Дар Душанбе семинари омузиши дар мавзӯи «Нақши журналистика ва хадамотхои матбуотӣ дар давраи пандемияи COVID-19» дар доираи «Лоиҳаи фавқулоддаи муқовимат ба вируси COVID-19 дар Тоҷикистон” (TEC-19), ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Бонки Чаҳонӣ амалӣ карда мешавад, барпо гардид.

Дар суханронии худ ба хабарнигорон Менеҷери лоиҳаи TEC-19, Роҳбари Гурӯҳи татбиқи Лоиҳа Ҷамшед Каримов гуфт: «Пандемияи COVID-19 оқибатҳои вазнини на камтар аз паҳншавии худи беморӣ  меорад. Бӯҳрони бар асари сар задани ин беморӣ ба амал омада тақрибан тамоми соҳаҳои ҷомеа ва тамоми қишрҳои аҳолӣ, аз ҷумла оилаҳои камбизоатро фаро гирифтааст, ки аз таъсири бӯҳрон ба саломатӣ ва вазъи молиявии худ бори вазнин бар душ гирифтанд. Дар сурати ҳалли дуруст наефтани он, бӯҳрони иҷтимоӣ, ки дар натиҷаи пандемияи COVID-19 ба вуҷуд омадааст, метавонад ба мушкилоти ҷиддӣ оварда расонад. Хукумати мо дарк мекунад, ки COVID ҳоло на танҳо як масъалаи тиббӣ, балки як мушкилии иҷтимоӣ низ мебошад. Ҳукумати Тоҷикистон бо кумаки Бонки Ҷаҳонӣ ба аҳолӣ барои рафъи зарба аз таъсири пандемияи марбут ба якбора боло рафтани нарххои маводхои ғизоӣ, ки дар ниҳоят ба истеъмол ва мизони ғизоии мардуми кишвар таъсир мерасонад, ба хочагихое, ки кудакони хурдсол доранд, кумаки молӣ мерасонад. То имрӯз ба 153 ҳазор оилаи камбизоат 76,5 миллион сомонӣ чун кумаки якдафъаинаи иҷтимоӣ, аз ҷумла ба 69 ҳазору 966 хонаводае, ки кӯдакони то 3 сола доранд, дар марҳилаи аввал 34 983 000 сомонӣ ва ба 83 ҳазору 183 хонаводаи кӯдакдор дар мархалаи сони 41 591 500  сомони кумакпули дода шудааст. Ҷомеаи ВАО пайванди муҳим байни давлат ва мардум мебошад, ва мо аз Шумо хоҳиш дорем, ки оиди COVID-19, ошкор намудани паҳлӯҳои иҷтимоии пандемия, масъалаҳои ваксинатсия ва хатарҳои марбут ба ин беморӣ сари вақт ва дуруст маълумот диҳед, зеро рад кардани ваксинаҳо на танҳо ба саломатии шахс, балки дар маҷмӯъ ба ҷомеа таъсир мерасонад.

Файзалӣ Саидзода, Директори генералии Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактикаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, оиди вазъи ваксинатсия кишвар муфассал таҳлил намуд. Вай дар бораи рафти иҷрои Нақшаи эмкунӣ бар зидди COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар бораи мушкилот ва мушкилот дар роҳи маъракаи эмгузаронӣ ҳарф зада, ба саволҳои рӯзноманигорон посух дод.

Дар давоми ду рӯзи семинар намояндагони расонаҳо ва хадамоти матбуотии шаҳри Душанбе ва минтақаҳои водии Рашт чамь омаданд. Иштирокчиён масоили рушди журналистика дар Тоҷикистон дар давраи пандемияи COVID-19 ва робитахоро бо хадамотхои матбуоти,  дар бораи хатари инфодемия, усулҳои тадкиқи маълумот, хусусиятҳои пешниҳоди маълумот дар бораи сирояти коронавирус бо назардошти жанр ва чӣ гуна ба даст овардани маълумоти дақиқ аз манбаъҳои расмӣ тавассути ҳамкорӣ бо котибони матбуот баррасӣ намуданд. Мавзӯхои эпидемиология ва роҳҳои пешгирии сирояти коронавирус дар ҷаҳон ва Тоҷикистон, тафсири дурусти нишондодҳои омории COVID-19, рафтори инсон дар давраи бӯҳрон бо назардошти ҷанбаҳои равонии инфодемия ва стресс, дастгирии иҷтимоию равонии ахолй ва гайра низ мавриди тахлил карор гирифтанд.

Рохбари АТТ Рустам Турсунов натиҷаҳои семинарро ҷамъбаст намуда, рисолати кормандони ВАО ва платформаҳои иҷтимоиро дар давраи пандемия таъкид намуд ва таъсири расонаҳоро дар ифшои оқибатҳои вазнини сироят ва ташаккули шуурнокии шахрвандонро нисбати эхсос кардани хавфи  сирояти вазнин дар микьеси тамоми сайёра қайд намуд. У бо акидаи Рохбари  Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ  Тедрос Гебрейсиус изҳори ҳамраъйӣ кард, ки пандемияи коронавирус хатари «инфодемия»-ро ошкор кардааст, ва вақте ки шаҳрвандон бо маълумоти бардурӯғ дар бораи сироятҳо гумроҳ мешаванд,  ин ба мубориза бо COVID-19 халал мерасонад. Рустам Турсунов аз рӯзноманигорон ва котибони матбуот даъват кард, ки рисолати касбии худро бо камоли масъулият иҷро намуда, ба аҳолӣ танҳо маълумоти эътимоднок, бегараз ва саривақтӣ расонанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь