Рӯз аз рӯз дар ин ҷаҳони пурталотум воқеаҳои кӯҳна аз нав такрор мешаванду захмҳои кӯҳнаро боз мекунанд. Дар ин баробар миллати тоҷик низ аз ин воқеаҳо канор намемонад. Ҷамъе аз “равшанфикрон” хостор ва ё даъвои онро доранд, ки Осиёи Марказӣ номи Туркистонро доро аст, ва бояд номи аслаш барқарор шавад. Ин гуфтаҳо то чи андоза дурустанд ва барои ҳақиқати аслро ифшо кардан чӣ бояд кард? Ин суолҳое ҳастанд, ки ҷавоб мехоҳад. Рӯзҳои охир мебинем, ки баъзе аз худогоҳони тоҷик ором намеистанду барои ифшои ҳақиқати ҳол талош мекунанд. Дар ин баробар шоир, рӯзноманигор Бузургмеҳри Баҳодур китоберо бо номи «Эътирофи тоҷик» таҳия намуд, ки маҷмӯаи пажӯҳишҳо ва навиштаҳои олимону донишмандон, мутафаккирон, низомиён ва адибони барҷастаи ҷаҳонро дар тӯли 200 соли охир дар бар мегирад, ки онҳо дар бораи миллати тоҷик, таъриху фарҳанг ва асолати он сухан рондаанд. Дар ин миён мо бо шоир Бузургмеҳри Баҳодур атрофи худогоҳиву хештаншиносии миллӣ сӯҳбате оростем, ки фишурдаи онро пешкаши шумо мекунем.

 ФАСЛИ АВВАЛ

Тоҷик будан на танҳо дар Тоҷикистон, дар саросари дунё душвор аст

Ҳадафи таҳияи китобе, ки дар он шахсиятҳои ҷаҳонӣ дар бораи ҳувияти тоҷикон сухан рондаанду эътироф кардаанд, дар чист? Яъне бо кадом ҳадаф китоби “Эътирофи тоҷик”ро фароҳам овардед?

– Имшабу рӯз воқеаҳои сад сол пеш суратгирифта бори дигар дар шаклу намои дигар такрор мешавад. Тоза дарк мекунам, ки «таърих такрор мешудааст». Осиёи Марказиро, яъне Варорӯди таърихиро мехоҳанд Туркистон ном ниҳанд. Дар ҳоле, ки ин минтақа на аз назари ҷуғрофӣ ва на аз назари таърихӣ Туркистон набуду нест! Номвожаи сохтаи “Туркистон” баъд аз он ки русҳо омаданд, бештар паҳн гардид. Аҷиб тазодест, эътирофгари тоҷикон низ ховаршиносону низомиён, гардишгарон ва дипломатҳои рус буданду иштибоҳои калон низ аз онҳо сар зад. Дар китоби садсаҳифагии “Эътирофи тоҷик” навиштаҳои 200 соли охири тоҷикшиносони дунё гирд омадааст. Онҳо аз қуллаи таърих бо як овоз ҷор мезананд, ки тоҷик соҳиби Варорӯд аст, аммо боз ҳам раддияи ноҷо, иғво, дасиса, дурӯғ ва ҳазёни таърихмаобон идома дорад.

Ба ин хитобаи Мавлоно таваҷҷуҳ кунед:

Гуфтам зи куҷоӣ ту? Тасхар заду гуфт: “Эй ҷон,

Нимем зи Туркистон, нимем зи Фарғона!”

Пеш аз ҳама бояд донист, ки Туркистон имрӯз як шаҳри калоне дар ҷануби Қазоқистон аст ва Фарғона як водии алоҳида. Вақте русҳо омаданду бо ғалат Осиёи Марказиро Туркистон гуфтанд, мардум ва рафта-рафта баъзе олимони дохилӣ онро пазируфтанду дар осори худ ҷо доданд. Ин иштибоҳ як луқмаи тайёр шуд барои пантуркистон, ки Варорӯдро бахше сарзамини “ормонии” худ бидонанд ва ҳатто худашонро соҳиби ин паҳно пиндоранд. Ман китоби “Эътирофи тоҷик”-ро маҳз бо забони тоҷикӣ таҳия кардам, то мардум аввал худаш худашро шиносаду дар баҳсҳову даъвоҳои беасосе, ки инҷоро Туркистон номиданианд, посух гардонад. Ин китобчаи таҳиякардаи мо як навъ посухномаи дандоншиканест барои “даъвогарони суст”-е (таъбири устод Лоиқ), ки Варорӯд ё ҳамон Мовароунаҳрро Туркистон гуфтан мехоҳанд. Фирдавсии бузургвор посух медиҳад:

Агар паҳлавонӣ надонӣ забон,

Варорӯдро Мовароуннаҳр хон!

-Баъд аз таҳияи китоб аз ҷониби касе ягон пешниҳод ва ё вокунише шуд?

-Бале, вақте китобро ройгон тақсим кардем ва тарзи электрониашро дар шабакаҳои иҷтимоӣ гузоштем, бештари дӯстони мо, ки “пешниҳод” ё “супориш” додан дар табиаташон ҷорист, таъкид карданд, ки китоби “Эътирофи тоҷик”-ро бо дигар забонҳо, бавижа русиву ангилисӣ тарҷума кунем. Аммо ман тани танҳоям, на таърихнигор ҳастам ва на корманди Академияи илмҳо. То ин ҷо, ки корро расондам, шодмонам ва идомаи онро ба мутахассисон вогузор мекунам. Ин рисолати Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва ё вазифаи ҷонии Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш аст. Агар дар ин самт аз ман ҳамдастӣ хоҳанд, ман омодаам, ёрмандашон бошам. Аммо ба андешаҳои як зумра дӯстон ҳайрон мемонам, чи гуна метавон ба худшиносии дохилӣ нарасида, даъво бикунӣ, ки дигарон моро шиносанд. Онҳое, ки англисиву чинӣ ва ё забонҳои дигарро медонанд, ин китобро тарҷума кунанд ва ҳатто номи моро ҳамчун фароҳамсоз зикр накунанд, ман розӣ ҳастам, зеро онро ман аз чандин сарчашмаҳои муътабар ҷамъ овардам ва муроди ман дар як ҷилд ба ҳам омадани номаҳои эътирофии бузургон буду бас!

Як тақризи хубе ҳам аз Хуҷанд дӯсти арҷмандамон, номзади илмҳои суханшиносӣ Исломҷон Раҳимов навиштанд, аммо то ҳол ҷое чоп нашуда, бовар дорам, ки Шумо дар ҷаридаи худ нашр мекунед…

-Китоби дигари Шумо, аниқтараш маҷмуаи шеъратон “Тоҷик будан дар ин саро душвор аст” ном дорад. Чаро тоҷик будан дар ин саро душвор аст? Лутфан, номи китобатонро шарҳ бидиҳед

-Вақте номи китобро чунин гузоштанӣ шудам, бисёриҳо гуфтанд, ки шояд хато фаҳмида шавад. Ин ҷо пеш аз он, ки ба душвории тоҷик будан таваҷҷуҳ фармоем, бояд нигоҳ кунем, ки вожаи “саро” дар ин мисраъ ба чӣ маъно омадааст? Азбаски ба дарки ин намераванд, мегӯянд, ки ман танҳо Тоҷикистонро дар назар дорам. Аммо саро инҷо ба маънои ҷаҳон аст, ки Фирдавсӣ мефармояд:

Чунин аст расми саройи дурушт,

Гаҳе рӯйи зину гаҳе зин ба пушт.

Яъне саро инҷо ба маънои ҷаҳон аст. Барои ҳамин ман хостам гӯям, ки тоҷик будан на танҳо дар Тоҷикистон, дар саросари дунё душвор асту душвортар мешавад…

– “Душворӣро дар чӣ мебинед?

– Шумо ҳамагӣ дар даст як телефон, шиноснома ва ҳамёни зар дошта бошеду дигар ба ҳеч чиз вобаста набошед. На падару модар, на фарзанд, на хонаву дар бароятон беаҳамият бошанд. Ё ҳамин гуна пайвандиҳои ҷониву хунӣ ва иҷтимоӣ надошта бошед. Дар ин ҳол ба осонӣ метавонед ҷойи зистро иваз кунед. Ё ба осонӣ метавонед ба ҳама чашм пӯшеду ба худ гӯед: чор тарафам қибла. Дар ин ҳолат зистан бароятон, албатта, осон мешавад. Вале миллати тоҷик (дар шахси як инсон) бидуни вобастагиву дилбастагӣ, соҳибзаминиву соҳибтахтӣ, таълиму тарбият, дину оин набудаасту намешавад ҳам. Тоҷик ҳамеша соҳибдавлат буд, масъулият дошт, ба як ҳудуди муайян, ба як забон, фарҳанг ва тамаддун ниёзи рӯзафзун дошту офаринанда буд. Ва ҳамин падидаҳои гаронарзишро ҳамеша бо худаш гирифта мегашт. Асли кораш бо вуҷуди ободонӣ, дар дифоъ истодан будааст. Албатта, касе, ки бо худ як ҷомадони одӣ дорад, кӯч бастан аз ин қаламрав ба ҳудуди дигар хеле осон аст. Он ҷомадони ночизро гум кунад ҳам, боке нест, вале барои миллати тоҷик ин ҳамаро раҳо кардану ҷилд-ҷилд китоб, забон, адабиёт, хокҷои падару модар, андешамандони ҷаҳонӣ ва ҳазорҳои падидаҳои муқаддасро раҳо кардану бепарвову хунсард ба ҳама пушт гардондан, хеле сангин аст. Ҳарчанд ки дар тӯли таърих бо баъзе сабабҳо заминҳоямонро бо зӯрӣ гирифтанд, баъзе вақт сустии худи мо сабаб шуду ҳама дороии маънавиву иҷтимоиро ба боди фано додем. Баъзе вақтҳо хиёнат дар шаклҳои лагандбардорӣ, косалесӣ, хушомад, таърифу таҳсини пур аз иғроқ, аз паша пил сохтан, тарсуӣ, беҷуръатӣ, дар лаҳзаҳои сарнавиштсоз бо ҳам набудани як зумра тоҷик сабаб шуд, ки мо аз қаламравҳои бузурги худ маҳрум шуда, ба як кӯҳистон ҷо шавем. Ба ин мазмун устод Лоиқ ҳам фармудаанд:

Домани кӯҳ гирифтему думи маркаби хеш,

Рафт аз даст ҳама домани дашту даманам!

Диққат диҳед, дар Покистон бештар аз 1 млн тоҷик зиндагӣ дорад, ки ҳайсият ва ҳувияташон ношинохта ва забонашон махлут ба паштунист. Ба ин мазмун Ориф Ҳасан Охундзодаи тоҷики покистонӣ мақолае дорад бо номи “Тоҷикони гумшудаи Покистон”. 47 дарсади мардуми Афғонистони имрӯза, ки номи гузаштааш Хуросон аст, тоҷиканд. Дар як сарзамин, ки 47 дарсади аҳолиро намояндагони миллати ту ташкил диҳаду аммо забонат забун, сарат хам, духтарону занонат зери шиканҷа бошанд, талхиву душвории тоҷик будан дар ҳамин нест?! Тоҷик будан дар Варорӯд, яъне Осиёи Марказӣ низ тадриҷан душвор шуда истодааст. Фикр мекунед, тоҷик будан дар Ӯзбекистон осон аст? То замоне ки муносибатҳо нармӣ ёфту сарҳадҳо боз шуданд (2018), мардуми тоҷик заҷри тоҷик буданро чашиданд. Садобаландкардагон шадидан маҳкум ва ба ҷазоҳои сахт мепечиданд. Барои ҳамин, сабаби номгузории дафтари шеър ба мисраи як сарводаи мо – “Тоҷик будан дар ин саро душвор аст” хулоса гардид.

Ҳоло истилоҳҳои подарҳавои “тоҷикони бурунмарзӣ”, “тоҷикзабонон”, “ҷамъияти тоҷикзабонон” ва дар он қаламравҳои таърихие, ки тоҷик аслан соҳиби он ҷо будааст, сахт маъюускунанда ва ташвишовар аст. Хулоса, равандҳои таърихие, ки имрӯзҳо ҷараён доранд, аз ҷумла бадномкуниву зери тири маломат қарор доштани номвожаи “тоҷик”, шикори ошкорову пинҳонии тоҷикон дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон, аз сарчашмаҳои асили дасти аввал хат зада шудани ин номвожа нишон дод, ки тоҷик будан дар ин саро душвор аст.

– Лутфан, ба тафсири бештари “истилоҳҳои подарҳавои “тоҷикони бурунмарзӣ”, “тоҷикзабонон” ва “ҷамъияти тоҷикзабонон” каме мепардохтед.

– Банда ҳамчун як шаҳрванди муқаррарӣ, ки аз таърих ва қонунҳои ҷорӣ огоҳам, медонам, ки имрӯз бахши бузурги ҷуғрофиёи ормонии мо ҷуғрофиёи онҳост. Аммо бояд донист ва огоҳ буд, ки тоҷиконе, ки дар он ҳудуд мондаанду зиндагӣ мекунанд, тоҷикзабон ё тоҷикони бурунмарзӣ нестанд, онҳо соҳиби ҳамон ҷоҳоянд.

Фарз кардем, агар 20 сол пеш аз ин падару модари ман рафта бошанд ба Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ё Туркманистон… Муқими он ҷо бошанду аммо тоҷикӣ ҳарф заданро идома диҳанд, маҳз дар чунин ҳол онҳо тоҷикзабони ин ё он ҳудуд хоҳанд буд. Дар ин ҳолат ман мепазирам. Аммо 77 пушти ман дар онҷо зиндагӣ кардаасту имрӯз маро тоҷикзабони фалон кишвар гӯянд, аламовар аст. Имрӯзҳо мебинему мехонем, ки истифодаи чунин истилоҳҳои нодуруст дар мақолаҳо, гуфтугӯҳо ва ҳатто китобҳо “расм” шуда. Бо ифтихор дар наворҳо мегӯянд: тоҷикзабонҳои Қазоқистон ё Ӯзбекистон шеъри тоҷикӣ қироат карданд ё таронаи тоҷикӣ суруданд. Бояд гӯям, ки вай тоҷикзабони он ҷо нест, вай тоҷики ҳамон ҷост. Он ҷо сарзамини бобоии вай аст. Пеш аз дигаргуниҳои сиёсиву ҷуғрофӣ (табартақсимҳо) дар давоми асрҳо дар он замин падару бобоёни мо дона мепошиданд, дарахт мекоштанд ва хона месохтанд. Муҳимтар аз ҳама, фарҳанг меофариданд.

Ин ҳама хок пошиданҳо ба чашми таърих то ба кай? Як гуфтаи аҷиби Бобоҷон Ғафуровро ба ёд орам. Бояд гуфт, ки мо ин ҳама талошҳоро дар партави осори мондагори он бузургвор кардаем. Ман ин тафсири тоҷик буданро аз забони устод Назри Яздонӣ, ки дар суҳбати рӯ ба рӯи аллома Бобоҷон Ғафуров шунидааст, меорам: “Айби мо нест, ки мо дар Осиёи Миёна (Марказӣ) офарандаи забону фарҳанг, соҳиби китобхонаву аввалин мадрасаҳо гардем ё халқи асосиву соҳиби тамаддун бошем. Ин хоставу иродаи таърих аст, ки мо соҳиби ин фарҳанги бузург шудем”.

Фарқ надорад, ки олим олими куҷост, агар мард бошад, виҷдонаш торик набошад, ба ин гуфтаҳо бояд тан диҳад. Воқеан ҳам, ҷурми бобои мо нест, ки аз пушту камари вай Рӯдакӣ рӯида, ҷурми падару модари ман ё айби хуни ман нест, ки аз ирси ман Ибни Сино дамида, аз хуни ман Рустаму Сиёвуш бархоста…

ФАСЛИ ДУВВУМ

Аз даҳони миллати хоболуд луқмаи хойидаашро мебаранд

 – Ба назари Шумо, аз лобалои кулли балоҳои зикршуда тоҷик чӣ гуна ба осонӣ бигзарад ва зинда бимонад?

-Имрӯз Тоҷикистон ягона кишварест, ки дар он шуморо тоҷик мегӯянд ва забонатон тоҷикӣ-порсӣ аст. Ифодаи “Тоҷикистон – хонаи умеди тоҷикони дунё”-ро сода нагирем. Дар чунин кишвари ягонаи тоҷикон, охирин ёдгории Ориён дар Варорӯд тоҷик худашро чӣ гуна бояд худро дуруст шиносад ва мавқеъ дошта бошад? Албатта, коре осон нест, ки тамоми миллатро саросар худшинос кунем. Аммо, барои он, ки тоҷик дарк кунад, ки тоҷик будан чаро душвор асту тоҷик будан чӣ масъулият дорад, бояд хеле китобҳоро хонда бошад. Хеле марҳилаҳоро гузарад ва дар хонавода ин гапҳо гуфта шавад, ки ту тоҷикӣ, ту ин масъулиятҳоро дорӣ, ба ту ин корҳо намезебад. Аммо мутаассифона, аз хонавода тарбияти мо вайрон мешавад. Ба тарбияти сусту бепоя ва сатҳи пасти омӯзиш то Сарвари кишвар эродҳои ҷиддӣ гирифтаасту мегирад. Дар оғози соли нави хониш ҳам ба ин нукта бозистода, аз беэҳтиромии омӯзгор сахт нигаронӣ дошт.

Барои посухи мушаххас ба саволатон ин пешниҳодҳоро меорам: Якум, дипломатҳои зирак лозим. Чуноне ки Фирдавсӣ мегӯяд: “Фиристода бояд ки доно бувад”.

Дувум, илми тоҷикшиносӣ аз доираҳои маҳдуд бароварда шуда, ҳамчун илми ҷомеъ соҳиби пажӯҳишгоҳи худ бошад. Сеюм, бояд муносибатамонро бо Эрону ҳамзабононамон дар саросари дунё боз ҳам таҳким бахшем. Нахуст риштаҳои фарҳангӣ бояд ба ҳам биёянд ва аллакай шабакаҳои иҷтимоӣ як шароите фароҳам овард, ки кам-кам мо якдигарро мешиносем. Мо дар шинохт ва дӯст доштани ҳамдигар фаротар аз сиёсатҳо бояд биравем. Бояд гуфт, ки сиёсатҳо имрӯз як ғояро тарғиб мекунанду фардо дигарро. Мо агар зирак бошем, набояд аз бархӯрдҳои сиёсӣ ихтилофҳои фарҳангӣ созем. Барои бо ҳам будан баҳонаҳои бисёр ва зебову муассир дорем, ба монанди забони тоҷикии порсӣ, мероси бебаҳои ниёгон, ёдгориҳои бостонии муштарак, дину оинҳои яксон аз меҳрпарастӣ то ислом. Инак, шояд 50 сол боз мегӯянду мо низ мегӯем: таввасути гузарондани чорабиниҳои бузург ба таъсиси як иттиҳоди бузурги форсизабонҳо зарурат меафзояд. Наинки як иттиҳоди рӯякии забониву ҳуҷҷатӣ, балки иттиҳоди воқеан амалкунанда бошад.

Мо дар ин марҳилаи ҳассоси таърих, ба гуфтаи Ҷаноби Олӣ, дар раванди азнавтақсимшавии ҷаҳон фурсати хеле кӯтоҳ дорем, агар ҳоло занҷираи фарҳангро набофем, фардо шояд дер шавад! Ин ҷаҳон ончунон босуръат дигаргун шуданд дорад, ки аз даҳони миллати хоболуд луқмаи хойидаашро мебарад. Агар ҳоло ба “Туркистон” номида шудани ин қаламрави бузурги Ориё садо баланд накунем, фардо навбат ба ивазшавии номи кишвар ҳам хоҳад расад..!

Биёед, иқрор мешавем, дағдаға дар осмону амал ба хок баробар аст, ҳатто кор ба ҷое расида, ки аз ҳалли илмиву амалии масъалаҳои доғи милливу минтақавтӣ “гурехта” дар охир навмедона гиребони якдигар мегирем. Масъулиятро аз дӯши ҳамдигар раҳо карда, замонасозӣ мекунем, ба устухони падарони худ менозему дасти як шахсият ва пажӯҳишгару андешаманди ҳақиқиро намефишорем. Ғурур ва ифтихори ноҷо меварзем. Коҳиливу танбалиро ба ифрот мерасонем. Масъала ҳарчанд ба ҳама касу ҳама соҳа дахл дорад, “ин ба ман дахл надорад”, “боз ҳамон гапҳои куҳна”, “аз ин рӯзамон бадтар нашавем, шуд…” худро таскин мебахшем.

– Дар дохили кишвар барои таҳкими худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ чӣ корҳоро метавон сомон дод, то ғурури милливу худогоҳии тоҷик бештар гардад?

– Ҳама заминаҳо муҳайё шуда, вале ку марди амал, ку касони сарсупурда. Охир, Сарвари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои худшиносӣ ҳама чораҳоро дидааст, Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони дунё – “Пайванд” амал мекунад, қариб ҳар сол форсизабонони машҳури дунёро ба Душанбе мехонад, конфронсу нишастҳои сатҳи байналмилалӣ мегузаронад, аммо бештари равшанфикрону масъулони мо чанд лаҳза бедор мешаванду боз ба хоб мераванд. Таърихдони номвари миллати мо Нурмуҳаммади Амиршоҳӣ хуб гуфтааст: “Мо дар ҷодаи фарҳангу адаб ва худшиносии миллӣ Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмонро танҳо гузоштаем…”

Аллакай дар дохили Тоҷикистон бо ибтикори Роҳбари давлат “Тоҷикон” хона ба хона тақсим шуд. Президент, ҳатто, аз ганҷинаи захиравии худ чанд сад ҳазор сомонӣ ҷудо карда, озмун ташкил намуд, то “Тоҷикон”-ро хонем. Аҷиб нест? Дар ҳоле, ки хондани китоби “Тоҷикон” барои ҳар як тоҷик ҳам фарз ҳасту ҳам қарз. Ба ҳар ҳол, ин амали неки Сарвари кишвар ангеза шуд, то Тоҷиконхонӣ расм шуд ва мардум кам-кам ба таърихи худашон таваҷҷуҳ карданд, хонданду фаҳмиданд, ки ба сари тоҷик чӣ ҷавру зулмҳо рафтааст ва дар аҷзу фақри маънавии он киҳо даст доранд. Дар наздиктарин фурсат тақсими ройгони “Шоҳнома” оғоз мешавад. Ин ҷунбишҳои маънавӣ моро хушбину хушдил мекунад, аммо “аммоҳо” зиёданд…

ФАСЛИ СЕЮМ

Маориф бояд тоқӣ аз сар бигирад…

-Бинед, Шумо мегӯед, барои бедории миллӣ ҳамаи заминаҳо фароҳам омадаанд, аммо боз ҳам сатҳти худшиносӣ ба дараҷаи дилхоҳи мо нест. Барои тарбияти насли ҷавон дар ин роҳ чӣ пешниҳодҳои нав доред, то меҳру ангезаи ватандориву худогоҳиашон бештар шавад?

– Фикр мекунам, ки як назари бисёр куллӣ, як назари ҷиддии Вазорати маориф ва илм барои омӯзиши фанни таърих даркор аст. Методи омӯзиши таърих, бисёр кунду фарсуда аст. Бо гуфтани “фалон кишвар ба кишвари мо хуҷум кардаасту фалон қадар одамро сар бурида, аз сари мо манора сохтааст ва ё фалон ҷо ҷӯйи хун рафтааст”, муҳаббати мардумро ба таърих бедор карда наметавонем. То замоне хонанда надонад, ки ин таърих ба зиндагии вай ба чи кор ояд, барои фарзанди вай чи даркор аст, таърихро намеомӯзад. Ин гуна камбудӣ дар омӯзиши ҳамаи фанҳо ҳаст. Дар мактабҳо, ва ҳатто, дар донишгоҳ як таҳавулоти ҷиддӣ лозим аст.

Дигар ин ки дарсе ҳаст бо номи “Таърихи дин”, ки хеле хира мегузарад. Омӯзишаш дар як хафта як бор аст, дар ҳоле, ки ҳадафи аслии давлати мо пешгирии ифродгароӣ аст ва ин ифротгароӣ реша ба тешаи миллат мезанад. Бояд таърихи динро филологи тоҷик дарс надиҳад. Барои дарс додан бояд такмили ихтисос дошта бошад, ё аз омӯзишҳои динӣ бархӯрдор бошад.

Барои худшиносии як насли нав донистани таърихи халқи тоҷик, таърихи умумӣ (таърихи дунё), таърихи дин ва алифбои ниёгон мисли обу ҳаво зарур аст. Бавижа, соатҳои дарсии фанҳои таърихи дин ва алифбои ниёгонро гоҳ аз барнома мегиранд, гоҳи дигар ба барнома дохил мекунанд. Дар ҳоле, ки донистани алифбои ниёгон насли навро магар аз ифротгароӣ эмин намедорад? Вақте вай тавассути хатти ниёгон кам-кам арабиро омӯзад, Қуръонро хонад ва худаш бе дахолати шахси дигар донад, ки дар Қуръон чи ҳасту ин ифротгароҳову тундгароён чи гуфта истодаанд, пеши роҳи ифротро намегирад? Дар ҳоле ки Сарвари давлат соли 2008 Қуръони ба тоҷикӣ тарҷумашударо 50 ҳазор нусха чоп карда ройгон тақсим кард. Аммо то ҳол аз Қуръон мағз бардошта наметавонем.

Ва боз бо ду фанни дигар ки инсонсоз ҳасту тоҷикро тоҷиктар, инсонро инсонтар мекунад: санъати мусиқӣ ва санъати тасвирӣ, “бозӣ” мекунанд. Дар ҳоле, ки санъати тасвирӣ ва мусиқӣ руҳ месозанд. То ҳамин рӯз ягон комиссияро дидаед, ки рафта дар мактаб санҷида бошад, ки омӯзгори ҳамин фанҳо то куҷо донишёру боистеъдоданд? Ҳама мераванду забону адабиёти тоҷик, риёзӣ, забонҳои хориҷиро месанҷанд, аммо қудраташон намерасад, ки таърихи дин, санъати тасвирӣ ё мусиқиро санҷанд. Ҳамон чизеро месанҷанд, ки медонанд. Табиати инсон ҳам чунин аст, ки чизеро намедонад, намесанҷад. Дар маҷмуъ, соҳаи маориф ниёз ба бознигарии ҷиддӣ дорад.

Ҳазорон сипос ба Сарвари дурбини ин миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 4 озмуни бузурги фардосозро роҳандозӣ кард ва дар кӯтоҳтарин фурсат миллатро китобхон кард. Аз нав китобхонаҳо одам диданд. Аммо савол ин аст, ки наход дар 33 сол маориф бо пули ҳангуфт ва таваҷҷуҳи пайвастаи Ҳукумат миллатро ба китоб ошиқ карда натавонад ва боз ҳам Президент барои китобхон кардани миллат аз фонди захиравии худаш маблағ ҷудо намояд. Масъулони маориф бояд сар аз тоқӣ бигиранду ба худашон гӯянд: магар мо ягон роҳи таълими дуруст наёфтем, ки ишқи миллатро дар 33 сол ба китоб ангеза диҳем?

Чаро як тоҷик дар мактаби миёна дар нуҳ сол забони англисиву дар 10 сол забони русӣ меомӯзад, лекин аз уҳдаи суҳбати муқаррарӣ бо ин забонҳо намебарояд? Ҷилд-ҷилд китобҳои дарсӣ аз ин фанҳоро ба кадом мақсад чоп кардаанд, вақте дар ин муддати тӯлонӣ (10-11 сол) фарзанди ман бо ин забонҳо ҳадди ақал тарҷумаи ҳолашро гуфта наметавонад?

Чаро ба садҳо ҳазор сомонӣ китобҳои омӯзиши хатти порсӣ, таърихи дин, таърихи халқи тоҷик чоп мекунеду донишҷӯи курси як номашро бо алифбои ниёгон навишта наметавонад? Солу моҳу ҷангу сулҳи таърихро монед, бо чанд ҷумла ифодаи таърих ва зарурати омӯзиши онро шарҳ дода наметавонад? Таърихи динҳои ҷаҳонро монед, таърихи динҳои ниёгонашро намедонад? Чаро дарсеву китобе бо номи “Омодагии дифои ҳарбӣ” дорему дар бештари мактабҳо камону тири таълимӣ нест? “Омодагии дифои ҳарбӣ” аз дарси “Тарбияи ҷисмонӣ” чӣ фарқ дорад, ки дар инаш ҳам шашкаву шоҳмот ё футбол мебозанд, дар онаш ҳам. Ин фан чӣ кори амалӣ кард, ки як ҷавонписари тоҷик назокат, зарурат ва асрори соҳаи низомиро донаду пайи хидмати ҳарбӣ равад? Пешниҳод мекардам, ки ба ҷои ин дарси хушкухолӣ дарси нав бо номи “Меҳандӯстӣ” ҷорӣ гардад. Ин дарс на таърих бояд бошад, на шиори беҳуда, на адабиёт, балки сирф масъалаҳои миллӣ ва ҷаҳонӣ ба навбат баррасӣ гашта, зиракии сиёсии ҷавонони мо ташаккул ёбад.

Маориф ба куҷо расидааст, ки ду тоҷик то ҳанӯз баҳси тезутунди номи забони ягона мекунад ва даъво пеш меорад, ки ин тоҷикист, он порсист, дарӣ забонест дигар?

То ин ҳад таълим пояҳои суст дорад, ки ду тоҷик то ҳол (дар соли 2024) санги маломат ба устод Садриддин Айнӣ мезанад: ӯ хатти форсиро иваз кард, кириллӣ овардаи ӯст!!!

Ба куҷо расидем, ки ҳанӯз ҳам гурӯҳе аз босмачӣ бут месозаду гурӯҳе аскарони сурхро фиристодаи Худо медонад?

Маориф то ин ҳад бепарвост, ки ҳанӯз ин миллат ба номи худаш тамғаи “шеързадагӣ” мезанад (аз хурд то бузург) ва домони шоиронро мегирад: “…гаштаанд ҳазор сол шеър гуфта, чизе ихтироъ кунед, мемурдед??!!” Охир, ҳазорон ихтирову кашфиёти Синову Розӣ, Беруниву Алхоразмӣ, Абумаҳмуди Хуҷандиву Форобиро дар ҷилд-ҷилдҳои осори арабӣ нахонда бошиву тарҷума накарда бошӣ, кайфияту самараи онро Аврупо бардошта бошад, айби шеър дар чист?

Бевосита ба беэҳтиромии омӯзгор руҷуъ кардани Сарвари кишвар (Рӯзи дониш ва сулҳ, Душанбе, 2024) масъулони соҳаро ба андеша вомедошта бошад? Моҳонаи ӯро нагӯем, наход маориф дар 33 сол обрӯи омӯзгорро пеши ҷомеа ва фарзандони миллат боло бардошта натавониста бошад? Наход кор ба ҷое расида бошад, ки пиру ҷавон дасти як рӯҳониро бӯсида ба чашм молад (чунин эҳтиром ҳалолаш бод, чун “методи таълими” ӯ пурзӯр будааст), вале омӯзгори бечораро тамасхур намояду занаду таҳқиру дашном дода, навори онро дар Интернет гузорад? Наход масҷид муқаддас дониста шаваду мактаб ҷои табарзаниву қалёнкашиву кордчазанӣ бошад?

Ин баҳсҳои бепояи бемоя, масъалаҳои доғи асрҳои гузашта кайҳо ҳалли худро намеёфтанд?! Мо масъалаҳои ҷиддии замони навро ҳал намекардем?

Аз ин беш чизе намегӯям. Танҳо мурур кунанд ба Паёмҳои Сарвари кишвар ва суҳбатҳояш бо зиёиён ва аҳли маориф. Бинанд ва баркашанд, ки он ҷо нисбат ба маориф офарини Роҳбари давлат зиёд ё эродҳои ҷиддӣ? Бинанду санҷанд, ки Сарвари кишвар, Ҳукумату давлат, шахсони саховатпеша дар ин муддат чанд мактаб сохтанду маориф чанд мутахассиси сатҳи ҷаҳонӣ ва ватанӣ ба давлат дод?

Лутфан, ин пешниҳоду саволҳои ман чун пешниҳоду саволномаи як шаҳрванди мушоҳидакор ва кунҷков пазируфта шавад, на ба маъниву тобишҳои дигар.

ФАСЛИ ЧАҲОРУМ

Ҳар қадар рост бигӯӣ, ба хато мепечӣ…

– Агар ба навиштаҳои чанд соли охири Шумо нигоҳ кунем, қариб ҳамаи талоши Шумо барои як зина боло рафтани хештаншиносии миллат нигаронда шудааст. Мабодо дар фаъолиятатон касоне пайдо шудаанд, ки садди роҳи Шумо шуда ё монеа эҷод карда бошанд?

– Онҳое, ки намехоҳанд дар масъалаҳои милливу сиёсӣ чизе бинависам, ё кор кунам, ба се гурӯҳ ҷудо мешаванд: гурӯҳи аввал, воқеан, аз руйи дилсӯзӣ мегӯянд. Метарсанд, ки ба сари ман ягон мушкилӣ ояд. Фарзандони кӯчакам саргардон нашаванд. Ин гурӯҳро ман мефаҳмам ва барояшон ташаккур мегӯям. Зеро ҳақиқат дар ҳамаи замонҳо на ҳамеша писандида аст. Чунон, ки устод Лоиқ мефармоянд:

Ҳар қадар рост бигӯӣ, ба хато мепечӣ,

Равӣ ҳар қадр ба боло, ба бало мепечӣ.

Гурӯҳи дуюм аз он хотир мегӯянд, ки тарсу ҳастанд, тарс чунон дар рагу пайвандашон реша давондааст, ки аз сояи худ метарсанд. Ғурури худашонро дар баробари вазифа ё мақоми як шахси дигар поймол мекунанд. Ин тоифа хонашери майдонғарибанд. Ин зумра одамон пеши зану фарзанд зӯру додзан, дар маҳфилу маҷлиси мардона пишаки баобзада. Ин гурӯҳ дар баробари тарси худашон, моро – насли навро ба тарс водор мекунанд. Ман инро пазируфта наметавонам. Агар роҳҳои бехатари муборизаро дар ҷодаи дифои ҳуқуқҳои тоҷикон дар Варорӯд ба ман нишон дода тавонанд, дасти мубораки онҳоро мефишорам.

Гурӯҳи сеюм бошад, аз нотавонбинӣ “маслиҳат” медиҳанд, ки нанавис, ба сарат бало нахар. Худашон, ки мавқеи дуруст ва дақиқ надоранд, садди роҳ шудан мехоҳанд. Ман ба ин гурӯҳ зиддам. Аҷиб аст, ки намояндагони чунин гурӯҳҳо мавқеъ, имконият ва ё ҷомеаи бештар аз моро ба худ моил кардаанд, аммо дар мавқеи муносиб, дар макон ва замони даркорӣ лаб во карда наметавонанд. Бибахшед, вақте ки сарнавишти миллати ман зери суол асту дар сарҳади Тоҷикистон-Қирғизистон аз сараш бо паҳпод тир меборад, даҳҳо ҷавонписарони модарони мо шаҳид мешаванд, хомӯш истам? Ё ин сарзамини ниёгони маро, ки Варорӯд буду сонӣ Мовароуннаҳр шуду баъдан Осиёи Марказӣ, Туркистон гӯянд, хомӯш бошам? Он “вақт”-ро интизор шавам, ки об ба кадом самт меравад? Ман ин гуна мавқеи духураро пазируфта наметавонам. Оҳанро дар гармияш бояд кӯфт, фардо шояд сулҳ шаваду сӯгномаи ту барои ин миллат як ҷав арзиш пайдо накунад? Фардо шояд номҳои бостонии сарзамини ман иваз шаванду фарзандонам аз ман ор кунанд, ки падарам он айём чаро об ба даҳон гирифт?

Мусоҳиб Шаҳзод Зафарҷон

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь