Абдуқодир Тошқулов, ки ба тозагӣ аз ҷониби президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба вазифаи вазири таҳсилоти олӣ ва миёнаи махсус тайин шуд, гуфтааст, ки таассуроти се рӯзи аввали кор дар ин вазорат вайро ҳаргиз қаноатманд намесозад. Дар ин бора дафтари матбуоти вазорат дар саҳифаи шабакаи интернетии худ навиштааст.

– Дар ин ҷо касе ташаббускорӣ намекунад, зеро тартиби кор дуруст ташкил нашудааст. Захираҳои инсонӣ нодуруст идора мешаванд. Ходимон аз ҷиҳати равонӣ ва ҷисмонӣ хаста шудаанд. Чунин ба назар мерасад, ки онҳо ба оила ва тарбияи фарзандони худ расидагӣ намекунанд. Дар ҷое, ки озод кор кардан ва фикрронӣ нест, барои истироҳат шароит фароҳам оварда нашудааст, натиҷаи кори босамарро талаб кардан имконнопазир мегардад, – гуфтааст Абдуқодир Тошқулов.

Бино ба дафтари матбуоти вазорати таҳсилоти олӣ ва миёнаи махсус сарпарасти нави он аз фаъолияти баъзе сохторҳои ин ниҳод ибрози норизоӣ кардааст ва гуфтааст, ки он мувофиқи талаби замонааш нест. Барои ҳамин минбаъд фаъолияти ин сохторҳо мунтазам мониторинг карда мешавад ва мутахассисони хуб қадрдонӣ, вале шартномаи онҳое, ки аз ӯҳдаи иҷрои кори худ намебароянд, бекор карда мешавад.

– Ман аз фаъолияти дафтари матбуоти идораамон низ қаноат ҳосил накардам, -гуфтааст Абдуқодир Тошқулов. – Дафтари матбуот бояд оинаи вазорат бошад. Асри мо асри босуръати кор аст. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ оид ба соҳаҳои мухталифи кор маводи танқидӣ бояд нашр кард, на ба ҳайси тамошобин ва бидуни вокуниш ин ҷо нишаст,-эътироз намудааст вазир.

Вай дар пайи ин гуфтаҳои худ тақозо намудааст, ки ба коғазбозиҳои беҳуда хотима гузоранд, баҳудаву беҳуда маҷлисбозӣ накунанд, ба кору вазифаашон бо эҳсоси масъулият муносибат намоянд.

Абдуқодир Тошқулов аз адами шароит барои профессорҳо-устодони макотиби олӣ ибрози нигаронӣ карда, афзудааст, ки шунидани ҳарфу дарди роҳбарони он аз вазифаҳои муҳими ӯ хоҳанд буд.

Ёдовар мешавем, ки бо амри президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев собиқ ректори Донишгоҳи давлатии Тирмиз ва узви Сенати Олий Маҷлиси Ӯзбекистон Абдуқодир Тошқулов 14 январи соли равон вазири таҳсилоти олӣ ва миёнаи махсуси ин кишвар тайин гардид.

Вай 29 августи соли 1976 дар деҳаи Пасурхии ноҳияи Бойсуни вилояти Сурхондарё зода шудааст.  Миллаташ тоҷик мебошад.

Соли 1998 факултаи молия ва қарзи Донишгоҳи давлатии Тирмизро хатм кардааст ва дар ҳамин донишгоҳ ба фаъолият оғоз намудааст. Номзади илмҳои иқтисодӣ мебошад. Абдуқодир Тошқулов узви Ҳизби либерал-демократии Ӯзбекистон аст ва дар соли 2017 ректори Донишгоҳи давлатии Тирмиз тайин шудааст.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь