“Биё, ки фолат бинам” – ҷумлае аст, ки шояд аксари мо давоми умр аз забони дилхоҳ лӯлизан шунида бошем ва бо ба забон гирифтани вожаҳои фолбину ҷодугар аввал симои лӯлӣ пеши назарамон меомад. Аммо аз гузоришҳои охири ВКД дар шабакаҳои телевизионӣ мушоҳида мекунем, ки на танҳо лӯлиҳо, балки шаҳрвандони дигар низ ба ин амал машғуланд

Огоҳиномаи охири вазорати корҳои дохилии кишвар, ин гуфтаҳоро боз ҳам тақвият мебахшад. Дар он чунин омадааст:

“Дар натиҷаи гузаронидани санҷишҳои оперативӣ – профилактикӣ маълум гардид, ки баъзе шаҳрвандон ба сеҳру ҷоду бовар намуда, ба назди фолбинону ҷодугарон рафта, барои амалӣ намудани амалҳои ҷинояткоронаи онҳо маблағ дода, ба гуфтаи онҳо боварӣ намуда истодаанд.

Танҳо дар як моҳи охир зиёда аз 150 нафар чунин ашхос ба қайди Вазорати корҳои дохилӣ ворид гашта, нисбати онҳо чораҳои қонунӣ андешида шуда истодааст.

Бинобар ин, барои пешгирии чунин қонуншиканиҳо тамоми шаҳрвандоне, ки ба назди фолбинону ҷодугарон мераванд, онҳо низ ба Шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ даъват гардида, нисбаташон мавод тартиб дода шуда, дар махзанҳои ВКД бо расмҳояшон гузошта мешаванд”.

Ёдовар мешавем, ки бино ба тағйироти нав, ки моҳи июни имсол ба моддаи 482-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон ворид гардид, барои машғул шудан ба фолбинӣ ва ҷодугарӣ нисбат ба шахсони воқеӣ ҷарима ба андозаи аз 80 то 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё ҳабси маъмурӣ ба мӯҳлати аз 10 то 15 шабонарӯз таъин мегардид.

Дар сурати такроран содир кардани ин амал, давоми як соли пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ, нисбат ба фолбинҳо парвандаи ҷиноятӣ оғоз мешавад. Онҳоро ҷарима ба андозаи аз ҳазору 500 то 2 ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрумият аз озодӣ ба мӯҳлати аз як то ду сол таҳдид менамояд.

Албатта мубориза алайҳи фолбинону ҷодугарону муллоҳои ҷинбарор хуб аст, зеро онҳо на фолбинанду на ҷодугар, вале метарсам, ки ин мубориза зидди ситорашиносону экстрасенсҳо идома наёбад. Ҳамон тавре ки вақте ба мо “ҷодугару фолбин” мегӯянд, аввал симои лӯлӣ пеши назарамон меояд.

Мо хушбахтона на Вангаи машҳур доштем, ки бо пешгӯиҳояш лоиқи таҳсин шуда бошад ва на Сергей Аграновский, ки гуфтугӯи шахси зиндаро бо гузаштагонаш ба намоиш гузошта бошад.

Вале мо Анвар Исомиддинови маъруф доштем, ки замоне бо табобат чандин бемори аз ҷиҳати рӯҳӣ осебдида вирди забон шуда буданд.

Нашавад, ки мо дар қатори ҷодугарони қаторӣ, ки бо сӯзану тӯмор ҳаёти шаҳрвандони одиро талх мекунанд ва ё фолбинҳои сафсаттафурӯш, ситорашиносону экстрасенсҳои соҳибмаълумотро ворид кунем.

Ман аз ин қиёс метарсам.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь