Аз 12 то 16 октябр ҳайати дувоздаҳнафараи Иттифоқи журналистони Ӯзбекитон бо сарварии раиси он Олимҷон Усаров  меҳмони Тоҷикистон мегарданд. Сафари ҳайати бонуфузи Иттифоқи журналистони Ӯзбекистон аз вилояти Суғд оғоз ёфта, дар шаҳрҳои Душанбеву Турсунзода,  Нораку Данғара ва Панҷакент  идома меёбад.

– Ҳамкасбони мо дар доираи ин сафар бо дастовардҳои кишвари мо дар солҳои истиқлоли давлатӣ ошно гардида, бо ҳамкасбони худ дар толори Академияи ВАО вомехӯранд, – мегуяд раиси иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатуллоҳ  Исмоилзода.

Ба гуфти Зинатуллоҳ Исмоилзода, рӯзи аввли сафар дар вилояти Суғд меҳмонон аз Кохи матбуот ва идораи телевизиион ва радиои вилояти Суғд боздид намуда, бо ҳампешагони худ мулоқот мекунанд. Сипас онҳо ба минтақаи озоди иқтисодии Суғд рафта, бо корхонаҳои нави  саноатӣ  ошно  мегарданд.  Инчунин  журналистони ӯзбекистонӣ  ба шаҳри Гулистон сафар мекунанд ва бо навгониҳои шаҳри соҳили “Баҳри тоҷик” шинос мешаванд.

Дар баробари  силсилаи дидору боздидҳо аз минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ журналистони ду кишвар  масоили табодули таҷриба, такмили ихтисоси кормандони ВАО ва дурнамои ҳамкориҳоро баррасӣ хоҳанд кард. Сафари ҳайати Иттифоқи журналистони Ӯзбекистон, ки то 16 октябр идома меёбад, бо ташаббуси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳрҳои Душанбеву Тунсунзода амалӣ мешавад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь