Шаби 19-уми марти соли равон дар баъзе аз  шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон жола ва барф борид. Бориши жола ба зироати  кишоварзӣ ба ҳосили дарахтони мевадиҳанда  зарари зиёд расонд.

Шаби гузашта дар ноҳияи Кӯшониёни  вилояти Хатлон баъд аз раду барқ жола рехт, ки ҳатто роҳҳои мошингардро сафед кард. Сокинони ин ноҳия бо гузоштани аксҳо аз жола гуфтанд, ки ин офати табиӣ ба ҳосили зардолу, ангур ва дигар дарахтони мевадиҳанда зарар расонд.

Ҳамчунин, сокинони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин аз боридани барф дар арафаи ҷашни Наврӯз дар ноҳияи баландкӯҳи вилояти Хатлон хабар доданд.

Коршиносони соҳаи кишоварзӣ гуфтанд, ки солҳо боз дар вилояти Хатлон чунин жоларо надида буданд. Ба ақидаи онҳо ин офати табиӣ ба кишти зироати кишоварзӣ ва ҳосили дарахтон зарари худро мерасонанду  дарахтон кам ҳосил медиҳанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь