Фармони 622-и Президенти кишварро ёд доред? Ёдрас мешавам, ин фармон «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма» ном дорад.
Тибқи он роҳбарони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати вокуниш ба мулоҳизаҳои танқидӣ ва пешниҳодҳое, ки дар воситаҳои ахбори омма иброз мегарданд, бояд дар муҳлатҳои тибқи қонунгузории ҷумҳурӣ муқарраргардида тадбирҳои бетаъхири мушаххас андешанд. Аз натиҷаи баррасии онҳо ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воситаҳои ахбори оммаи дахлдор иттилоъ диҳанд.
Ба касе сахт нарасад, вале сухангӯйи дилхоҳ раис танҳо ҳангоми гузаронидани нишастҳои матбуотӣ ба ёди ҳокиму раис мерасаду бас! Ҳангоме ки сухангӯйи бечора бояд дастрасӣ ба кофе-бреку дипломҳои хушки вазорат ё кумита ё раиси ноҳия ё ширкат дастрасӣ пайдо кунад. Шумо фикр мекунед ҳамин сухангӯи бечора, ки роҳбар вазифаашро фақат дар наворбардорию хушомаду дурӯғ гуфтан мебинад, рӯзгори осуда дорад? Бовар кунед, бечора, ҳатто баъзе дар харидани қалам ба фарзанди мактабхонаш ибо мекунад. Замоне зарурат ба таъсиси ин вазифа пайдо шуд, ҳама, аз ҷумла ман ҳам каф кӯбидам: барои рӯзноманигор маълумот гирифтан осон гардид, чун дар ин курсӣ дигар масъули воқеӣ менишинад, на чиновник. Касе аз рӯйи маълумот ҷойи кор пайдо менамояд ва нафари дигаре, ки мушкили воқеии ноҳияю вилояту ширкатро медонад, ҳатман ба раис маълумоти арзишманд мерасонад. Дареғ, имрӯз ба ин хулоса омадаам, ки ҳама интизориҳои ман беҳуда будааст. Дар ҷое дар симои журналистони ҳақгӯ ҳамкасбони худи мо душмани идеологӣ тарошиданд ва дар ҷойи дигар аз он ки “фалонӣ дев асту фалонӣ аҷина”, сад достон бофтанд. Онҳо шояд намедонанд, ки рӯзе пас, ҳафтае пас он раис аз нақли сухангӯяш сад латифа бофта, ба худи ҳамон журналисти “дев” мерасонад. Хандаи осмонкафи он раис ба ҳоли ману ту нест ҷаноби сухангӯ, балки ба ҳоли журналистикаву журналистон аст!
Аммо замоне ба нишасти матбуотӣ рӯзи кам монд, вақте талаби ҷавоб карданд, онгоҳ сухангӯи бечора ба назди ҳамон журналисти “дев” медавад: “Илтимос, дар фалон мавзуъ савол мадеҳ”, “хоҳиш ҳамкасб, доир ба ҳамон маводи навиштаатон ҳарфе назан, пагоҳ ман ҷавобро меорам”.
Бадбахтона, ба ҳазорон бор гуфтан, ки “сад сол гузарад, бӯйи гадоӣ наравад” ва вақте бекору ронда шудӣ, ҳамон “журналисти дев” ба додат мерасад, минҷумла чанд нафар аз шогирдони хуби ман қурбон шуданд. Сад бор кӯшиш карданд, ки чиновник шаванд, вале касе бо аз кор рафтан, саломи онҳоро алайк нагирифту намегирад.
“Фараж” анъанаи хубе дошт: ҳамеша пеш аз нишасти матбуотӣ рӯйхати онҳоеро, ки ба шикояту арзи мардум гӯш надоданд, чоп мекард. Фикр мекунам вақти дубора зинда кардани ин рубрика омадааст. Ёд доред ин ҳисобот чӣ унвон дошт? Не?
Ман ёд дорам: “Инҳо амри Президентро ба тини сиёҳ нагирифтанд” ном дошт. Мо ҷавоби мардумро тибқи Амри додаи Президент мепурсем. Канӣ саф кашед ва посухи номаҳои мардумро гардонед! Фардо сухангӯйи бечораро ба назди мо нафиристед!
Интизорем!
Хеле олӣ! Интизорем!