Раиси Думаи давлатии Федератсияи Русия Вячеслав Володин гуфт, ки раҳбари Ҳизби Либерал-демократии Русия Владимир Жириновский баъд аз бемории вазнин ва тӯлонӣ даргузашт.

«Пас аз бемории вазнин ва тӯлонӣ Владимир Волфович Жириновский даргузашт. Сиёсатмадори дурахшон, боистеъдод, марде, ки чӣ тавр сохта шудани дунёро чуқур мефаҳмид ва бисёр чизҳоро пешгӯӣ мекард. Раҳбари фраксияи ҲЛДР дар Думаи давлатӣ. Ӯ ҳамеша аз ҳодисот бохабар буд. Шахсияти ӯ чунон васеъмиқёс аст, ки бидуни ӯ таърихи рушди системаи сиёсии Русияи муосирро тасаввур кардан душвор аст», – навиштааст Володин дар канали Telegram-и худ.

Намояндагони Думаи давлатии Русия ба хотири Жириновский як дақиқа хомӯш истоданд.

Гуфта мешавад, ки Владимир Жириновский баъд аз бемории тӯлонӣ бар асари коронавирус дар синни 75-солагӣ натавонист, ки дигар зиндагиро идома диҳад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь