Доир ба мавзӯи “Мавқеи ВАО дар ҷомеа” бо муҳаррири ҳафтаномаи “Тоҷикистон”, журналист Одили Нозир суҳбат намудем.
-То чӣ андоза дар Тоҷикистон ба ВАО эътимод мекунанд?
-Ҷомеа ҳамеша ба иттилоъ, яъне ба ВАО ниёз дорад. Чун феълан, ИНТЕРНЕТ анбӯҳи ахбори санҷидаву носанҷидаро пешниҳод мекунад, ҷомеаи огоҳ барои шинохти воқеият ба ВАО муроҷиат менамояд, зеро сухани ВАО санҷидашуда ва дақиқ аст. Ҷомеаи ноогоҳ бошад, саргарми фейкҳо хоҳад монд. Мушоҳида мекунам, ки бо вуҷуди рушди инернет мардум ҳамоно ба ВАО-и классикӣ бештар эътимод доранд. Ҳанӯз ҳам нашрияҳо хонандаи сершумору содиқ, радио шунавандаву телевизионҳо бинанда доранд. Ман аз таҷрибаи худ ба шумо як нуктаро мегӯям. Вақте мардум барои ҳалли мушкилаш дар ягон идораи давлатӣ чора намеёбад, ба идораи нашрия рӯ меорад. Яъне газета ҳамоно василаи баёни розу ниёз, гуфтани дарди дил, кушодани уқдаҳо ва ҷустуҷӯйи адолат аст. Ҳамарӯза даҳҳо нафар ба идораи газета меоянду дарди дил мекунанд. Яке баҳси судӣ барои замин дорад, дигаре дороияшро аз даст додааст, сеюмӣ ҳарфи дилашро ба идораҳои боло расонидан мехоҳад, чорумӣ адолат меҷӯяд. Яъне баъди гузаштани ҳама зинаҳо охирин умеди мардум идораи газета аст.
-Тафовут байни ВАО-и расмӣ ва ВАО-и ғайриҳукуматӣ дар чист?
-Солҳост, ки барои барҳам додани мафҳуми “ВАО-и “давлатӣ” ё “расмӣ” ва “хусусӣ”-ву “ғайридавлатӣ” талош мекунем, вале бенатиҷа аст. Ҳатто Президенти кишвар дар таҷлили ҷашни 100-солагии матбуоти тоҷик гуфта буданд, ки дигар ВАО-ро ба давлативу ғайридавлатӣ ҷудо накунем. Вале ин талошҳо натиҷа намедиҳанд. Чаро ва бо айби кӣ? Мо кормандони ВАО-и давлативу ғайридавлатӣ бо ҳам мушкил надорем. Мушкил дар онҳоест, ки дар болотар мешинанд. Барои мисол, вақти тақсими мукофотҳо журналистонро “ҷудо” мекунанд. Мукофот албатта, аҳамият надорад, зеро журналисти воқеӣ аз паси мукофот намешавад. Вале ҳамон болобудаҳо ҳатто дар чорабиниҳои давлатӣ низ журналистони ғайриҳукуматиро “ҷудо” мекунанд. Ба одитарин чорабиниҳо даъват намекунанд. Ҳол он ки пӯшида нест, ки аудиторияи ВАО-и ғайриҳукуматӣ бамаротиб бештар асту таъсираш бамаротиб зиёдтар. Барои мисол, ман вақте ба таҷлили Ҷашни 5500-солагии Саразми бостонӣ, 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олӣ ва чорабиниҳои ҳамсон даъват намешавам, озурда мешавам. Ҳол он ки ин мавзуъҳоро бештар аз ҳама ман пайгирӣ мекунам. Вале тавре гуфтам, ин “ҷудокунӣ” ба ҳамраъйии мо журналистон халал ворид намекунад. Мо ҳамоно барои ҳифзи сулҳу субот, оромиву осоиш ва манфиатҳои миллат ҳамраъйем. Барои исботи ин шабу рӯзи қазияи марзи Тоҷикистону Қирғизистонро ба ёд меорам. Он шабу рӯзҳо дар фикри касе набуд, ки корманди куҷост. Ҳам кормандони ВАО-и ҳукуматӣ, ҳам ғайриҳукуматӣ ва ҳам намояндагони ВАО-и байналмилалӣ барои ҳифзи манофеи кишвар якҷо, аз як гиребон сар бароварда, талош кардем.
-Имрӯз журналистикаи шаҳрвандӣ ривоҷ мекунад. Ба ин чӣ назар доред?
-Рӯзноманигории шаҳрвандӣ ин як намуди рӯзноманигорӣ ё худ намуди алтернативии он мебошад, ки бо роҳи шабакаҳои интернетӣ ва технологияҳои нави рақамӣ васеъ паҳн шудааст. Журналистони шаҳрвандӣ онҳоеанд, ки мутахассиси соҳа нестанд. Асоси рӯзноманигории шаҳрвандӣ дар он мебошад, ки шаҳрвандони одӣ метавонанд дар ҷамъ, таҳқиқ ва паҳни маълумоту хабарҳо фаъолона иштирок намоянд. Ин дар ВАО нав нест. Қаблан вазифаи журналистони шаҳрвандиро мухбирони коргару деҳқон ва баъдан хабарнигорони ҷамъиятӣ иҷро мекарданд. Гап дар сари он ки журналист на ҳама мушкилоти ҷомеаро дида метавонад, ҳол он ки бояд бинад! Вале ахбори журналистони шаҳрвандӣ имкон медиҳад, ки ба бисёр масъалаҳо таваҷҷуҳ сурат бигирад. Барои мисол, дар як деҳа об нест, вале журналистони шаҳрвандӣ ин мавзуъро ба сатҳи ВАО мебардоранд ва ин боиси он мешавад, ки мушкилашон рафъ шавад.
-Назаратон ба фаъолияти блогерон чӣ гуна аст?
-Мо хоҳем, нахоҳем, таъсири блогерон дар ҷомеа бештар мешавад. Блогерон ҳар гуна контент меофаранд, ҳаҷвӣ, дилхушӣ, саргармкунӣ, бозиҳо ва ғ. Барои ман фаъолияти блогер-журналистон, ки рушд мекунад, ҷолиб аст. Албатта, блогероне, ки собиқаи журналистӣ, яъне кор дар ВАО-и касбиро доранд, контенти босифат истеҳсол мекунанд, вале блогероне, ки аз кӯчаи журналистика нагузаштаанд, контенташон хеле пастсифат аст. Вале илоҷ нест. Мо пеши роҳи онҳоро гирифта наметавонем. Фақат бояд бигӯям, ки вақти он расидааст, ки қонунгузории кишвар нисбати блогерон ба як хулоса ояд. Инҳо кӣ ҳастанд? Чӣ кор бояд кунанд? Дар кадом чаҳорчӯба фаъолият намоянд? Бояд қонунгузорӣ инро танзим намояд.
-Оё нашрияҳои чопӣ дар ҳоли нобудшавианд?
-Не. Нашрияҳои чопӣ ҳеч вайт нобуд намешаванд. Шояд дар чанд соли оянда чанд нашрияи чопӣ аз байн биравад, вале дар умум газета ҳоло боқӣ хоҳад монд. Дар ин замина бояд бигӯям, ки барномаҳои махсусе бояд бошанд, ки нашрияҳои чопиро дастгирӣ кунанд, то ки ба фаъолияташон идома бидиҳанд. Феълан, ташкилотҳои байналмилалӣ фақат ба расонаҳои диҷитол (рақамӣ) маблағ ҷудо мекунанд, ҳол он ки газетаҳо бештар аз пештар ниёз ба кӯмак доранд.
Мусоҳиб:
Азуллоев МАҲМАДРИЗО