Намояндаи ҷунбиши “Толибон” Забеҳулло Муҷоҳид дар саҳифаи хусусии Twitter изҳороте пахш намудааст, ки мувофиқи он дар ояндаи наздик Афғонистон ва Ӯзбекистон дар мавриди тавсеаи ҳамкориҳо харитаи роҳ таҳия хоҳанд кард.
Вай афзудааст, ки ҷонибҳо дар ин бора зимни мулоқоташон дар Тирмиз ба чунин мувофиқа расидаанд. Забеҳулло Муҷоҳид дар идома тазаккур додаааст, ки зимни гуфтушуниди Тирмиз ҳарду ҷониб гурӯҳҳои кории худро низ ташаккул доданд. Ин гурӯҳҳои корӣ масъалаҳои мубрамро баррасӣ мекунанд ва ба роҳбарони худ ҷиҳати иқдомоти навбатӣ пешниҳодҳояшонро ироа месозанд.
16 октябр иҷрокунандаи мақоми ҷонишини раҳбари ҳукумати муваққати Афғонистон Абдулсалом Ҳанафӣ ба Тирмиз омадааст, то ки дар гуфтушуниди қаблан ба нақша гирифташуда ширкат намояд, ки бо ҳайати ҷониби Ӯзбекистон анҷом додааст. Ин ҳайатро ҷонишини сарвазир, вазири инвеститсия ва тиҷорати берунаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Сардор Умурзоқов раҳбарӣ мекунад.
Дар бораи ин мулоқот ҷонибҳо ҳанӯз 7 октябр, зимни ташрифи вазири хориҷаи Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов ба Кобул тавофуқ кардаанд. Гуфта мешавад, он вақт зимни мулоқот бо намояндагони ҳукумати муваққати Афғонистон муштаракан ба чунин натиҷа расидаанд, ки 15 октябр гуфтушунид роҳандозӣ хоҳад шуд.
Ёдовар мешавем, ки баъди суқути ҳукумати Ашраф Ғанӣ ва фирори шармандавори вай аз Афғонистон ба хориҷа ҳукумати Афғонистон ба дасти намояндагони ҷунбиши “Толибон” гузашт.
Ҳукумати муваққати “Толибон” дар айни ҳол талош ба харҷ медиҳад, ки бо Ӯзбекистон робитаҳояшро дар самтҳои гуногун беш аз пеш тавсеа бахшад.
То ин замон ҷониби Ӯзбекистон барои мардуми Афғонистон қатори ҳомили кумакҳои башардӯстонаро фиристодааст. Ин қатор аз маводи ғазоӣ ва сохтумонӣ иборат буд.
Акнун намояндагии Комиссариати олии СММ дар умури паноҳандагон тасмим гирифтааст, ки аз тариқи хоки Ӯзбекистон ба Афғонистон кумакҳои башардӯстона интиқол медиҳад.
То ин замон 96 тонна маводи башардӯстона ба шаҳри Тирмизи Ӯзбекистон интиқол ёфтааст, ки гуфта мешавад, маркази луҷистикии “Termez Cargo Centre” то замони интиқол онро нигоҳ медорад. Ин мавод аз кампалҳо, хаймаҳо ва зарфҳои палостикии ошхона иборат мебошанд.
Мирасрор Аҳроров,
хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд