат шудан, ҷараёни беморӣ метавонад сабук гузарад ва оризаҳои беморӣ камтар дида пеш ояд.

Роҳҳои пешгирии бемории диабети қанд чӣ тур аст?

Роҳҳои пешгирии бемори диабети қанд муҳимтар аз табобати беморӣ аст. Агар дар оилаҳое, ки ба диабети қанд тамоюли авлодӣ доранд, вазни кӯдак давоми ҳаёт зиёд шавад, бояд ҳатман ба пизишкон муроҷиат намоянд. Дар аввал роҳи пешгирӣ дуруст ба роҳ мондани реҷаи хӯрокхурӣ ва варзишҳои сабук ба мисли пиёдагардӣ ва оббозӣ мебошад. Дар сурати танзим накардани вазн ва тамоили қанди хун ба баландшавӣ ба бемор ҳабҳое, ки сатҳи инсулини баданро танзим мекунанд, тавсия дода мешаванд. Шахсоне, ки тавсияҳои  пешгирикунандаро риоя мекунанд, ба муддати 10 то 15 сол аз беморӣ дур мешаванд ва ҳатто дар сурати гирифтор шудан ба беморӣ, онро сабук мегузаронанд.

Роҳҳои пешгирии ин беморӣ:

Бо фаъолияти ҷисмонӣ машғул шудан; вазнро муътадил нигоҳ доштан; худдорӣ аз истеъмоли машруботи спиртӣ ва истеъмоли тамоку.

Ба беморони диабети қанд зарур аст:

– доруҳои тавсиянамудаи табибро қабул намоянд; аз рӯи маслиҳати табиб реҷаи хӯрокро тағйир диҳанд.

Тавсияи Шумо ҳамчун пизишк ба беморони диабети қанд?

Чи хеле ки пештар ҳам қайд кардем, ин беморӣ ба табобат ва назорати ҷиддӣ зарурат дорад. Шахси бемор доруҳоро сари вақт истеъмол намояд ва таҳти назорати доимии пизишкони эндокринолог, офталмолог, кардиолог ва нефролог қарор гирад. Инчунин, қабули маводҳои дорувории тавсияшудаи табибонро худсарона қатъ накунанд. Беҳтарин чиз барои беморон машғул шудан ба варзиш ва тарзи ҳаёти солим мебошад. Шахсони дорои вазни зиёдатӣ таҳти назорати пизишк қарор гирифта, вазни худро кам намоянд.

Сипосгузорам аз посухҳо ва пешниҳодҳои бисёр ҷолиб!

Сарбаланд бошед!

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь