Бори нахуст шаҳри Тошканд дар Осиёи Марказӣ аввалин шуда  веломарафони кӯдаконро роҳандозӣ кард. Ин чорабинӣ бахшида ба 1-июн-Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон баргузор гардид.

Муассиси ин веломарафонро вазоратҳои таълими томактабӣ, туризм ва варзиш, Федератсияи велосипедронии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, бахши тошкандии Созмони амният ва ҳамкории Аврупо бар дӯш доштанд.

– Ин веломарафон таҳти унвони “Қадами сабз – ба оянда” гузашт. Баргузории чунин марафонҳо мусоидат хоҳанд кард, ки кӯдакон низ ба тарзи ҳаёти солим шавқу рағбат пайдо кунанд, – гуфт ба мухбири “Фараж” масъули дафтари матбуоти Вазорати таълими томактабии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Мавлуда Асқархӯҷаева.

Дар ин замина Федератсияи велосипедронии Ӯзбекистон эълон кард, ки тадриҷан тамоми муассисаҳои таълими томактабии ин кишвар бо дучархаҳои мувозин таъмин карда мешаванд.

Дар ин веломарафон 65 кӯдаки синни то 6-сола ширкат карданд. Гуфта шуд, ки Ҳукумати ин ҷумҳурӣ  ба тарбияи экологӣ, ҷисмонӣ ва ҷалби кӯдакон ба варзиш таваҷҷӯҳи вижа зоҳир мекунад.

Дар поёни веломарафон кӯдакон бо медалҳо ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сазовор гардиданд. Баъд онҳо аз тамошои барномаҳои тафреҳии шавқовар низ баҳраманд шуданд.

Мирасрор Аҳроров,

мухбири “Фараж”, шаҳри Тошканд

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь