Дар шаҳри Тирмиз, маркази маъмурии вилояти Сурхондарё, 10-11 апрел барои ба даст овардани ҷоми президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз рӯи гуштии кураш мусобиқаҳои байналмилалӣ баргузор мегардад. Ин мусобиқаҳо ба гиромидошти олим ва муҳаддиси бузурги Шарқ Ҳаким Тирмизӣ бахшида мешавад.

Ноиби аввали вазири тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Ҷумҳурии Ӯзбекистон Равшан Ирматов субҳи 8 апрел дар як нишасти хабарӣ изҳор кард, дар мусобиқаҳои гӯштии кураш то ҳол аз 30 кишвари дунё 105 нафар вакилон ба Ӯзбекистон ташриф овардаанд.

Ба таъкиди ӯ, аммо ин ҳанӯз теъдоди ниҳоӣ нест. Равшан Ирматов гуфт, бо вуҷуди дунёгиршавии коронавирус теъдоди иштирокчиёни ин мусобиқаҳои бонуфуз беш аз пеш афзоиш хоҳад ёфт, зеро федератсиюни гӯштии тарзи кураш дар 120 кишвари дунё таъсис ёфтааст ва дар ин кишварҳо борҳо мусобиқаҳои байналмилалии кураш роҳандозӣ шудаанд.

– Ин бор мизбонии ин мусобиқаи бонуфузро боз шаҳри қадимии Тирмиз бар ӯҳда дорад. Дар ҳар ду сол як маротиба  он барпо мегардад. Мусобиқаҳои кураш дар варзишгоҳи Алпомиши шаҳри Тирмиз баргузор мешаванд. Алакай паҳлавонони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва мамолики дигари ҷаҳон машқу тамринҳоро дар Тирмиз ба роҳ мондаанд. Онҳо дар вазнҳои гуногун барои ба даст овардани ҷоми президенти Ӯзбекистон байниҳам қувваозмоӣ хоҳанд кард,-гуфт Равшан Ирматов.

Вай афзуд, ки дар ин рӯзҳо аъзои гурӯҳи кории Вазорати тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ҳамчунин Федератсиюни Кураш дар шаҳри Тирмиз корҳои омодагириро вусъат бахшидаанд. Ба гуфтаи Равшан Ирматов мусобиқаҳо аз рӯи гӯштии кураш соли сиввум аст, ки дар Ӯзбекистон баргузор мегарданд.

Ногуфта намонад, ки дар мусобиқаҳои кураши шаҳри Тирмиз дар 10 вазн мардҳо ва занҳо ширкат мекунанд. Қаҳрамони мутлақи ин мусобиқа соҳиби 100 миллион сӯм ё муодули 10 ҳазор доллари амрикоӣ хоҳад шуд.

Уйғун Умаров-аз дастандаркорони дигари  ин мусобиқа иброз дошт, ки ба мусобиқаҳо 10 апрел старт дода мешавад ва он шоми рӯзи 11 апрел ба анҷом мерасад. Ғолибон дар баробари ахзи маблағҳо ба миқдори дуним ҳазор долларӣ, ҳамчунин соҳиби мукофотҳои хотиравӣ низ хоҳанд шуд.

– Аз 105 нафар вакиле, ки аз соири кишварҳои ҷаҳон ба Ӯзбекистон ташриф овардаанд, дар айни ҳол 75 нафар бевосита ба майдони сабқат хоҳанд баромад. Теъдоди умумии иштирокчиёни ин мусобиқа бо паҳлавонони дохилӣ 150 нафарро ташкил хоҳад кард. Дар миёни онҳо паҳлавонони кишвари ҳамҷавори Тоҷикистон низ ҳузур доранд, ки қаблан низ дар мусобиқаҳои мо ширкат кардаанд ва сазовори ҷойҳои ифтихорӣ шудаанд,-гуфт Уйғун Умаров.

Соҳил Аҳмад аз кишвари Бангладеш барои ширкат дар ин мусобиқаҳо омадааст. Вай мегӯяд, дар чунин шароити ногувор ва дунёгиршавии бемории куруно ташкил намудани ин гуна мусобиқаи байналмилалӣ аҳамияти калонро молик мебошад.

-Дар Бангладеш аз рӯи кураш мусобиқаҳо баргузор мешаванд. Ҳоло паҳлавонони мо низ ба ин ҷо ташриф овардаанд ва ҳунари худро намоиш хоҳанд дод,-изҳор кард Соҳил Аҳмад.

Интизор меравад, ки меҳмонони ин мусобиқа 9 апрел аз шаҳри Тошканд озими шаҳри Тирмиз мешаванд. Дар ин мусобиқаҳо мухбири “Фараж” низ ширкат ва аз дастовардҳои паҳлавонони тоҷик барои муштариён гузоришҳо ироа хоҳад кард.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь