Дар арафаи сафари нахуствазири Маҷористон Виктор Орбан ба Тошканд сухангӯи президенти Ӯзбекистон Шерзод Асадов бори нахуст дар назди журналистони дохилӣ ва хориҷӣ ҳозир шуд. Вай гуфт, ки яке аз афзалиятҳои асосии ислоҳоти васеъмиқёси президент Шавкат Мирзиёев кушодии мақомоти давлатӣ ва озодии сухан дар ҷомеаи кишвараш мебошад. 

– Минбаъд бар асоси ин сиёсати шаффоф мо мунтазам дар ин шакл мулоқот хоҳем кард. Ҳадаф аз мулоқоти имрӯза ироа кардани маълумот дар бораи чорабиниҳои расмии байналмилалӣ бо ширкати президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ин ҳафта мебошад, – изҳор кард Шерзод Асадов.

Вай афзуд, ки 29 март ба кишвараш бо сафари расмӣ ҳайати Маҷористон таҳти раёсати нахуствазири ин кишвар Виктор Орбан меоянд. Ба гуфтаи Шерзод Асадов дидору гуфтушунидҳои президент Мирзиёев бо ҳайати Маҷористон 30 март дар бӯстонсарои Кӯксарой ба вуқӯъ мепайванданд.

– Дар ин дидору гуфтушунид масъалаҳои рушди ҳамкориҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, инвеститсионӣ, молиявӣ-фаннӣ ва фарҳангӣ-башардӯстона баррасӣ мегарданд, – гуфт сухангӯи президенти Ӯзбекистон.

Ба таъкиди Шерзод Асадов интизориҳои асосӣ аз натиҷаҳои музокирот тавсеаи муносибатҳои Ӯзбекистону Маҷористон дар сатҳи сифатан нави шарикӣ мебошад.

– Маҷористон яке аз ҳамкорони муҳими Ӯзбекистон дар фазои Иттиҳоди Аврупо мебошад. Кишварҳои мо ҳамкориҳои гуногунҷабҳаи амалиро анҷом медиҳанд ва муколамаро дар бобати вусъат додани ин ҳамкориҳо беш аз пеш идома медиҳанд, – изҳор кард Шерзод Асадов.

Ба гуфтаи сухангӯи президенти Ӯзбекистон табодули моли миёни ду кишвар дар чаҳор соли охир се маротиба афзудааст. Соли гузашта, бо вуҷуди ҷахонгир шудани коронавирус ҷиҳати рушди ҳаҷми табодули мол ҳарду ҷониб ба даствовардҳо ноил шудаанд.

Гуфта шуд, ки бечунучаро, натиҷаҳои мавҷуда бо иқтидори имкониятҳое, ки мавҷуданд, ҳаргиз мутобиқат намекунанд. Аз ин лиҳоз, афзоиши минбаъдаи гардиши савдо яке аз мавзӯҳои асосии рӯзномаи сафари мазкур мебошад. Ҳамчунин ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун бо дарназардошти имкониятҳо дар саноат, кишоварзӣ ва хоҷагии об, дорушиносӣ ва сайёҳӣ бояд беш аз пеш тавсеа ёбанд.

– Имрӯз дар шаҳри Тошканд ҷаласаи нахустини шӯрои доираҳои кории Ӯзбекистон ва Маҷористон мегузарад. Дар он бештар аз 40 роҳбари ширкатҳои бузург ва сохторҳои молиявӣ иштирок мекунанд. Ин ширкату сохторҳои молиявии ОТП-Банк, Эксимбанк, “Гедеон Рихтер”, “Хунбас”, “Витафорт”, “Медитоп”, “Хевеш-геп” ва амсоли он ҳастанд, – гуфт Шерзод Асадов.

Вай тазаккур дод, ки аз Маҷористон як гурӯҳи коршиносони варзидаи соҳаи модернизатсияи иқтисодиёт ва такмил додани  соҳаи иҷтимоӣ, индустриякунонии соҳаи кишоварзӣ ва афзоиши содирот низ меоянд.

Интизор меравад, ки дар дидору гуфтушунидҳо ҳудуди 10 ҳуҷҷати ҳамкорӣ дар масъалаҳои иқтисодӣ, барқ, таълим, фарҳанг, ҳамкориҳои минтақавӣ ва шуғл ба имзо мерасанд. Ин боздид 31-уми март ба охир мерасад.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь