Оҳиста-оҳиста сафи авбошони бадзабони хамгашту хиёбонҳо дар пойтахт афзуда, кор ба ҷое расидааст, ки акси шуми онҳоро рӯзе нест дар симо ва шабакаҳои иҷтимоӣ набинем.

Масъалаи мазкур аз торафт паст шудани маърифати ҷавонон дарак дода, солиёни охир ба мушкилии ҷиддӣ бадал шуда истодааст. Имрӯз дар ин масъала мактабу донишгоҳ санги маломатро ба сари волидон мезананд ва баръакс. Дар баҳсе дар саҳифаи иҷтимоӣ яке инро ба дур шудани ҷавонон аз масҷид вобаста медонад, дигарӣ бошад, таъсири интернету телефонҳои мобилӣ меҳисобад. Кор ба ҷое расида, ки ҳатто Президенти кишвар дар Паёми солона аз истифодаи зиёди телелфон изҳори нигаронӣ кард.

Ҳафтаи гузашта бошад, се ҷавони авбош духтари понздаҳсолаи журналист Шаҳноз Комилзодаро латукӯб карданд. Аҷиб, ки ин ҳодиса дар маркази шаҳри Душанбе сурат гирифт. Ба ин монанд, Раёсати корҳои дохилаи пойтахт ҳафтае нест, то барои бадзабонию таҳқири духтарон пулмастони мошинсаворро боздошт накунад. (Дар деҳаи мо гови шохзанро “бош”мегӯянд, яъне ин говҳои шохзанро ҳатман ба Раёсати корҳои дохила овардаву ба дасташон ҷорӯб медиҳанд).

Чанд сол пеш банда низ бо ҳамраҳон дар маҳаллаи Зарафшон зери мушту лагаду калтаки ин ҷавонони авбош монда будам. Ҳанӯз ҳамон замон навишта будам, ки “имрӯз бо калтак мекӯбанд, пагоҳ бо корду пасфардо бо автомат ба хиёбонҳо мерезанд”. Хато накардам. Як сол нагузашта, сарвари ин авбошон барои корд задани як ҷавони дигар пушти панҷара рафт.

Вале оҳиста-оҳиста анъанаи латукӯбу таҳқир аз хамгаштҳои Душанбе ба шоҳроҳу маркази пойтахт кӯч баст. Имрӯз бо вуҷуди нашри аксу амали ин авбошон сафи онҳо кам намешавад, гарчи бо гирифтани доғи судӣ эшон ояндаи хешро месӯзонанд.

Аламовар он аст, ки агар ҳамин авбошонро дар ҷое боздошт кунанду ба хидмати ҳарбӣ баранд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳай аз “облава”- ю “боздошти ғайриқонунӣ” ҷор мезанем. Вале ба дашному ҳақорат, муносибату одоби онон аз пушти панҷа менигарему… меравем.

Одоби тоҷиконаи мо торафт аз як сӯ дар ғурбат, дар мулки бегона гум мешавад, аз тарафи дигар, зери таъсири интернету блогерҳои навпайдо, ки сафи онҳо мисли мӯру малах зиёд мегарданд, меафзояд. Ва даҳшат ин ки ин блогерҳои кӯчагӣ мисли хеш ҳаводору мухлису шодихӯрда пайдо мекунанд. Ҳайфо, ки озмунҳои бешумори ҷалб ба сӯйи китоб ҳам торафт ба маъракаи қабули донишҷӯ дар замони Шӯравӣ монанд мегардад ва довталаби хондану навиштанро аз ҳозир дилхунук менамояд.

Хулоса, авбошию пулмастӣ миёни ҷавонон аз ҳисоби падари соҳибмансаб ё сармоядор ба ҳаде зиёд гардида, ки дер ё зуд гузаштаи хешро ба ҳасрат ёд меорем.

Фардои мо бо ин насл рӯшан нест, мардум!

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь