Бо вуҷуди ба кор даромадани чанд агрегати нави “Роғун”, зимистони имсол дубора чодари торикӣ ба баъзе аз минтақаҳои Тоҷикистон лангар андохт. Доду войи мардум, ки нав- нав ба бебарқию хонаҳои бароҳату гарм одат карда буданд, мисли солҳои пеш аз ҳар гӯшаю канори кишвар ба гӯш мерасад.
Ёдам меояд замоне ки лимит расман ҷорӣ шуда буд, Акбари Саттор раиси вақти Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, баробари хомӯш шудани барқ ба сухангӯи “Барқи тоҷик” Нозир Ёдгорӣ занг мезад. Ҳамеша мегуфт: ““Шарқи озод” иншооти стратегӣ аст ва набудани барқи он маънои онро дорад, ки дар ягон ҷойи Тоҷикистон барқ нест”. Лаҳзае пас барқ фурӯзон мешуд. Имрӯз дар “Шарқи озод”, ки солҳои охир чанд воситаи иттилоотии асосии кишвар, мисоли АМИТ “Ховар” ҷойгир аст, гоҳе бе ягон сабаб барқ хомӯш мешаваду дигар Акбар ҳам нест то ба Нозирҷон занг занаду барқро фурӯзон кунад.
Гарчанд бисёре дар шабакаҳои иҷтимоӣ омили аслиро дар барқфурӯшӣ ба Афғонистону Покистон медонанд, аммо ба назари ман ду омили аслие ҳаст, ки касе намебинаду намегӯяд. Аввалан, зиёд шудани хонаҳои серошёна аз як сӯ хуб бошаду зеби шаҳр, фикр мекунам бо ба назар нагирифтани талаботи пойтахт ба барқ сохта шудааст. Баъзе баҳона пеш меоранд, ки корхонаҳо зиёд шудаанд. Аммо мебахшеду барқкушӣ шабона мӯд мешавад ку? Пас, дар ин ҷо гуноҳро ба сари корхонаҳо задан беинсофӣ аст.
Баъдан, дар тамоми шаҳр ибораи “хатти сурх” , хатте ки барқи он ҳаргиз хомӯш намешавад, мӯд шудааст. Аслан ин хат бояд ба беморхонаҳо, таваллудхонаҳо, нуқтаҳои гумруку сарҳад, зиндонҳо ва ғайра хидмат намояд. Вале намедонам, ҳар шахси пулдору дастдарозеро махсусан дар ноҳияҳои берун аз шаҳр медонаму мешиносам, чун сухан аз бебарқӣ рафт, “ ман аз хатти сурх” (“красная линия”) сим кашидаам”, мегӯяд. Касе ин ҳамаро месанҷад? Кадоме аз ин хатҳо қонунианд ва кадоме ғайриқонунӣ? Кадоме ба хотири раису авлоди раис, раиси милисаи ноҳияю прокурори ноҳия кашида шудаанд ва кадоме воқеан барои эҳтиёҷот? Инро ҳам намедонам ва бовар дорам “Барқи тоҷик” ҳам намедонад.
Баъдан “Барқи тоҷик” хидматрасониро дар водии Зарафшон ба шабакаи барқдиҳии Истаравшан додааст, ки доду фарёди шаҳрвандонро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба фалак расонид. Аз рӯзе шабакаи тақсими барқ ба Истаравшан гузаштааст, махсусан мардуми шаҳри Панҷекат ҳамеша аз дурии роҳ ҳасрат доранду аз лимити ба ихтиёри хеш ҷорикардаи онҳо шиква мекунанд. Ин амал дуруст буд ва ё не? “Барқи тоҷик” хатои худро ба гардан мегирад ё не?
Замоне сари эҳсос навишта будам, ки ба хотири таҳқир нашудани мардум аз ибораи “Барқи тоҷик” калимаи “тоҷик” ҳазф шавад, зеро дуои баду дашноми мардум нисбати ин ширкат зиёд аст. Ҳоло ҳам инро мегӯям, ки “агар нахоҳед то нисбати миллат борони дашному ҳақорат нарезад, ин калимаро аз баҳраш гузаред, зеро ба ин ном лоиқ нест”.
Устод Лоиқ воқеан барҳақ гуфта:
Агар сад Нораку Роғун бисозӣ,
Бимонад Тоҷикистон, торикистон.
Ҳарчанд ишораи устоди шодравон ба торикии фарҳангӣ аст, биёед масъулон нагузоред то онро мардум чун ишора ба бебарқӣ фаҳманд. Ё Шумою дави аспи Шумо?
Чӣ гуфтед?