Ба гуфтаи сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Орипов, ҳукуматҳои Ӯзбекистон ва Қирғизистон дар хусуси осон кардани убури марз барои сокинони ноҳияи Сӯх, ки дар анклави Қирғизистон аст, ба мувофиқа расидаанд.

Гуфта мешавад, бюрократизм яке аз мушкили сокинон ҳангоми убури марз аст. Аз ҷумла, барои сафар ба хориҷ  сокинони Сӯх бояд шиносномаи хориҷӣ дошта бошанд. Дар шиносномаи сафаракиҳо дар ҳар гузаргоҳ ва бозгашт 8 муҳр гузошта мешавад. Одамоне ҳастанд, ки дар ин марз равуои доимӣ доранд ва шиносномаи онҳо дар муддати камтар аз 1 моҳ аз чунин муҳр пур мешавад.

Барои ҳалли ин мушил 2 созишнома ба даст омадааст, ки аввалӣ илова кардани замима барои задани муҳр ба шиносномаҳои муваққатӣ аст.

Дуюм, қарор аст, дар оянда бо ID-корт (шиносномаи дохилӣ) аз марзи Қирғизистон гузаштан иҷозат дода шавад. Вуруд хуруҷи онҳо аз марз дар дастгоҳи электронӣ сабт мешавад, зарурати гузоштани муҳр дар шиноснома боқӣ намемонад. Ин система дар ҳоли таҳия аст ва интизор меравад, ки ба наздикӣ ба роҳ андохта шавад. Ба гуфтаи нахуствазир, дар ҳоли ҳозир корҳои техникӣ дар ин маврид идома доранд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь